Ҷашн ва моҳияти он

Сада — ҷашни рӯшноӣ

№11 (4117) 21.01.2020

Чашни-Сада-дар-Восеъ-51-1024x576Сада ҷашни офтоб, рӯшноӣ, олами розҳои инсонӣ мебошад, ки аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон сарчашма гирифтааст. Он аз наздик шудани фасли баҳор, оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад ва марҳилаи омодагӣ ба Нав­рӯз мебошад. Ин ҷашн маҳз дар замони соҳиб­истиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон умри дубора ёфт. Ҷашни Садаро барҳақ иди замину осмон ва шоҳони номдор мегӯянд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки вожаи Сада марбут ба рақами 100 мебошад. Миёни  Сада ва Наврӯз 50 шабонарӯз, яъне 50 рӯз ва 50 шаб мебошад ва аз ин сабаб онро Сада ном ниҳодаанд. Ҷашни мазкур сад рӯз баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва 50 рӯз то Наврӯз таҷлил мешавад. Фирдавсӣ оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад.

Моҳиятан Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр, муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшанист.

Қайд кардан зарур аст, ки яке аз аркони Сада афрӯхтани гулханҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Парандаи дӯстдош­таи айёми ҷашни Сада хурӯс аст, ки мардумро аз дамидани рӯшноӣ хабар медод.

Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз замин, ки  ризқрасони марди деҳқон аст, бӯи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешавад.

Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Барзгарон бо меҳр атрофи оташи муқаддас, ки ёдгории Сада мебошад, давр зада, ба фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Хокистари гулхани ҷашни Садаро деҳқон бо умеди ҳосили босамар ба замин мепошад. Каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ боиси рӯйсурхии ӯ гардад.

Деҳқонон айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат, нуриҳои заруриро даст­рас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин, шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ чорабиниҳоро ҷиҳати беҳтар намудани сифати ғизояшон, ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи онҳо аз касалиҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд.

Дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ  бештар аз донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин ғизо  — мошкичрӣ, лӯбию нахудшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширруған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра омода мегардад. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон, хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо себ, тарбузу ангур, оро медиҳанд.

Азбаски Сада иди кишоварзон мебошад, иди касбии  олимони соҳа низ ба шумор меравад. Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди мазкур, баҳри  рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амния­ти озуқавории мамлакат ба таври пурсамар фаъолият намуда, соли сипаригашта ба дас­товардҳои зиёд ноил шуданд. Аз ҷумла, 5 навъи зироати кишоварзӣ, 2 навъи пахта, 1 навъи гандум, 2 ­навъи ҷуворимаккаи офаридаи олимони Академия минтақабоб гардиданд. Илова бар ин, ба Комиссияи давлатӣ барои санҷиш ва минтақабобкунӣ 12 навъу дурагаҳои зироати кишоварзӣ супорида шуд.

Олимони Академия дар офаридани навъҳои зироати серҳосил, доруҳои байторӣ ва тарҳрезии мошину мошино­лоти хурдҳаҷми кишоварзӣ соҳиби 19 патенту нахустпатент, 5 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ гардиданд ва 3 арзнома барои гирифтани патент пешниҳод намуданд.

Бо мақсади амалӣ гардидани супоришҳо ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар ниҳодҳои зертобеи Академия зиёда аз 2300 тонна тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ истеҳсол ва ба хоҷагидорон пешниҳод гардид. Бо иштироки олимон дар хоҷагиҳои ноҳияи Данғара зиёда аз 100 га боғ ва 5 га токзори нав, дар деҳаи «Ҳақиқат»-и деҳоти «Ғаллаобод»-и ноҳияи Хуросон 150 га боғи ангур бунёд ва дар 250 га боғ шохабурӣ, башаклдарорӣ, нуриандозӣ, хомтоккунӣ ва коркард бо заҳрхимикатҳо гузаронида шуд. Соли 2019 олимони Академия ҷиҳати бунёди боғи «Дӯстӣ» аз 11 навъи дарахти мевадиҳанда ва ангури маҳаллии тоҷикӣ дар вилоятҳои Гомел, Брест ва Могилёви Ҷумҳурии Беларус фаъолона иштирок намуданд

Аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 15 пешниҳод оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди илму истеҳсолоти кишоварзӣ, амсоли васеъ намудани кишти зироатҳои фосилавӣ, рушди соҳаи пахтапарварӣ ва парандапарварӣ, парвариши ниҳолҳои солим, ба роҳ мондани истеҳсоли ватании маводи байторӣ, мошинолоти хурди кишоварзӣ ва ғайра ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои соҳавии ҷумҳурӣ ирсол гардид.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ 15 рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя ва 28 рисолаи номзадию докторӣ омодаи дифоъ ва ба муассисаҳои илмии Академия 53 магистрант ва 33 докторант (PhD) аз ҳисоби мутахассисони ҷавон қабул гардиданд.

Ҷиҳати тарғибу татбиқи дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ  дар истеҳсолоти кишоварзӣ зиёда аз 520 кори илмӣ, аз ҷумла, 19 китоб, 36 тавсияномаву дастур ва 28 мақола дар рӯзномаҳо нашр карда шуд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Сада аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чорабиниҳо ҷиҳати тарғибу татбиқи оини ҷашнҳо, расонидани ёрии машваратию амалӣ ба хоҷагидорон доир ба омода намудани замин ба кишту кори баҳорӣ, башаклдарории дарахтон, интихоби ниҳолҳои модарӣ барои бунёди боғҳои нав, ташхис ва мубориза бо касалиҳои зараррасони дарахтони мевадиҳанда, зимис­тонгузаронии чорво ва омода намудани техникаи кишоварзӣ амалӣ гардида истодаанд.

Боиси хушнудист, ки дар доираи ҷашни Сада дар саросари ҷумҳурӣ ярмарка — фурӯши ниҳол, кӯчати гулҳо, тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва чорво бо иштироки фаъоли кишоварзону чорводорон ва боғдорон барпо мегарданд.

Тамоми сокинони ватани азизамон, махсусан, кишоварзонро, бо фарорасии ҷашни Сада табрик намуда, барояшон сиҳатмандиву барори кор орзумандем.

Нуралӣ АСОЗОДА, Давлатҷон КОМИЛЗОДА, академикҳои АИКТ