Барои дарёфти унвони илмии Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саррофи сухан

№№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

М СУЛТОНДоктори илми филология, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов аз олимони забоншинос ва адибони муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин маврид суханони академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ба хотир мерасад, ки дар як мусоҳиба зери унвони «Тақдир роҳи илмро ба ман тақдим кард… »  ўро «забоншинос, адабиётшинос ва шоири бисёр хуб»  («Саҳар», нашри 2, январи соли 2007,  саҳ. 31) муаррифӣ намуда буд.

М. Султонов фаъолияти илмиро соли 1990, пас аз хатми донишгоҳ дар Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон шурўъ намуда, аз вазифаи ходими хурди илмӣ то мақоми узви Раёсати ин боргоҳи муътабар расидааст. Таҳқиқоти илмии ў асосан ба муҳимтарин бахшҳои илми забоншиносии муосир — таърихи забон, вожасозию вожагузинӣ, забони илм ва истилоҳоти илмӣ бахшида шудааст.

Аҳамияти таҳқиқоти илмии ў, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки дар забоншиносии тоҷик бори нахуст бо истифода аз усулҳои муосири забоншиносӣ муҳимтарин манбаъҳои арзишманди таърихии забону фарҳанги гузашта, аз ҷумла «Шуморнома»-и Муҳаммад ибни Айюби Табарӣ, «Ҳудуд-ул-олам» (муаллифаш ношинохта), «Ҳидоят-ул-мутааллимин фӣ тибб»-и Аҳмади Ахавайнии Бухороӣ, «Китоб-ул-абния»-и Муваффақи Ҳиравӣ, «Донишнома»-и манзуми тиббии ҳаким Майсарӣ, «Донишномаи Алоӣ»-и Абўалӣ ибни Сино, «Китоб-ут-тафҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва осори дигарро ба риштаи таҳқиқ кашида, дар заминаи онҳо роҳи рушду такомули забони илми давраҳои таҳаввулу такомули забони форсӣ-тоҷикиро тадқиқ кардааст.

Дар рисолаву мақолаҳои илмии М.Султонов қонунмандиҳои мухталифи нигоҳдории вожаҳои асил дар таркиби истилоҳоти забони тоҷикӣ мушаххасу муқаррар гардида, дар истилоҳнигории муосири тоҷикӣ зарурати корбасти бештар доштани вожаҳои эрониасл дар муқоиса бо истилоҳоти иқтибосӣ бо далелҳои қотеи илмӣ таъйину таъйид шудааст.

Таҳқиқоти густурдаи илмии ў дар масъалаи забони илм ва истилоҳот ба пажўҳишҳои минбаъда дар ин самт роҳ кушода, натиҷаю хулосаҳои дақиқи илмияш дар хусуси таъини мафҳумҳои истилоҳ, забони илм ва махсусияти онҳо дар пажўҳишҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ба сифати маълумоти муътамади назарӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бахусус, рисолаи илмии ў «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» (2008) дар истилоҳшиносии тоҷик таҳқиқоти арзишманд маҳсуб гардида, аз тарафи олимони забоншинос муҳим арзёбӣ шудааст. Масалан, профессор Абдуҷамол Ҳасанов  ин рисоларо «саҳифаи нав дар забоншиносии тоҷик ва эроншиносӣ» (Асари судманд дар заминаи забони илм ва истилоҳот.  «Садои Шарқ», №6. 2009, саҳ. 143) ва профессор Толиб Ваҳобов «таҳқиқи бунёдӣ дар истилоҳшиносии тоҷик» (Ҳақиқат зодаи баҳс аст.  Хуҷанд, 2010, саҳ. 280)  ба қалам овардаанд.

Соли 2015 гунаи такмилшудаи русии ин рисола бо номи «Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии. На материале научного наследия IX-XI вв.» дар нашрияи академии Олмон «Palmarium Academic Publishing» дар ҳаҷми 452 саҳифа ба нашр расид.

Муҳаққиқ зимни таҳқиқи густурдаи забону истилоҳоти осори илмии асрҳои IX-XI ба чунин натиҷа расидааст, ки забони форсии дарӣ ё форсӣ-тоҷикӣ дар ин даврон дар баёни матлабу мафҳумҳои чанд шохаи илм: шумор, ҳандаса, нуҷум, ҷуғрофия, фалсафа ва тиб ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Ба ибораи дигар, раванди ташаккули истилоҳоти илмии тоҷикӣ бо таълифи ҳамин осор шурўъ мешавад, ки доманаи таъсиру нуфуз ва рушду такомули он идома дорад.

Дар таҳқиқоти илмии ў ташаккули тадриҷӣ ва тамоюли истилоҳот аз мураккаб ба сода, яъне аз шакли нисбатан душвору дурушт ба сурати одиву хушоянд (масалан, табгирифта  табгир, санги оҳанкаш оҳанрабо, ҳасткунанда ҳастидеҳ, устухоншикананда  устухоншикан, хунангезанда  хунангез ва ғайра) бо далелҳои муътамади илмӣ нишон дода шудааст.

Шоистаи таъкид аст, ки дар таҳқиқоти М. Султонов истифода аз истилоҳоти иқтибосӣ ва тарҷумаи қарзӣ (калка) яке аз роҳҳои муҳими дороиафзоии таркиби луғавии забони илм маънидод шуда, чор гунаи тарҷумаи қарзӣ (тарҷумаи дақиқ, тарҷумаи озод, маънии қарзӣ, истилоҳсозии қарзӣ) бо мисолҳои мушаххас нишон дода шудааст, ки дар забоншиносии тоҷик сухани нав мебошад.

М. Султонов натиҷаҳои назарраси илмие, ки дар заминаи таҳқиқоти назарии истилоҳоти тоҷикӣ ба даст овардаст, дар айни замон дар фарҳангнигории амалӣ бомуваффақият татбиқ менамояд. Вай дар таҳриру таълиф ва такмили бештар аз сӣ фарҳангу луғатномаи соҳавӣ, аз ҷумла китобҳои  «Луғати мухтасари дандонпизишкӣ» (1996), «Луғати мухтасари даҳонпизишкӣ» (1997), «Луғати истилоҳоти иқтисодӣ» (1999), «Луғати мухтасари иқтисодии русӣ ба тоҷикӣ» (1999), «Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ» (1999), «Дастури санаднигорӣ» (2000), «Фарҳанги истилоҳоти илми гўшу биниву гулў» (2002), «Луғати истилоҳоти ҳарбӣ» (2003), «Фарҳанги молиёт» (2003), «Вожаномаи роҳи оҳан» (2004), «Санадҳои коргузорӣ ва луғати касбу кор» (2004), «Фарҳанги истилоҳоти соҳаи обёрӣ» (2006), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) (2008, 2010, 2011), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (2011), «Фарҳанги истилоҳоти молия ва бонкдорӣ» (2008), «Луғати ҳавошиносӣ» (2016) ва амсоли инҳо фаъолона ширкат кардааст.

Бояд зикр кард, ки муҳаққиқи соҳибназар соли 1991 дар яке аз нахустин мақолаҳои илмӣ «Назаре ба вожаҳои «Таърихи Бухоро» (ҳафтаномаи  «Омўзгор»,  № 33,  14 августи 1991) зарурати дарёфти вожаҳои асилу сараи тоҷикиро аз батни матни осори пешиниён таъкид намуда, зарвожаву симвожаҳои ширину зебоеро, чун «бозаргон», «девон», «кишоварз», «одина», «сур» ва ғайра, ки аз истеъмол дур монда буданд, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор додааст, то бо истифодаи минбаъдаи онҳо забони адабии тоҷикӣ шевотару гуворотар гардад.

Дар ҳамон мақола муҳаққиқ дар бобати корбасти вожагону истилоҳоти маҳфуз дар ганҷинаи «Таърихи Бухоро» таъкид карда буд, ки «ҳар як вожаву истилоҳ, ки мафҳуми муайянеро дар забоне ифода менамояд, сарнавишт ва мақому мартабаи худро дар он забон дорост, зеро рўзгоре бояд сипарӣ гардад, то вожае ба забон дохил ва мақбули ҳама шавад. Аз истеъмол берун мондан ва ба кунҷи фаромўшӣ раҳо гаштани вожае, ба вежа, вожаи рехтаву суфтаву равон, барои забон гарон тамом мешавад. Ва баръакс нигоҳдории ҳушёрона ва дилсўзонаи ин ганҷ монанди он аст, ки моро барои ороиши сухан гоҳ ниёз ба алфози зарин, гоҳи дигар симин ва ҳамин тавр зумуррадин ва ғайра афтад ва ҳар бор бадин хотир суроғи ин дороиро бигирем, аз он ба гунаи неку баҳра барем».

Метавон гуфт, ки аз оғози фаъолияти илмӣ меъёру маҳаки М.Султонов дар бунёду пазириши вожаву истилоҳи нав ба ҷуз риояи қатъии қолабҳои вожасозии тоҷикӣ боз ҳам рехтаву суфтаву равон будани вожаву истилоҳ аст, ки маҷмўи ҳамин вожагону истилоҳот кохи побарҷои бештар аз ҳазорсолаи забони моро то ба ҳол устувор нигоҳ медорад.

Муносибати самимонаю эҳтиёткорона ба вожагони асили забони тоҷикӣ ва зарурати корбасти баъдии онҳо дар мақолаҳои дигари ў «Мушкилоти забони модарӣ», «Баъзе вежагиҳои вожасозию вожагузинии форсии Абўрайҳони Берунӣ», «Забон ва истилоҳоти рисолаи «Рагшиносӣ»-и Абўалии Сино», «Бархе хусусиятҳои луғавии «Шуморнома»-и Муҳаммад ибни Айюби Табарӣ», «Аз зикри ҷамили Саъдӣ то шаҳди каломи Ҷомӣ», «Калимасозии мураккаб дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдураҳмони Ҷомӣ», «Забони форсии тоҷикӣ дар замони зиндагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» ва ғайра низ ба наҳви некуву писандида ба мушоҳида мерасад.

М.Султонов, бахусус дар мақолаи «Мушкилоти забони модарӣ» омилҳои ба пешрафти забон таъсиргузорро таъкиду таъйид намуда, вожасозии дохилизабониро нисбат ба иқтибосгирии бевоситаи вожагону истилоҳот тарҷеҳ додааст. Ба андешаи ў, «дар ифодаи дақиқи мафҳумҳои нави илму фан вожасозии дохилизабонӣ ҳаргиз маънии аз корвони ҳаёт ё аз рафти замон қафо монданро надорад. Баръакс, ин воситаи асосии  ғановату дороиафзоии забон маҳсуб гардида, ба забон рўҳу тавони нав мебахшад. Забони модариро дар ифодаву баёни мафҳумҳои нав қодир месозад. Дар баробари афзудани қудрату тавоноии забон қудрати маънавию фарҳангии соҳибони забон ҳам меафзояд. Доираи ҷаҳонбинии мардум васеъ гардида, сатҳи фаҳмиши илмию фаннии аҳли ҷомеа тадриҷан боло меравад».

М.Султонов  ҳангоми фаъолият дар Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон (солҳои 1990-2007) дар таҳияву тадвини истилоҳоти коргузорию дафтардории аксар вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, таҳияи шиносномаҳои миллӣ, санадҳои расмиву ҳуқуқӣ, асноди сабти ҳолати шаҳрвандон саҳм гузоштааст.

Вай барои боло бурдани эътибор ва тарғиби илми забоншиносӣ дар доираҳои илмии байналмилалӣ низ саҳм гирифта, дар симпозиуму анҷуманҳои байналмилалӣ (Душанбе, Москва, Теҳрон) суханронӣ кардааст. Асару мақолаҳои илмияш дар нашрияҳои Олмон, Федератсияи Россия, Эрон ва Ўзбекистон ба нашр расида, бархе аз таълифоти ў дар шабакаи интернет дар дастрасии бевоситаи алоқамандон қарор гирифтаанд.

Таълифи асарҳои илмӣ-оммавӣ ва сурудани шеър аз риштаҳои дигари фаъолияти пурдоманаи ў маҳсуб мешавад. Асарҳое чун «Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ» (1997, 2002, 2006) ва «Саргузашти Исмоили Сомонӣ» (1998, 2010) дар байни дўстдорони каломи бадеъ аз эътибори хос бархўрдоранд. Ў, аз ҷумла, дар асараш «Саргузашти Исмоили Сомонӣ» рўзгору зиндагӣ ва фаъолияти давлатдории Исмоили Сомониро аз нигоҳи нав дар шароити озодиву истиқлоли миллӣ ба таҳқиқу тасвир  гирифта, ҳақиқати таърихӣ ва симои муаззами Исмоили Сомониро ҷилвагар кардааст. Асари дигари ў «Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ» нахустин нигошта дар Тоҷикистон дар бораи Шамси Табрезӣ мебошад ва дар хусуси зиндагию рўзгори ин орифи бузург маълумоти муфидеро фаро гирифтааст.

Маҷмўаҳои шеъри ў «Чароғи лола» (2002), «Шафақи лола» (2004), «Ҷаконда» (2005), «Салои ишқ» (бо хатти арабиасос) («Пайванд», 1389=2011), «Таваллуди ту» («Адиб», 2014) ва «Хотами мулки Сулаймон» («Адиб», 2014) гувоҳи пояи баланди шоирии ўст. Намунаҳои ашъораш дар хориҷ аз кишвар (Эрон) низ ба нашр расидааст.

Мирзоҳасан Султонов барои даст­овардҳои назаррас дар масъ­алаи таҳқиқи забон, забони илм ва истилоҳот ба дарёфти Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, медали тиллои ба номи В.И. Вернадский, ордени байналмилалии LABORE ET SCIENTIA (амалу илм) сарфароз гардида, муҳимтар аз ҳама, дар китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» (Душанбе, 2016. с.489) мавриди сипоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор гирифтааст.

Ба андешаи мо, иқдоми неки Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ дар хусуси пешбарии Султонов Мирзоҳасан  (Ҳасани Султон)  ба дарёфти унвони илмии Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи дастгирӣ ва як навъ арҷгузорӣ ба заҳматҳои ў дар ҷодаи фарҳангнигорӣ ва таҳқиқи забону истилоҳоти миллист.

Ҷумъабой АЗИЗҚУЛОВ,

Санавбар ХОЛМАТОВА,

Аҳмадҷон САНГИНОВ,

Абдухолиқ НАБАВӢ