Саодат дар маърифат аст

№36 (3673) 04.04.2017

sotsiologi-muzhchiny-ne-chitayut-knigi-napisannye-zhenshchinamiИнсон мунтазам ба ғизои маънавӣ эҳтиёҷ дорад. Офаридгор низ ба паямбаронаш китоб (Таврот, Забур, Инҷил, Қуръон) фиристоду калому китобро раҳкушою раҳнамои инсонҳо қарор дод:

Ҳар он мағз, к-ӯро хирад равшан аст,

Зи дониш ба гирди танаш ҷавшан аст.

Чун мағзи одам имкони ғунҷонидани маҷмӯи илму донишҳоро надорад, зарурияти гирдоварию маҳфуз нигоҳдории онҳо ба таҳия ва нашри китоб замина гузошт. Инкишофи ақлонии башар, такомул ва пешрафти тараққиёти соҳаҳои гуногун низ бастагӣ ба илму дониш дорад:

Касе к-ӯ ҷаҳонро бувад хостгор,

Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.

Мо дар рушди улуми нақлӣ (шеъру адаб) комёбиҳо дорем, вале тавсеаи улуми ақлӣ (дақиқ) беҳбудӣ мехоҳад. Боиси ифтихор мебуд, агар миёни технология­ҳои мухталиф, ашёи рӯзгор, ихтироот бо тамғаи «Made in Tajikistan» бештар ба чашм мерасид. Агар дар гузашта Шарқ гаҳвораи маърифату маънавиёт маҳсуб меёфт, акнун Ғарб пешгому аламбардори донишҳои башарист:

Шарқиёнро ишқ рози коинот,

Ғарбиёнро зиракӣ сози ҳаёт,

Хезу нақши олами дигар бинеҳ,

Ишқро бо зиракӣ омез деҳ.

Барои мисол илмҳои кайҳоншиносӣ, нуҷумшиносӣ, кимиё, риёзӣ… маҳсули ақлу андешаи олимони асримиёнагии Машриқзаминанд, вале имрӯз дар ин соҳаҳо ками дар кам олимону мутахассисони ин минтақа шуҳрати ҷаҳонӣ ва ё амалкарди чашмрасе доранд:

Ҳикмати ашё фарангизод нест,

Асли ӯ ҷуз лаззати эҷод нест.

Нек агар бинӣ мусалмонзода аст,

Ин гуҳар аз дасти мо уфтодааст.

Нахустин китобхонаҳо низ дар дарбори шоҳони Машриқзамин таъсис ёфтаанд, ки намунаи олияш фарҳангистони «Гунди Шопур» -и Сосониён ва «Ганҷинаи ҳикмат» -и Сомониён буда метавонанд.

Яке аз сабабҳои асосии ақибмондагӣ дар ин самт дурӣ аз китоб, камтаваҷҷуҳӣ ба илм, ноҷурии илму истеҳсолот ва дареғ доштани маблағи зарурӣ аст.

«Силиконовая долина»-и Амрико ва Маркази инноватсионии «Сколково»-и Россия намунаи олии ҳамкории олимону соҳибкорону ҳукумат маҳсуб меёбад. Олим ихтироъ мекунад, ҳукумат шароит фароҳам меоварад, давлат ё соҳибкор маблағгузорӣ мекунанд, корхона истеҳсол кардаву ба фурӯш мебарорад ва ҳама суд мегиранд.

Заъфии маданият, болоравии ҷаҳл, поёнравии касбият, рушди ҷиноят бастагӣ ба камсаводӣ, дурӣ аз китобу маърифатро дорад. Ҳақ ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта: «Миллати бофарҳанг безавол аст». Таъсиси Китобхонаи миллӣ наҷибтарин ибтикор ва далели реша дар илму маърифат доштани миллати озодаи мост.

Агар мехоҳем дар ин ҷаҳони пуртазоду бо суръати кайҳонӣ рушдёбанда мавқеи намоёни худро дошта бошем, пас, ифодаи «Саодати миллат дар маърифат аст» бояд шиори зиндагиамон бошад.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР,

директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ