Ибодат ва фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон

Садақаи бемаврид боиси ривоҷи бозори ҳавохоҳони пули муфт мегардад

№62 (4012) 30.05.2019

1d16cdeaa3a0b1ab03ada01f39dd3e57Дар фарҳангу адаби динӣ моҳи шарифи Рамазон, ки мутобиқи маорифи қуръонӣ арзиши ибодати як шаби он (манзур ибодат дар шаби Қадр) аз ҳазор шаби ибодат беҳтар аст, ҳамчун моҳи махсуси ибодат ва фаъолиятҳои хайрхоҳона шинохта шудааст.

Ибодат муҳимтарин фазилати ин моҳ ба шумор меравад. Тибқи меъёрҳои шинохти маорифи динӣ, инсон барои ибодат офарида шудааст ва дар ҳар рукни ибодат ҷанбаи маърифат ниҳон аст. Ибодат дар мафҳуми васеътар ба доираи фаъолиятҳои созанда ва фароянди муносибатҳои хубу оқилонаи иҷтимоие далолат мекунад, ки барои камолоти ахлоқии фарду ҷомеа ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист шароит фароҳам меоварад. Бинобар ин, шинохти ҷавҳари маънавии ибодат ба ибодатгар имконият медиҳад, ки маънӣ ва моҳияти амалиро бишиносад ва асари онро дар зиндагӣ бубинад. Барои мисол, дар фарҳанги динӣ намоз барои аҳли имон фарз шудааст, зеро дар батни ибодат муҳимтарин масъалаи иҷтимоӣ – тарбият ва ислоҳи ахлоқии инсон матраҳ шудааст ва матлаб ба таври равшан дар пайғоми зайли қуръонӣ «Намозро бар по доред, зеро намоз инсонро аз корҳои зишту нописанд бозмедорад» (Сураи Анкабут, ояи 45) баён шудааст. Ҳамин тавр, агар ибодат тибқи муқаррарот ва пешниҳодоти маорифи динӣ қудрату имконияти аз саҳнаи зиндагӣ (пиндору гуфтору рафтор)-и шахс ё ҷомеаи намозгузор дур кардани нишонаҳои фаҳшу фасод (туҳмат, таҳқир, дурӯғ, ришвахорӣ, риёкорӣ ва ғайра)-ро надошта бошад, яқинан равиши он дар масири дурусту худописанд ҷараён намегирад. Дар ин ҳолат, метавон гуфт, ки дар кори имондории инфиродӣ ё иҷтимоӣ нуқсони қобили таваҷҷуҳ вуҷуд дорад. Пас, дар ин сурат ибодат ҷомаи риёиеро мемонад, ки фард ё ҷомеаи риёкор бар тан мекунад.

Ҳамчунин, ниёиш ба сифати фазилати дигари моҳи рӯза шинохта шудааст. Ниёиш (дуову зикр) ва ибодоти дигар дар адабу фарҳанги динӣ пояи мустаҳкам дошта, зеҳни инсонро бо иродаи кулл, ки пойгоҳи тамоми хоста, орзу ва эътиқоди шахси муъмин ба шумор меравад, пайванд медиҳад. Ин матлаб, ки сарриштаи пайванди дуҷонибаи обид ва маъбудро нигаҳ медорад, дар таъбири қуръонӣ чунин баён шудааст: «…намозро барпо дор, то ба ёди ман бошӣ» (Сураи Тоҳо, ояи 14).

Расонидани хайру саховат ба шахсони эҳтиёҷманд аз фазилатҳои дигари моҳи Рамазон ба шумор меравад. Масалан, садақа додан дар фарҳанги динӣ як кори хайру худописанд ба шумор меравад. Аммо арзишмандии ин амал ба мавқеи анҷом (шинохти дақиқ аз вазъияти аҳволи садақагиранда, яъне мустаҳақ будани он) ва моҳияти садақа (манбаи ҳалол доштани даромад) вобаста мебошад. Шинохти моҳияти ҳар амали ибодӣ барои дурусту ба мавқеъ анҷом додани он мусоидат мекунад. Дар сурати риоя нашудани шароити садақа ин кори хайр натиҷаҳои шарр ба бор меорад. Чунонки медонем, садақаи бемаврид (бидуни шинохти вазъияти садақагиранда) боиси ривоҷи бозори ҳавохоҳони пули муфт мегардад. Пири равшанзамири Балх ин матлабро чунин баён мекунад, ки агар инсон ҳуш (неруи зеҳнӣ)-и худро дар роҳи парвариши ниҳоли хуб (андешаи нек) ва ниҳоли бад (фикри бад) баробар ба кор гирад, аз парвариши ниҳоли нек самари дилхоҳ ба даст меорад, вале аз нигоҳубини хорбун ба ҷуз неши хор (зулм бар худу ба дигарон) чизе барнамедорад. Яъне, инсон бояд сармояи моддӣ ва маънавии хешро баҳри ривоҷи амали савобе (одилонае) огоҳона сарф кунад, ки натиҷаи дилхоҳе дошта бошад.

Аз нигоҳи Мавлоно, ҳар фаъолияте, ки  бидуни огоҳӣ сурат мегирад, барои такомули ахлоқӣ ва инкишофи илмии шахс ва ҷомеа манфиате надорад, зеро танҳо дар партави донишҳои муайян моҳият, ҳадафу натиҷаи корҳо шинохта шуда, самту сӯйи ҳаракати инсон мушаххас мешавад. Ӯ барои шарҳу тавзеҳи ин матлаб қиссаеро ба таври зайл нақл мекунад: Дар оғози моҳи Рамазон чанд марде барои мушаххас намудани рӯзи аввали рӯза ба дидани моҳи нав рафтанд. Марде, ки як мӯй каҷи абрӯ ба пеши чашмаш хамида буд, онро моҳ пиндошта, ба дигарон эълон мекунад, ки ӯ моҳро дидааст. Мардони дигар ба самти ишорашуда менигаранд, вале чизеро намебинанд. Роҳбари гурӯҳ ба он мард мегӯяд, ки як мӯйи каҷи абрӯ пеши нигоҳи туро гирифтааст ва ту онро моҳ пиндоштаӣ. Аз нигоҳи Мавлоно, ҳар ғаразе (фикри каҷе, нияти баде), ки дар зеҳн (қалб, дидгоҳ) падид меояд, боиси эҷоди майлу ангезаи инҳирофӣ мегардад. Агар як тори мӯйи каҷи абрӯ (як майл ё ангезаи хурд) сабаби ихтилофи назар ва дарки нодурусти воқеият мегардад, пас, чӣ умед аз вазъи касоне, ки қалбашон лабрези ғараз, кина, ҳирс, ҳасад ва дигар майлҳои носолиманд.

Моҳиятан, муҳтавои аслии барномаи баъзе умури ибодиро масъалаи ислоҳ ё такмили ахлоқи ҷомеа ташкил медиҳад. Пас, дар муносибатҳои иҷтимоии ҷомеаҳои мутадайине, ки ба таври шоиста ва огоҳона аз имконоти мавҷуди ибодии хеш истифода намекунанд, ошкоро нишонаҳои фасоди ахлоқӣ, аз қабили дурӯғгӯӣ, риёкорӣ, ришвахорӣ ва фисқу фуҷурҳои дигар мушоҳида мешаванд. Дар ҳар сурат, моро лозим аст, ки дар партави андешаҳои Мавлоно мудом сари ин масъалаи муҳим – доштани ахлоқи шоиста биандешем ва баҳри такмили он амалан кӯшиш намоем.

Олим Бухориев, муҳаққиқ