Сада

№14 (4120) 30.01.2020

Сада

Андохт яке сангу он бар сари санг омад,

Оташ ба ҷаҳон пайдо аз даври Ҳушанг омад.

Даврони дигар бахшид он оташи афрӯзон,

Ҷашни Сада з-он айём ин гуна ба ранг омад,

З-он оташи афрӯхта даймоҳ ба танг омад.

Аз вожаи сад бошад номи Сада дар олам,

Сад фикри накӯ дар сар, сад кори нави одам,

Бо сад нияти неку, сад ёри накӯ бо ҳам,

Сад асри дигар сарҷамъ, сад соли дигар бо ҳам.

Бо сад ҳавасу армон дар зери ҳамин парчам.

Сад шохаи хушкида оташшада мегардад,

Дил з- оташи зардуштӣ оташкада мегардад,

Рӯ з-оташи зардуштӣ оташзада мегардад,

Садҳо ҳунари мардум садҳо рада мегардад.

Сад ёри қарин дар бар ҷашни Сада мегардад.

 Садриддин ОЛИМПУР, 

омӯзгори МТМУ №31, шаҳри Ваҳдат