Садриддин Ҳасанзода яке аз ғолибони озмуни бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Забон — пояи миллат» дониста шуд

№140 (4090) 21.11.2019

Маводи ОзмунОзмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон — пояи миллат», ки чанд моҳ пеш аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 10 — солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардид, ҷамъбаст шуд. Дар он муҳаққиқу адибу навқалами зиёд довталабӣ намуданд, ки аз таваҷҷуҳ ба рушду нумӯи забони давлатӣ дарак медиҳад. Ҳамин тавр, аз рӯи номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарини илмӣ – оммавӣ» нависанда Садриддин Ҳасанзода, «Мақолаи беҳтарин» — муҳаққиқ Мирзо Ҳасани Султон, «Шеъри беҳтарин» — шоир Рустами Ваҳҳоб ғолиб дониста шуданд.

Инчунин, иштирокчиёни фаъол Абдубосит Нуралиев, Нуриддини Амриддин, Муҳаммадалии Саидмурод ва Ҳакималӣ Назаралӣ бо мукофотҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонда шуданд.

Акбар АБДУСАМАДОВ