Сӣ соли пур зи ганҷ

№1-5 (4263-4264) 01.01.2021

(Ба сивумин солрӯзи нашри нахустин шумораи рӯзномаи «Садои мардум»)

 Як рӯзнома аст, сӣ соли бардавом

Аз номи халқи мо гӯяд сухан мудом.

Сӣ солнома аст, пайку паёми халқ,

Сӣ ҳолнома аст, аз субҳу шоми халқ.

Сӣ сол, сӣ баҳор,

Сӣ турна дар шумор.

Сӣ боғи пур зи бор.

Сӣ нақши пурнигор.

 

Як рӯзнома аст, аз рӯзгори мост,

Аз обу оташу хоку шарори мост.

Як рӯзнома аст, чашми чароғи мост,

Чун лола машъал аст, дар саҳни боғи мост.

Як рӯзнома аст, он ки «Садо»-и мост,

Он ки «Садо»-и мост, аз синаҳои мост.

 

Як рӯзнома аст, чун мавҷи зиндагист,

Чун боли рӯзҳо дар авҷи зиндагист.

Мисли кабӯтар аст, пайғом мебарад,

Бе ишқи донаву бе дом мебарад.

 

Як рӯзнома аст, он ки барои халқ,

Чун шӯъла равшан аст, андар сарои халқ.

Дар сатр-сатри он армони дил ниҳон,

Бедорӣ оварад ҳар вожагони он.

Бедорӣ оварад моро ба хонадон,

Чун ишқи зиндагӣ, бо пайки парлумон.

 

Як рӯзнома аст, сӣ соли бардавом,

Бинмуда ҳар саҳар бо ишқи мо қиём.

Озода халқи мост, озоду арҷманд,

Инак «Садо»-и ӯ сӣ сола шуд баланд.

Сӣ соли пур зи ранҷ,

Сӣ соли пур зи ганҷ.

Сӣ соли нангу ном,

Сӣ ишқ вассалом!

ВОРИС, «Садои мардум»