Шӯхиҳои солинавӣ

№157 (3637) 31.12.2016

Аз узви собиқи Иттифоқи нависандагон пурсиданд:

- Пас аз хориҷ шудан аз узвият худро чӣ гуна эҳсос мекунед?

- Хеле хуб, — гуфт ӯ. Пештар қариб ҳеҷ кас намедонист, ки ман узви Иттифоқи нависандагонам. Ҳоло бошад, ҳама медонад, ки…

 ***

Ба Ҳиллари Клинтон гуфтанд, ки агар ӯ ҳам мисли Доналд Трамп дар маъракаи пешазинтихоботӣ бо  шиори «Мо метавонем!» таблиғоташро ташкил мекард, албатта, пирӯз мешуд.

Ӯ посух медиҳад:

- Барои анҷоми ин кор бояд ҳатман ба «СССР» рӯ меовардам, ки ба ин амал шояд «Миллат» розӣ намешуд.

***

Доналд Трамп эълон кард, ки агар Президенти ИМА интихоб шавад, маоши давлатиашро намегирад.

Баъди ин дар Тоҷикистон ҳам чанд нафар эълон  карданд, ки агар дар ин ё он идора ва ё вазорат роҳбар таъин шаванд, аз гирифтани маош даст мекашанд.

 ***

Корманди БДА автомашинаеро манъ мекунад. Дар пушти фармон устоди донишгоҳиаш нишаста буд.

Устод гилаомез:

- Магар аз ман ҳам ягон тамаъ доред, шогирд?

Корманди БДА:

- Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро.

С. Умаров, «Садои мардум»