Шӯрои ВАО: Риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ мушкилоти дигарро ба миён меорад

№121 (4071) 10.10.2019

«Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама», «Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр», «Асардуздӣ», «Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс», «Эҳтимоли бегуноҳӣ» бандҳои меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мебошанд, ки бештар вайрон шудаанд. Хусусан, моҳи июни соли 2019 аз ҷониби 13 расона 25 маротиба 10 банд, моҳи июл аз ҷониби 13 расона 80 маротиба 9 банд ва моҳи август аз тарафи 17 расона дар 54 маврид 10 банди меъёрҳо вайрон шудааст. Дар ин бора 8 октябри соли равон дар толори хурди Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» зимни муаррифии натиҷаи мониторинги риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар кишвар маълумот дода шуд.

Тавре Шаҳло Акобирова — раиси Шӯрои ВАО иброз дошт, натиҷаи баррасӣ нишон медиҳад, ки ба ҷуз 4 банд дигар ҳама банди меъёрҳои номбурда аз ҷониби қисмати зиёди расонаҳо риоя нагардидаанд. Ин дар ҳолест ки, — гуфт ӯ, — дар баррасӣ теъдоди хеле ками расонаҳо фаро гирифта шудаанд, агар расонаҳои бештар фаро гирифта мешуданд, эҳтимол вазъ аз ин ҳам ҳузнангезтар мебуд. Ба таъкиди раиси Шӯрои ВАО, агар журналистон дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ фаъолият накунанд, мушкили зиёди дигар пеш хоҳад омад.

Зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои меҳварии рӯзноманигорӣ дар замони зуҳури расонаҳои нав, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рушди фанноварии иттилоотӣ дурустиву беғаразии ахбор мебошад. Зеро ин пешрафтҳо агар, аз як тараф, ба рушди журналистика мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар, имкони дурӯғпароканиро бештар намудаанд. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ ва стандартҳое, ки аз ҷониби ҳама эътироф шудаанд, зарур ва ҳатмӣ мебошанд.

М. УСМОН, «Садои мардум»