Садди оҳанин

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

Тоҷику ӯзбек бо нозу ниёз,

Рӯ ба истиқболи Наврӯз омаданд.

Зарраи хуршеди тобони фалак,

Як шарар аз шуъла дар сӯз омаданд.

Байни ин ду мардуми бо ҳам шафиқ,

Ҷо нахоҳад ёфт осори нифоқ.

Дӯстонро душманӣ бегона аст,

Садди оҳан гашт ин ҷо иттифоқ!

Ваҳйи Ҳақ дорад ҳимоят рӯҳи халқ,

Рӯҳи Ҷомиву Навоӣ ҷовидон.

Фош кард асрори меҳри одамӣ,

Тоҷику ӯзбек дар як тан чу ҷон.

Зиё РАҲМОН