Сафҳаи нав дар мавлавишиносӣ

№114 (3415) 26.08.2015

(Андешаҳо доир ба китоби адабиётшинос Баҳром Мирсаидов  «Ҳусомуддин дар ҷаҳони андешаи Мавлоно ва мавлавиён». – Хуҷанд: «Ношир», соли 2014 ,  140 саҳифа)

Шукронаи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро менамоем, ки барои тадқиқу мутолиаи адабиёти гаронмояи ирфонӣ шароиту имкониятҳои муносиб фароҳам омадааст.

Чанде пеш ба дастам китоби узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Баҳром Мирсаидов таҳти унвони «Ҳусомуддин дар ҷаҳони андешаи Мавлоно ва мавлавиён» расид. Баъди хондани ин китоб эҳсосоти амиқе маро фаро гирифт ва тафаккурам нисбат ба аслу мабдаи муносибату таомули сӯфиёни мавлавия ба куллӣ дигар шуд. Банда ин китобро ба сифати раҳнамо барои ворид шудан ба олами шеъру андешаи Мавлоно ва пайравони ӯ шинохтам.

Дар ҳақиқат барои фаҳмидани моҳияти «Девони Кабир» ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ мутолиаи китобҳое, чун «Ҳусомуддин дар ҷаҳони андешаи Мавлоно ва мавлавиён» басо зарур будааст.

Бояд ёдовар шавам, ки кори сомондодаи адабиётшинос Баҳром Мирсаидов самараи пайравию илҳом аз мақолаю маърӯзаҳо ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳамагон медонем, ки маҳз бо тадбирҷӯиҳои адабпарваронаи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рӯзи 30-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил гардида, дар Ватани мо чорабиниҳои адабию маърифатӣ баргузор мешаванд.

Ба андешаи инҷониб, агар мо – муаллимони дабистонҳо дар заминаи китобҳои илмии фавқуззикр моҳияту ҷавҳари адабиёту ирфони асил ва мероси ғановатманди гузаштагонамонро ба насли наврас фаҳмонем, аксари мушкилоти ахлоқӣ ҳалли худро меёбанд. Дар ин роҳ ба мо асарҳои тадқиқотии олимоне, чун китоби Баҳром Мирсаидов заруранд.

Рисолаи Б.Мирсаидов «Ҳусомуддин дар ҷаҳони андешаи Мавлоно ва мавлавиён» илова ба пешгуфтору фарҷоми сухан аз бобҳои зерин иборат аст: «Нигоҳе ба зиндагиномаи Ҳусомуддини Чалабӣ», «Мавлоно ва Ҳусомуддин», «Зикри Ҳусомуддин дар «Маснавӣ», «Ҷойгоҳи Ҳусомуддин дар «Девони Кабир», «Ҳусомуддин – муншии Мавлоно», «Султон Валад ва Ҳусомуддин», «Рисолаи Сипаҳсолор»- манбаи муътамади асри Мавлоно», «Зикри Ҳусомуддин дар «Маноқиб-ул-орифин».

Дар баробари ин, барои он ки хонанда ҳангоми хондани иқтибосҳо аз сарчашмаҳо ба душворӣ рӯ ба рӯ наояд, муаллиф дар бахши ҷудогона калима ва ибораҳои ҷумлаҳои арабии мушкилфаҳмро тавзеҳ додааст.

Баъди поён ёфтани матлабҳои асосии ин тадқиқот муаллиф сафарномаи мухтасари хешро, ки ҳосили дидаву шунидаҳояш аз кишвари Туркия, хоса Қуния аст, бо номи «Чаҳордаҳ шаб дар «Мараҷулбаҳрайн» меорад. Ин сафаргуфта низ басо хонданӣ ва ҷолиб аст.

Ӯ андешаҳои илмии олимони русу турк ва эронию тоҷикистонӣ, амсоли Радий Фиш, Абдулбоқии Гулпинорлӣ, Нофиз Узлуқ, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Муҳаммад Алии Муваҳҳид, Шафеии Кадканӣ, Тавфиқ Субҳонӣ, Козими Муҳаммадӣ, Меҳрон Афшорӣ, Расул Ҳодизода, Абдуманнон Насриддинов, Носирҷон Салимов, Саъдӣ Маҳдиев, Хуршед Зиёев ва дигаронро мавриди муқоисаю муқобала ва баррасиҳои амиқи илмӣ қарор дода, пайванди фикрию амалии Мавлоною Ҳусомуддинро дар бунёди тариқати мавлавия нишон додааст.

Дар китоб Ҳусомуддин наздиктарин шахси Мавлоно, сархайли пайравону шогирдон, соҳиби хазина, танзимкунандаи молу ашёи зиндагии мавлавиён ва ҳамдаму ҳамнафаси ӯ тасвир гардидааст. Мавлоно он қадар шефтаи адабу хулқи неки муриди худ аст, ки бе ҳузури ӯ ба минбари ваъз намебарояд, ба маҷлиси давлатдорон намеравад ва ба эҷоди «Маснавӣ» машғул намегардад.

Ҳусомуддин низ дар пайравӣ ба устодаш марди покдину покҷавҳар аст. Вай заррае аз молиёти вақфи мавлавиён ба фоидаи худ намегирад, аз ҳаққи касе ба худ манфиат намеҷӯяд ва ҳатто аз оби хонақоҳ, ки бо пул мехариданд, барои вузӯъ истифода намебарад. Шабҳои зимистони сард барои таҳорату покшӯии тан ба ҳавлии худ меравад. Ҳусомуддин бо вуҷуди маҳрами даргоҳ ва амини амволу авқоф будан соҳиби боғи бузурге буд ва аз он махориҷи рӯзгорашро ба даст меовард. Ногуфта намонад, ки дар рисола ба боғи ӯ, ки борҳо маҳалли самоъу гирдоии сӯфиён аст, ишора низ шудааст.

Муҳаққиқ Баҳром Мирсаидов дар заминаи ахбори сарчашмаҳо менависад, ки бо гузашти вақт Ҳусомуддин комилан марди маънавӣ ва сӯфии ҳақбин гардид. Вай рамузи гуфтору рафтори пирашро аз дигарон беҳтар медонист ва бидуни раъйи вай коре намекард. Хеле аҷиб аст, ки вақте баъди анҷоми дафтари аввал ҳамсари Ҳусомуддин вафот карду вай ба азо нишаст, Мавлоно кори эҷоди «Маснавӣ»-ро як сӯ гузошт ва як дақиқа низ худро ба он кор андармон насохт.

Сипас, дафтарҳои дуюм то шашуми «Маснавии маънавӣ» ҳудуди солҳои 1263 – 1273, то лаҳзаи марги Мавлоно рӯйи коғаз омаданд.

Ин воқеа дар китоби Баҳром Мирсаидов чунин зикр гардидааст: «Мавлоно рӯзи бозгашти Ҳусомуддинро бар сари идомаи назми «Маснавӣ» «Рӯзи истифтоҳ» меномад. Бино ба ёдкарди аллома Деҳхудо «Рӯзи истифтоҳ» -понздаҳуми моҳи раҷаб аст ва ваҷҳи тасмияи он ин аст, ки дари раҳмату дарҳои биҳишт дар ин рӯз гушода мешавад ва низ дари Каъба ба рӯйи зоирон дар ин рӯз боз мешавад. Ва баъзе гуфтаанд, ки забони Исо ибни Марям дар ин рӯз гушода шуда буд». Калимаи истифтоҳ дар луғат ба маънии талаби фатҳу нусрат, пирӯзӣ ҷустан, кушоиш талабидан омадааст.

Яъне, Мавлоно аз таъхири «Маснавӣ» зиёд рӯҳафтода нест ва шодмонии ӯ аз бозгашти Ҳусомуддин аст:

Маснавӣ, ки сайқали арвоҳ буд,

Бозгашташ «Рӯзи истифтоҳ» буд.

Матлаи таърихи ин савдову суд,

Сол андар шаш саду шасту ду буд.

Дар рисола баҳсҳои ҷолиб дар хусуси фарзандони Мавлоно — Султон Валад ва Алоуддин Муҳаммад, наберааш Амир Орифи Чалабӣ ва дигар пайвандони ӯ, зиндагиномаю муносибату рафтори онҳо бо муридони падарашон оварда шудааст.

Дар маҷмӯъ, рисолаи илмии Баҳром Мирсаидов шабеҳи як оинаи қаднамоест, ки тамоми рангҳои роҳу равиши сӯфиёни мавлавияро дар симои Мавлоно ва Ҳусомуддин инъикос менамояд.

Албатта, дар як тақризи кӯтоҳ наметавон тамоми сифатҳои хуби рисолаи олими тавоно Баҳром Мирсаидовро баррасӣ кард. Салоҳи кор ин аст, ки хонандагону дӯстдорон ва алоқамандони ирфон рисоларо мутолиа намоянд.

Ҳафизмурод МИРЗОЁРОВ, Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Айнӣ