Санҷиш

№41 (3991) 13.04.2019

(Афсона)

Тенгиз ПАТУРАШВИЛИ (Гурҷистон)

samodelnaya-lopata-dlya-ochistki-snegaДар деҳа марди хирадманд ва накукоре зиндагӣ мекард. Рӯзе марди ношиносе омаду дар ҳамсоягии ӯ манзил кард.

Он сол зимистони қаҳратун омад ва барфи бисёр борид. Хирадманд аз ҳамсояи нав барои рӯфтани барф бел пурсид. Ҳамсоя белашро ба ӯ дод, аммо рӯзи дигар аз субҳи содиқ омаду талаб кард, ки белро гардонда диҳад.

- Чаро дирӯз баъди анҷоми корат бели маро наовардӣ? — ба зарда гуфт ҳамсоя.

- Гуноҳи азим кардам, ҳангоми кор бели куҳнаи шумо шикаст, — хиҷолатмандона гуфт хирадманд. Ман ба шумо бели нав харида медиҳам.

- Хуб мешуд, ки барои худат бели нав харида, дигаронро гаранг намекардӣ, — дағалона ҷавоб дод ҳамсоя.

Хирадманд ба қавлаш истод ва барои ӯ бели нав харид, лекин ҳамсоя онро рад кард.

- Ба ман ҳамон бели куҳнаи худам даркор, наваш лозим не, — гуфт ӯ.

Хирадманд ба болои бели нав пул доданӣ шуд. Ҳамсоя аз ин рафтори хирадманд бештар ба ғазаб омад.

- Гап як бор маънӣ дорад, ба ман бели худамро ёфта деҳ, — якравӣ мекард ҳамсоя.

Хирадманд ба болои бели нав ва пул боз як гӯсфанд илова карду ҳамсоя розӣ нашуд.

Билохира хирадманд ба анбор даромаду бели куҳнаи ӯро аз ҷои пинҳонкарда оварду ба дасти ҳамсоя дод.

- Бигир. Ту пайваста даъво мекунӣ, ки бароят ғайр аз бели куҳнаат чизи дигаре лозим нест. Мана бел дар ҳамон ҳолате ки ба ман дода будӣ.

Ҳамсоя аз кори карда сахт пушаймон шуд. Белро гирифту сархаму хиҷолатзада роҳи хонаашро пеш гирифт. Дар дил хештанро сарзаниш мекард. «Чаро ман бели навро рад кардам? Боз пулу гӯсфандро намегӯӣ?» аз рафтори худ оташин шуд ва белро ба девори хона зада шикаст.

Хирадманд ба аҳли оила рӯй оварда гуфт:

- Ҳамсояи хуб аз хеши наздик беҳтар, гуфтаанд. Ман аз ҳамсоя барои санҷиш бел пурсидам ва чӣ гуна одам буданашро донистам.

Аз русӣ тарҷумаи  Диловари МИРЗО