Сержанте, ки ҳамнишини генерал шуд

№59-60 (3539-3540) 07.05.2016

СЕРжанте ки«Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад».

Аз Паёми табрикии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм.

Бо мақсади омода намудани мақола дар бораи яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шаҳринав омадам. Вақте ки нияти хешро ба раиси он Музаффар Дадабоев изҳор намудам, ӯ гуфт, ки ҳоло дар ноҳия нуҳ нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд ва яке аз онҳо Азиз Қодиров мебошад. Бобои Азиз ҳоло 96 — сола бошад ҳам, худро хеле бардам ҳис мекунанд, ҳофизааш хотироти солҳои ҷангро хуб нигоҳ доштааст ва бо рӯзноманигорон бемалол суҳбат мекунанд. Ба синну соли хеш нигоҳ накарда, ҳамеша бо коре машғуланд.

Ҳамроҳ бо Музаффар Дадабоев роҳи хонаи бобои Азиз Қодировро пеш гирифтем. Вақте вориди ҳавлӣ шудем, бобои Азиз аз зинапоя поён меомаду рӯи замин пур аз баргу навдаи ток буд.

- Вақти хомток кардани ангур расидааст. Ин корро, ҳарчанд ки фарзандону набераҳоям низ метавонанд аз уҳдааш бароянд, худам анҷом медиҳам, — гӯён моро пешвоз гирифта, ҳолпурсӣ намуд бобои Азиз.

- Муаллими муҳтарам, ин шахси ҳамроҳам хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» мебошанд ва омадаанд, ки хотираҳои шуморо дар бораи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯи сафҳаи рӯзнома оранд, — муколамаамонро оғоз бахшид раиси Шӯро.

- Ман ҳозир меоям, — гуфта, бобои Азиз берун баромад ва лаҳзае пас костюми пеши бар пур аз ордену медал дар даст баргашт ва онро ба такягоҳи курсии паси миз овезон карду ба ҷойи пештарааш биншаст.

- Ман соли 1920 дар деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадаам, — ба варақгардон кардани хотироташ шурӯъ намуд бобои Азиз. — Соли 1937 ба техникуми муаллимтайёркунии шаҳри Душанбе дохил шуда, як моҳ таҳсил карда, ба таътил баромадам. Азбаски он солҳо дар деҳа бесаводону камсаводон хеле зиёд буданд, шуъбаи маориф маро дар айёми таътил муаллим таъин кард.

Ба ман як гурӯҳи маҳви бесаводӣ ва як гурӯҳи камсаводон вобаста шуд. Баъди анҷоми таътил ба техникум баргаштанам лозим буд, вале мудири шуъбаи маориф бо сабаби дар ноҳия кам будани муаллимон, маро иҷозати рафтан надод. Муаллими синфҳои 1,2 ва 3 таъин шудам.

Вақте ки Финландия бо кишвари мо ҷангро шурӯъ намуд, ариза навишта, ба комиссариати ҳарбӣ рафтам ва хоҳиши довталабона ба ҷанг рафтан кардам. Ба наздики ҷабҳа расида будем, ки ҷанг тамом шуд. Финҳо шикаст хӯрданд. Моро ба шаҳри Ленкорани Озарбойҷон оварданд ва хизмати аскариям он ҷо идома ёфт. Ба тамомшавии хизмат се-чор моҳ монда буд, ки фашистон ба мамлакати мо аҳдшиканона ҳуҷум карданд. Азбаски қисми ҳарбии мо дар назди соҳили баҳри Сиёҳ воқеъ буд, моро ба мақсади муҳофизати конҳои нефти Озарбойҷон ба Эрон интиқол доданд. Фашистон дар кӯтоҳтарин муддат Беларусу Украинаро ишғол карда, ба дарунтари Ватани азизамон ворид шуда буданд.

Онҳо ба Новороссийск, ки дар соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир буд, низ хеле наздик шуданд ва ҷангҳои шадид дар он ҷо оғоз ёфт. Мо аз Эрон ба самти Новороссийск ҳаракат кардем. Ғафсии ях то зону мерасид. Яроқу аслиҳаи ҷангиро мо ба нахчирҳо бор карда будем. Нахчирҳо хеле пурқувват будаанд ва назар ба аспҳо зиёдтар бор мебардоштанд. Ба хотири нашикастани қабати ях дар масофаи чор метр дуртар аз ҳамдигар нахчирҳоро ронда, ба соҳил расидем ва ба ҷанг ҳамроҳ шудем.

Аз суҳбат бо бобои Азиз маълум шуд, ки дар оғози ҷанг, бинобар шахси босавод буданаш, ӯ дар курси кӯтоҳмуддати командирон таҳсил карда, ба рутбаи сержант сазовор шудааст. Сержант Азиз Қодиров, азбаски тирандози моҳир буд, командири взвод лейтенанти калон Корж тавсия дод, ки курси аскарони нишонзан (снайпер)-ро хатм намояд. Баъд аз омӯзиши кӯтоҳмуддат ба ӯ винтовкаи снайпериро бовар карданд ва дар ҳайати полки 11-уми тирандози кӯҳистонӣ, ки ба ҳайати Фронти Ҷанубӣ шомил буд, хизматро идома дод.

- Шумораи фашистони маҳвкардаам аз 40 зиёд буд, — идома медиҳад суҳбатро бобои Азиз: — Ана ин медали «Барои хизмати ҷангӣ» («За боевые заслуги)-ро барои диловариам дар маҳв кардани дзоти фашистҳо сазовор шудам.

Ба дзот наздик шудан хеле душвор буд, зеро он дар баландӣ ҷой гирифта, фашистон ҳамвориро чун кафи даст назорат ва тирборон мекарданд. Илоҷи сар боло кардан набуд. Командири взвод дар назди мо вазифа гузошт, ки истеҳкоми душманро аз кор барорем, то ин ки имкони ба пеш ҳаракат кардан пайдо шавад. Мо – се нафар нишонзан байни худ маслиҳат карда, аз паи иҷрои супориш шудем. Бегоҳирӯзӣ дзоти душман хомӯш гардид.

Муҳориба барои Новороссийск хеле тӯл кашид. Ҷузъу томҳои Фронти Ҷанубӣ, ки ба он Маршали Иттифоқи Советӣ Тимошенко фармондеҳӣ мекард, барои озод намудани ин шаҳр ва шаҳру маҳалҳои аҳолинишини дигар қаҳрамонию ҷасорати бемисл нишон доданд, ҳазорон нафар фашистро нобуд сохтанд.

Азиз Қодиров дар қатори сарбозону афсарони дигари советӣ, шуҷоату далерӣ нишон дода, аз тарафи фармондеҳи фронт бо медали «Барои шуҷоат» («За отвагу») сазовор гардид. Ӯ баъдтар винтовкаро бо автомат иваз карда, барои зада пеш кардани душмани манҳус ва озодии Ватан шуҷоату далерӣ зоҳир намуд. Ӯ соли 1943 дар яке аз муҳорибаҳо аз се ҷои бадан маҷрӯҳ шуд, алалхусус ҷароҳати пояш хеле вазнин буд. Ҳамроҳ бо маҷрӯҳони дигар ӯро аввал ба Керч оварданд, сипас ба Сочӣ. Тамоми ин муддат Азиз беҳуш мехобид. Либосашро, мисли либоси маҷрӯҳшудагони дигар, аз танаш берун оварда, барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар оташ сӯзониданд. Вақте Азиз ба ҳуш омад, худро дар оина дида, ба даҳшат афтод: ҳар ду даст ва як пояш гаҷкорӣ буд, рангаш мисли заъфарон зард. Либосҳояшро пурсид. Ба ӯ гуфтанд, ки баъди табобат барояш либоси дигар медиҳанд. Дафтарчаи сарбозӣ ва билети комсомолияш, ки дар ҷайби шинели ӯ монда буд, ба коми оташ рафтанд.

Аз Сочӣ ӯро, дар қатори маҷрӯҳони дигари вазнин, ба Степанакерти Озарбойҷон ва сипас ба Қаршӣ, аз он ҷо ба Душанбе интиқол доданд. Дар шифохонаи ҳарбии шаҳри Душанбе, ки дар бинои меҳмонхонаи «Вахш» ҷойгир буд, Азизро ҷарроҳӣ карда, оҳанпораҳои снарядро аз устухони пояш ҷудо карда гирифтанд. Аз давраи ҷароҳат бардоштан то табобат ёфтани Азиз Қодиров нуҳуним моҳ давом кард. Ӯ дигарбора азми ба фронт рафтан намуд, вале комиссияи тиббии назди комиссариати ҳарбӣ ҷароҳатҳои бардошта ва ҳолати воқеии саломатиашро ба ҳисоб гирифта, маъюб ҳисобид ва хоҳиши Азиз Қодировро рад кард.

Баъд аз ин Азиз Қодиров ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохта, 45 сол ба тарбияи насли наврас машғул шуд. Дар ин миён соҳиби маълумоти олӣ низ гардид, садҳо нафар шогирдонаш ҳоло дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекунанд.

- Ман хоҳиши зиёд доштам, ки то лонаи фашистони ғаддор – Рейхстаг равам, зеро дар муддати се соле, ки бар зидди онҳо ҷангидам, нафратам нисбати ин ишғолгарон бамаротиб афзуда буд. Ғалабаи бузургро тариқи радио шунида, худро беандоза хушбахт ҳисобидам, зеро медонистам, ки дар ин Ғалаба заррае ҳам бошад, ҳисса гузоштаам, — мегӯяд бобои Азиз ва чашмонаш пуроб мешаванд. Ин лаҳза симои ҳамяроқонам пеши назарам меоянд. Русу украину беларус, гурҷиву қазоқ, тотору ӯзбек, ҳама ҳамватан, дӯстдори марзу буми кишвари азиму азизи хеш будем.

Ҷавонони мо дӯстдории Ватанро аз мо – собиқадорон бояд омӯзанд. Ман ва дигар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи идҳои бузург бо наврасону ҷавонон мулоқот ва ба онҳо аз рӯҳияи размандагони Ватан дар солҳои мудҳиши ҷанги хонумонсӯз нақлҳо мекунем. Хизмати аскарӣ барои ҳар ҷавон вазифаи муқаддас аст ва онро аз дилу ҷон адо кардан қарзи шаҳрвандист.

Ман ҳашт нафар фарзанд дорам ва чортои онҳо писаранд. Ҳамаи писаронам соҳиби маълумоти олӣ шуда бошанд ҳам, ман онҳоро ба аскарӣ гуселонидам, то ин ки дар мактаби ҳаёт обутоб ёбанд.

Азиз Қодиров соли гузашта дар маросими гузашти Ғолибон (Парад победителей) дар Поклонная гораи Москва иштирок намуд.

- Вақте ки моро ба автобус шинонида, ба Поклонная гора мебурданд, дар паҳлуи генерале ҷой гирифтам. Дар бораи солҳои наҳси ҷанг аз ину он суҳбат мекардем, муайян шуд, ки мо дар як ҷузъу том хизмат кардаем.

- Ту командири ротаи якуматонро ёд дорӣ? – пурсид генерал аз ман.

- Бале, майор Шарипов ном дошт.

- Ҳамон Шарипов манам, — изҳор дошт генерал ва аз ронанда хоҳиш намуд, ки автобусро нигоҳ дорад.

Мо ҳар ду аз нишастгоҳ берун шуда, ҳамдигарро сахт ба оғӯш гирифтем. Ашки чашмонамон беист ҷорӣ буд. Хурсандӣ мекардем. Шукрона мегуфтем, ки ба Рӯзи Ғалабаи бузург расидем.

- Илоҳо номи ҷанг гум шавад, он рӯзҳои наҳсро дигар набинем. Ҳазорон сипос ба Сарвари давлатамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки мо – собиқадоронро беандоза дӯст медораду меҳрубонӣ ва кумак мекунад. Дасташ дардро, дилаш ғамро набинад, — бо чунин дуо суҳбати моро хотима бахшид Азиз Қодиров.

ДАР СУРАТ: Азиз Қодиров (аз чап дуюм) дар шаҳри Москва

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум