Шаҳпари Симурғ

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

 DSC_4226Осмоне, ки дар он шаҳпари Симурғе нест,

Тиҳӣ аз ҳавсалаи болу пари парвоз аст.

 

Лонае ҳам, ки дар он чӯҷаи Симурғе нест,

Тиҳӣ аз замзамаю чаҳчаҳаи овоз аст.

 

Сарфарозии ту, эй миллати озодаи ман,

Аз ҳамон шаҳпари симурғии ҷонафроз аст.

 

Моҳтобе, ки шаби тор ба бомат тобад,

З-офтобест, ки гардунаи гардунтоз аст.

 

Шавқи парвози ту, эй чӯҷаи симурғии дил,

З-ошёнест, ки обастани сад оғоз аст.

 

Раҳнаварде, ки набошад ба бараш қутбнамо,

Рафтане ҳаст, вале рафтани беанбоз аст.

 

Каҳкашоне, ки дар он манзилу маъво дорем,

Бо ҳама сангдилӣ ҳамнафасу ҳамроз аст.

 

Ҳон, эй миллати соҳибдили озодасиришт,

Толиби ҳар ду ҷаҳон муштарии парвоз аст.

ВОРИС