Сайри «Корвони китоб»

№116-117 (3262-3263) 09.10.2014

Ҳамасола тибқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» бо фармоиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурра ва мукаммал гардонидани фонди китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ тавассути «Корвони китоб» ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ китобҳои гуногун ва дигар лавозимоти соҳавӣ фиристонида мешаванд.

Имсол низ ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 август то 20 сентябри соли равон ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 45243 адад китобҳои гуногунро таври ройгон дастрас гардонид.

Ҳаракати «Корвони китоб» давоми чил рӯз китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро бо 2346 нусха китобу 10150 нусха формуляр, вилояти Хатлонро бо 3559 нусха китобу 13300 нусха формуляр, ВМКБ-ро бо 1300 нусха китобу 4800 нусха формуляр ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро бо 2038 нусха китобу 7750 нусха формуляр ва дигар лавозимоти соҳавӣ таъмин намуданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»