Саҳми ориф дар тамаддуни ҷаҳонӣ

№113 (3414) 24.08.2015

Хамадон копияЧанде пеш дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии мутафаккир, шоир ва орифи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Дар оғоз директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки омӯзиши шахсият ва пажӯҳиши даврони зиндагии мутафаккирро метавон ба се давра ҷудо кард. Давраи аввал аз замони зиндагии ӯ то ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта, давраи дуюм тадқиқотҳои даврони шӯравӣ ва сеюм пажӯҳишҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ба андешаи номбурда, ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ барои тақвият додани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дар замири насли имрӯза парвариш намудани эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Сипас, дар ин ҳамоиши илмӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Мулоаҳмад дар мавзӯи «Андешаҳои инсондӯстии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» суханронӣ намуд. Ба назари ӯ дар осори шоир хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва  покизагии ахлоқ зиёд вомехӯранд. Ҳадафи асосии ин ориф бузургдошт, парвариш ва такмили инсон аст, ки ин на танҳо барои мо, балки барои ҷаҳониён хеле зарур аст. Дар ҳамоиш зикр шуд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ду забон — форсӣ ва арабӣ ва дар шакли насрӣ ва назмӣ асарҳо офаридааст.

Доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов оид ба «Фарҳанги замони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» суханронӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои шуҳрату эътибор пайдо кардани мутафаккир дар ҷомеаи Ҳинду Кашмир дар марҳилаи нав эҳё кардани касбу ҳунарҳо мебошад. Алии Ҳамадонӣ зимни сафараш  ба Кашмир аз Машҳад, Марв, Саразм, Самарқанд, Бухоро, Ҳирот бузургтарин намояндаҳои касбу ҳунарҳоро бо худ мегирад. Аз ҷумла дар тарвиҷи навъҳои хаттотӣ, наққошӣ, ҳаккокӣ, санъати шолбофӣ, китоббарорӣ, коркарди сангҳо дар Кашмири Ҳиндустон то давраи Бобуриҳо нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барҷаста аст.

Номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Иқболи Лоҳурӣ» суханронӣ намуда, атрофи ҳаёту фаъолияти ин мутафаккир ва алломаи бузург қисса намуда, нақши асарҳои ӯро дар тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ кард. Номбурда иброз дошт, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз чеҳраҳои маъруфи илму адаби тоҷику форс аст, ки Иқболи Лоҳурӣ аз вай дар осораш ишора кардааст ва бо ӯ ба гуфтугӯ нишастааст. Ба ибораи дигар, Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар Эрон таваллуд шудаву дар Кашмир зиставу дар Тоҷикистон ба хоби абадӣ рафтааст, яке аз симоҳои таъсиргузор дар андешаву тафаккури Иқбол будааст ва онро метавон дар осораш равшан мушоҳида кард.

Дар ҳамоиш «Феҳристи осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» муаррифӣ гардид. Яке аз мураттибони китоб номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар хусуси таҳия ва нашри китоб ба ҳозирин маълумот дода, нашри мазкурро ба донишҷӯёну омӯзгорон ва муҳаққиқон ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ муҳим хонд.

Х.Шарипов, «Садои мардум»