Шаҳре аз саргаҳи таърих

№67 (4173) 06.06.2020

2019-10-11sarazm_jpgҲар гоҳе аз паҳлуи мавзеи таърихии Саразм мегузарам, эҳсоси ифтихор вуҷудамро фаро мегирад, ки бо бозёфтҳои беназир мавриди таваҷҷуҳи машҳуртарин марказҳои бостоншиносии ҷаҳон қарор гирифтааст. Он дар сарҳади паҳно ва кӯҳсори водии Зарафшон, 15 километр ғарбии Панҷакент ва 45 километр шарқии Самарқанд ҷойгир мебошад.

Бозёфти ин ёдгории беназири 5500-сола ба номи сокини деҳаи Авазалии деҳоти «Чимқӯрғон» (ҳоло «Саразм») Ашӯралӣ Тайлонов марбут аст. Соли 1976 ӯ аз паҳнои назди деҳа табареро пайдо кард ва баъди чанде онро ба бостоншинос, равоншод Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронид, супурд.

DSC_1692Дар ҳақиқат, кашфи шаҳраки бостонии Саразм аз ҷониби бостоншиноси маъруф Абдуллоҷон Исҳоқов дар илми бостоншиносии ҷаҳон саҳифаи нав боз кард. Он чун ёдгории бостонӣ маданияти кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии гузаштагонро бозгӯ мекунад ва далели муътамади саҳми арзандаи аҷдодон дар ташаккули тамаддуни бостонии башарият аст. Инро ҳафриёти бостоншиносони ватанӣ ва хориҷӣ, ки беш аз чил сол аст идома меёбад, таҳқиқоти зиёде, ки дар заминаи бозёфтҳои Саразм таълиф шудаанд, маърӯзаҳои зиёди муҳаққиқон дар конфронсу ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ собит кардаанд. Ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон ворид шудани Саразм бурҳони қотеи мавқеъ ва аҳамияти боарзиши ин ёдгории беназири бостонӣ аст.

Тавре муҳаққиқон мегӯянд, ҳаёти маданӣ дар Саразм аз миёнаи ҳазораи чоруми то милод оғоз гардида, беш аз ҳазор сол идома ёфта, баъдан бо сабабҳои гуногун рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки саразмиён охири ҳазораи сеюми қабл аз милод ба ду самт — ба ғapб, ки баъдан он ҷо шаҳрҳои бузурге чун Самарқанду Бухоро зуҳур кардаанд ва шарқ — ҷониби саргаҳи Зарафшон, рӯ овардаанд.

DSC_1732Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки он аз деҳаҳои ҷудогонаи аз ҳам начандон дур иборат аст. Баъди таҳқиқоти солҳои охир муайян гардид, ки Саразм мавзеи аҳолинишини воҳидро ташкил дода, масоҳаташ беш аз 100 гектар будааст ва он ҷо зиёда аз 8 ҳазор нафар сукунат доштаанд.

Дар шаҳраки Саразм биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар тарафи ҷанубу шарқӣ ҷой гирифта, растаҳои ҳунармандон дар шафати биноҳои маъмурӣ воқеъ будаанд. Ҳафриёт собит намуд, ки тарҳи биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ аз ҳам ҷиддан тафовут доранд. Агар биноҳои маъмурӣ аз якчанд толори барҳаво, даҳлезҳо, тирезаҳои калон иборат ва болои таҳкурсиҳои хишти хом бунёд шудаанд, биноҳои истиқоматӣ аз се — чаҳор ҳуҷраи майда, саҳни ҳавлӣ, анбору хамбаҳо иборатанд.

Ҳамчунин, дар Саразм якчанд ибодатгоҳ низ пайдо шуданд, ки аз оину мазҳаби сокинони он шаҳодат медиҳанд. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа ва доирашакл, ки дар марказашон чуқурии начандон амиқ барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст, ёфт шуданд. Яъне, ҳанӯз аз охири ҳазораи чоруми қабл аз милод дар биноҳои маъмурии саразмиён нишонаҳои парастиш ва бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои асосии оинҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ гашт.

Таҳқиқоти Саразм, бар хилофи ақидаи бархе аз бостоншиносон, собит намуд, ки заминаи пайдоиши аввалин шаҳрҳо ҳанӯз аз ибтидои аҳди биринҷӣ оғоз меёбад. Муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки шаҳраки Саразм ҳамсинни ёдгориҳои охири ҳазораи чорум ва ибтидои ҳазораи сеюм чун Намозгоҳтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ, Мундикати Афғонистон, Яҳётеппаю Шаҳрӣ ва дигар ёдгориҳои бостонии Эрон, Меҳанҷодорони Ҳиндустон будааст ва бо онҳо равобити гуногун ҳам доштааст.

Бозёфтҳои Саразм баёнгари он ҳастанд, ки маҳз гузаштагон ба пайдоиши шаҳрсозию меъморӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ замина гузоштаанд.

«Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, нобаробарии молумулкӣ, ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, ба соҳаҳо тақсимшавии меҳнат чун кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯию заргарӣ, бофандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ, ки дар Саразм ба мушоҳида мерасанд, аз рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии осиёӣ мебошанд», — гуфт бостоншинос Шарофиддин Қурбонов.

Саразмиён бо манотиқи атрофу акноф робитаи тиҷоратию фарҳангӣ низ доштанд. Баъдан, Суғдзамин ба яке аз марказҳои «Роҳи абрешим» табдил ёфт, ки нумӯи он аз Саразми Панҷакент сарчашма мегирад. Пайдо гардидани лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси Балуҷистону Сиистони Афғонистон дар ҳафриёти Саразм ба ин гувоҳанд.

«Ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омӯзиш ва такомули чандин маданияти ақвоми ҳиндуаврупоӣ ба назар мерасад», — чунин баҳо додаанд муҳаққиқон.

Гурӯҳи бостоншиносони Фаронса дар ҳамкорӣ бо кормандони пойгоҳи бостоншиносии Саразм ба омӯхтани иншооти обёрии ин куҳаншаҳр машғул шуда, бо истифода аз таҷҳизоти ҷадид ҷӯйбореро кашф намуданд, ки таърихи беш аз 4500 — сола дошта, дар аҳди қадим саразмиён аз он барои обёрии зироат истифода менамудаанд. Яъне, ба тамаддуни кишоварзӣ ҳанӯз дар аҳди қадим замина гузоштаанд.

Маҳз ҳамин махсусияти Саразм дар байни ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Шарқи Миёна боис ба таваҷҷуҳи бостоншиносони мамолики гуногун гардид ва онҳо аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта то кунун дар таҳқиқи он иштирок менамоянд. Дар заминаи бозёфтҳои Саразм чандин конфронси илмӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор шуд. Соли 1982 зимни ҳамоиши илмии байналмилалии Иттиҳоди Шӯравию Фаронса перомуни «Маданияти қадимии Бохтар», ки дар Душанбе доир шуд, маърӯзаи аввалин муҳаққиқ ва кашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар мавзӯи «Омӯзиши ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм дар водии Зарафшон» мавриди таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносони ватанию хориҷӣ қарор гирифт. Маҳз дар ҳамон конфронс бостоншиноси машҳури Фаронса Жан Клод Горден хоҳиши иштирок дар омӯзиши Саразмро баён дошт ва бо пуштибонии президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, зиндаёд Муҳаммад Осимӣ аввалин экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса ба таҳқиқи Саразм шурӯъ намуд. Минбаъд бостоншиносони машҳури Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия, Италия, Олмон, Ӯзбекистон таҳқиқоти пурарзиш анҷом доданд ва натиҷаи омӯзиши муҳаққиқони ватанию хориҷӣ дар якчанд ҳамоиши байналмилалии илмӣ дар Душанбе, Панҷакент, Амрико, Фаронса, Россия, Туркманистон, Италия, Эрон, Африқо баррасӣ гардида, дар ин замина, рисолаҳои зиёди илмӣ низ таълиф шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳамоиши илмии байналмилалие, ки соли 1994 дар Панҷакент доир гашт, олимони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ ба хулоса омаданд, ки ин ёдгории бостонӣ таърихи беш аз 5500 — сола дорад. Инро бозёфтҳо ва таҳқиқоти баъдинаи Саразм низ собит намуданд. Хуллас, Саразм бо бозёфтҳои нодир, таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносии ҷаҳон дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаро соҳиб гаштааст ва ҳар сол мавриди назари олимон ва сайёҳон қарор мегирад.

Баъди ба истиқлол расидани кишвар таваҷҷуҳ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Саразм, бештар гашт. Ҳифзи мероси фарҳангӣ, таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, фарзандони барӯманди миллат ба ҷузъи асосии сиёсати фарҳангии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Дар саромади ҳамаи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Ёдоварии таҷлили бошукӯҳи 1100-солагии давлати Сомониён, 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, ҷашнвораи Имоми Аъзам, 3000- солагии Ҳисор, бунёди калонтарин китобхона дар Осиёи Миёна, даҳҳо иншооти фарҳангии дигар ва эълони дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани 5500-солагии бостоншаҳри Саразм далели муътамади ин гуфтаҳо аст.

Ман он замон ба ҳайси раиси шаҳри Панҷакент шоҳид будам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафар ба Панҷакент аз Саразм боздид ба амал меоварданд. Аз ҷумла, дар нахустин боздид аз Саразм Пешвои миллат ба таърихи кашфи ёдгорӣ, бозёфтҳои аз ҳафриётҳо бадастомада таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳангоми боздид сухан аз ҳифзи ёдгории беназир, ки метавонад таърихи ғановатманди моро ба оламиён муаррифӣ намояд, сухан рафт ва ман фикри олимонро дар ин бобат баён дошта, аз ҷумла, гуфтам, ки баъди ҳафриёт ба хотири ҳифз онҳо хокпӯш карда мешаванд. Роҳи дигар, ба фикри бостоншиносон, болопӯш намудани мавзеъҳои асосии ёдгорӣ аст. Пешвои миллат бо он заковати фитрие, ки доранд, пешниҳоди болопӯш намудани панҷ мавзеи ёдгориро дастгирӣ намуданд. Баъдан, бо маблағгузории Ҳукумати кишвар болои панҷ мавзеи ҳафриётшуда ва минбаъд таҳқиқшавандаи Саразм айвонҳои бузург сохта, ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ гардид. Аз ин пештар, 21 сентябри соли 2000-ум бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид.

Акнун мехоҳам чанд хотираю мулоҳизаро оид ба масъалаи ба феҳристи ёдгориҳои башарии ­ЮНЕСКО ворид намудани Саразм ба ёд орам. Огоҳ будам, ки соли 2000-ум бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати ЮНЕСКО ҷиҳати ба феҳристи ёдгориҳо ворид намудани мавзеи бостонии Саразм муроҷиат шудааст. Баъдан, дар заминаи он коршиносону муҳаққиқони ЮНЕСКО якчанд маротиба аз шаҳраки бостонии Саразм боздид карда, онро ҳамаҷиҳата мавриди омӯзиш қарор доданд. Ин раванд даҳ сол тӯл кашид ва ман солҳои 2001-2007-ум ба ҳайси раиси шаҳри Панҷакент борҳо муҳаққиқону мутахассисони ин созмони бонуфузи байналмилалиро пазируфтам. Дар боздиди нахустин коршиносони созмони ЮНЕСКО шарти аввали пазироии ёдгориро розигии сокинони деҳаҳои ҳамшафати он гуфтанд. Хуб дар ёд дорам, ки ҳамроҳи коршиносон ба деҳаи Авазалӣ, ки ҳамшафати ёдгорӣ аст, мерафтаму меандешидам, ки мабодо дар мулоқот нафаре изҳори норозигӣ кунад. Хушбахтона, зимни суҳбат сокинони деҳа якдилона розигӣ дода, чапакзании пурмавҷу бардавом намуда, коршиносони ­ЮНЕСКО-ро дар ҳайрат гузоштанд. Дар он боздидҳо коршиносони созмони бонуфузи байналмилалӣ борҳо болопӯш шудани панҷ мавзеи ҳафриёт ва минтақаҳои таҳқиқшавандаро кори шоиста ва дар ҷаҳон нодир арзёбӣ намуданд. Дар он лаҳзаҳо бори дигар ба дурбинию заковати Пешвои миллат тан додам.

Зимнан, ин раванд ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошт ва он кас ин масъаларо дар мулоқот бо собиқ Дабири кулли ­ЮНЕСКО, ҷаноби Митсура дар Душанбе ва Порис, дигар созмонҳои байналмилалӣ матраҳ ҳам карданд. Яъне то ба баррасӣ гузоштани масъа­ла моҳи июли соли 2010-ум дар иҷлосияи 34-уми Кумитаи байналмилалии мероси фарҳанги ЮНЕСКО-и СММ, ки дар пойтахти Бразилия — шаҳри Бразилиа, доир шуд, роҳи дарозе тай гардид ва бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ёдгории бостонии Саразм, ҳамчун маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ дар Осиёи Марказӣ ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил гардид. Он нахустин ёдгории бостоншиносии Осиёи Марказӣ аст, ки ба ин феҳрист ворид шудааст.

Зиёда аз ин, Сарвари давлат дар ҳар сафар ба Панҷакент аз Саразм боздид менамуданд. Маҳз бо кӯшишу супориши Президенти мамлакат нахуст болои панҷ мавзеи ҳафриёт ва ҳафриётшавандаи Саразм бо айвонҳои бузург пӯшида, ба истиқболи ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ атрофи он панҷарабандӣ карда шуд. Аз ин пештар, 21 сентябри соли 2000-ум бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 391 ёдгории 5500 — солаи Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихӣ — бостоншиносӣ эълон гардид. Яъне, ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид шудани ёдгории Саразм аз як ҷиҳат аҳамияти хосаро доро будани он дар илми бостоншиносӣ бошад, аз ҷониби дигар талошу кӯшиш ва саҳми бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Зимнан, моҳи июни соли 2005 бар асари сели даҳшатовар ба сокинони деҳоти «Шинг» хисороти азим расид ва бо дастури Пешвои миллат барои зиёндидагон дар канори ҷамоати деҳоти он замон «Чимқӯрғон» замин ҷудо шуд ва то моҳи ноябр барои 300 оила бо дастгирии ҳама минтақаҳои мамлакат шаҳраки ҳозиразамон бунёд гардид. Дар маросими ифтитоҳи шаҳрак Пешвои миллат иштирок доштанд ва ба он номи Саразмро гузоштанд. Баъдан ҷамоати деҳот низ ин номро гирифт.

Ба ин маънӣ эълон шудани таҷлили 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм тавре Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, дар заминаи таҳқиқотҳои густурдаи олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои илмии байналхалқӣ, мавқеи ёдгории беназир дар ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрсозии на танҳо гузаштагони халқи тоҷик, балки Осиёи Марказӣ қарор дорад ва он бори дигар барои ҷаҳониён собит месозад, ки миллати тоҷик дорои таърихи ғановатманд аст ва он дар бунёди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми бориз гузоштааст.

… Ҳар сафар ба зодгоҳро аз боздиди шаҳраки бостонии Саразм оғоз мекунам. Дар кӯчаҳои панҷунимҳазорсолаи он қадам мезанам, ба осори қасру кӯшкҳо, оташкадаҳо, хумдонҳо, олоту асбобҳои офаридаи ҳамдиёрони хеле дурам, ороишоти беназири Маликаи Саразм менигарам ва меандешам: миллатеро, ки гузаштагони барӯманд, ҳунарофару шаҳрофар дорад ва Пешвояш ба қадри таърихаш мерасад, ба он арҷ мегузорад, ояндаи дурахшон интизор аст.

Шакарбек САМАДӢ, номзади илмҳои иқтисод, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент дар солҳои 2001 — 2006.

Суратгир Неъматулло Алиев