Насиҳат гӯш кун ҷоно…

Резаи нонро маяфкан зери пой

№9 (4115) 16.01.2020

Бисёриҳо солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро дар ёд доранд. Он айём сокинони мамлакат барои дастрас кардани нон дар дӯкону корхонаҳои нонпазӣ соатҳо навбат мепоиданд. Чандин нафар зимни навбатпоӣ маъюб ва иддае бемор гардиданд. Шукри Худо, чунин мушкилот паси сар шуданд. Имрӯз нонҳои гарму хушбӯйро дар дӯкону бозор ва нонвойхонаҳо дида, шукри тинҷию осудагӣ ва фаровонӣ мекунем.

Мутаассифона, ҳоло ҳам дар ҷомеа шахсоне ёфт мешаванд, ки ба ин неъмати бебаҳо беэҳтиромӣ зоҳир менамоянд. Дар роҳу  назди иморатҳо ва ҳатто партовгоҳ  пораи нони нимгазидаро дида, айёми пуртаҳлукаи ҷанги шаҳрвандӣ пеши назар меояд. Маълум аст, ки ин гунаҳо сер шуда, гузаштаро фаромӯш кардаанд. Мебояд калонсолон ба насли наврас аз он солҳои мудҳиш ёдовар шаванд ва расидан ба қадри нонро таъкид намоянд. Фаридуддин Аттори Нишопурӣ дар ин хусус фармудааст:

Резаи нонро маяфкан зери пой,

Гар ҳамехоҳӣ ту неъмат аз Худой.

Нақл мекунанд, ки савдогаре баъди сафари бебарор хоби даҳшатнок дида, хотирпарешон шуд. Бо мақсади пурсидани таъбири хоб наз­ди донишманде рафт. Донишманд баъди шунидани хоби савдогар ба ӯ гуфт: — Агар ризқу рӯзиатро зери пой кунӣ, бидон, ки давлату сарватат пурра завол меёбад.

Аз байн чанд муддат гузашт. Рӯзе савдогар зимни сафар дар болои шутур нон мехӯрд, ки ногоҳ мағзи нон ба замин афтод. Гуфтаи донишманд ба хотираш омад, ки ризқи ӯ дар ҳамон пораи нон асту бояд онро зери пой накунад. Аз шутур фуруд омада, ҳарчанд мағзи нонро ҷустуҷӯ кард, наёфт. Ғамгин шуд ва бо мақсади он ки касе мағзи нонро зер накунад, атрофи он ҷойро санг чида, девор кард. Роҳгузарон «дар ин мавзеъ эҳтимол шахси муътабаре дафн шуда бошад»,- гӯён бо мақсади гирифтани савоб ба шинонидани ниҳолу дарахту бутта пардохтанд.

Аз байн чанд сол гузашту савдогар боз аз ҳамон  мавзеъ гузар намуд. Дид, ки он ҷо ба боғу бӯстон  табдил ёфтааст. Қарор дод, ки дар ин ҷойи обод корвонсарое созад. Мусофирони дуру наздик зимни сафарҳои тиҷоратӣ дар ин корвонсарой истироҳат карда, ба савдогар маблағи муайян медоданд. Ҳеҷ кас ба ҷуз савдогар аз таърихи  ин макон хабар надошт. Соҳиби корвонсарой бошад, дар дил шукрона карда мегуфт:

- Ба шарофати эҳтироми нонреза ризқи гумкардаамро ёфтам.

Имрӯз баъзеҳо нони каме  обаш паридаро «сахт шуд» — гӯён ба сатили партов мегузоранд. Ё онро намнок нигоҳ медоранд, ки дар натиҷа мағор мебандад. Ҳол он ки нони каме обаш паридаро  бурида, нағз хушк карда, бо шӯрбо ё дигар ғизо истеъмол намудан мумкин аст.

Нонро беҳуда «шоҳи дастурхон» нагуфтаанд. Агар рӯи суфра тамоми ғизоҳои лазиз муҳайё бошаду нон набошад, меҳмондории соҳибхона ба қавле «як пул» мешавад. Барои то ба рӯи дастурхон омадани нони гарм чандин нафар, аз деҳқон то даравгару осиёбон ва нонвой, заҳмат мекашанд. Бояд ба қадри заҳмати онҳо расида, нагузорем, ки нонреза ба зери пой афтад. Ба қавли устод Мирзо Турсунзода:

Аз замин нонрезаҳоро чида, мемолам ба чашм,

Нони гарми меҳнатиро дида, мемолам ба чашм.

 

 

Мунира УМАРОВА, омӯзгори МТМУ №9-и ноҳияи Рӯдакӣ