Шамъи маҳфили ҷавонони боистеъдод

№115 (3416) 28.08.2015

M(Очерк)    

Замин ларзид… Замин ларзид ва ба қавли кампири Асила аз ҳайбати он «кӯҳи он соҳили Сурхоб бӯса ба ҷабини кӯҳи ин тарафи дарё зад». Деҳа вайрон шуд. Мурдаҳо бесоҳиб, зиндаҳо мадори навҳакашӣ надоштанд. Қадри инсон ба хоки сиёҳ баробар шуд. Дараи Хунуч, ки аз 12 деҳа иборат буд, ба харобазор табдил ёфт. Пирони рӯзгордида сар ба саҷда бурданду гуфтанд: «дунё ба охир расидааст». Ҳар кас медонисту дави аспаш…

Бачаи ёздаҳсола буд, ки ин  ҳамаро бо чашми сар дид. Ибтидо чизеро пай набурд. Шом шуд. Касе ба суроғаш наомад. Як пирамарди лоғарандом дасташро гирифту аз ҷойи фоҷиа дуртар бурд. Тааҷҷуб кард. Аз он дар ҳайрат монд, ки модари меҳрубон чаро ӯро садо намекунад. Ба ҳар сурат хастагӣ ба вай чира гашту хобаш бурд. Дар хоб дид, ки модарҷонаш миёни дарёи хоксел ғарқ мешавад ва гоҳе аз чанголи хоки равон раҳида, боло мебарояд, дастони наҳифу ларзонашро тарафи ӯ ёзонда, имдод мехоҳад. Ҳаросон бедор шуд ва шитобзада аз ҷо бархост. Пирамард нахобида буд. Рӯйи яктаҳи лойолудаш нишаста, бо Худои худ роз мегуфт. Фарёди нобаҳангоми писарак ӯро ба олами ҳастӣ хонд. Дасти Абдуллоро гирифту паҳлуяш нишонд. Бо дастони пуробилаву дурушт рухсораҳои оташгирифтаашро сила кард. Абдулло ба рухсораҳои чӯкида ва чашмони фурӯрафтаи пиракӣ нигарист, пирамард мегирист. Хомӯшона ашк мерехт ва аз таъсири он шонаҳои хушкидааш меларзиданд. Садои ӯро намешунид, вале хуб эҳсос намуд, ки ӯ гиря мекард. Гиряашро диду бештар дар ҳайрат афтод, зеро то ҳанӯз надида буд, ки марди пири дунёдида ашк бирезад.

Субҳи барвақт ӯро аз хоби маст мӯйсафед бедор намуд. Ҳаво сарду тира буд. Як қадам дуртар чизеро намедид. Аз дуриҳо овози одамон ба гӯш мерасид. Баъд пирамард дасташро гирифт ва ҷониби дашти Қалъанак таноби роҳ кашид.

Дар дашти Қалъанак зиндамондаҳо ҷамъ шуданд. Аз 12 деҳаи дара шумораи ками мардум омаданд. Байни онҳо на модарашро пайдо карду на хешони наздикашро. Аз маркази вилоят намояндаҳо омаданд. Онҳо гардани пиронро ба оғӯш гирифта, қатори мардуми аламрасида гиристанд. Баъд дар осмони хираи дашт тайёраҳо пайдо шуданд. Бачаҳо ибтидо ғурриши онҳоро шуниданд. Тайёраҳо паст фаромаданд. Он қадар паст фаромаданд, ки Абдулло сарнишини якеашро дид. Касе аз тайёра ба поин халтаҳоро мепартофт. Дар халтаҳо нон буду қуттии консерва. Мардон халтаҳоро кушода, байни мардум тақсим карданд. Шикамсерӣ хӯрок хӯрданд. Пирамарди нуроние даст ба дуо бардошт. Ба арвоҳи гузаштаҳо дуо кард. Шукронаи давлату роҳбарони ғамхорро кард, ки дар чунин рӯзи сахт онҳоро фаромӯш накардаанд.

Хеле баъдтар донист, ки собиқ ноҳияи номдори Ҳоит аз ин заминларза ба замин яксон шудааст. Ин воқеа тобистони соли 1949 рух дода буд.

Пирамард ҳанӯз сар ба домони тафаккур кашида буд. Дер боз ӯро надида будам, хостам соате паҳлуяш нишинам, аз аҳволаш бипурсам, вале сукути ӯро халалдор кардан нахостам. Болои сари ӯ рост истода, ба мӯи сафеди парешонаш чашм дӯхтам. Даме ки сар аз домони андеша берун оварда, тарафи ман рӯй гардонд, чашмам ба рухсораҳои оташгирифтааш хӯрд, ки тар буданд. Маро диду саросема бо кафи даст ашки чашмонашро пок кард.

-Эээъъ… кай омадӣ? -Хиҷолатзада садо баланд кард ӯ. – Пир шудам, додар. Пир, ки шудам, зуд — зуд  хешу ақрабои рафта аз олами дур ба суроғам меоянд. Онҳо, ки омаданд, одаму олама фаромӯш мекунам. Ҳамроҳи эшон суҳбат мекунам. Рӯзгори гузаштаамро қисса мекунам. Аз дарди фироқ ҳарф мезанем. Ҳоло модарам омада буд.

Акаи Абдулло аз ҷо баланд мешавад. Бо дастони ларзонаш маро ба оғӯш мекашад. Ҳамон табассуми талху ширин дар лабони хушкидааш нақш мебандад.

-Гуфтам як ҳолпурсиатон кунам ва ба рӯзи Иди матбуот табрикат гӯям,- бо овози паст мегӯям ман.

-Хуб кардӣ, шукр, ки бачаҳо гоҳ-гоҳ меоянд. Ба шумо ҳам муборак шавад. Шогирдони  намакшинос дорам. Шукр…

Ба чеҳраи нуронии ин марди наҷиб менигарам. Дигар дар чеҳрааш аз андӯҳу дард осоре нест. Дар бораи мактаб бозавқ ҳарф мезанад. Аз бачаҳои соҳибистеъдоди мактаби деҳа ёд меорад. Онҳоро бо хонандагони имрӯзаи мактаб муқоиса мекунад. Аз он шиква мекунад, ки бачаҳо имрӯз кам китоби бадеӣ мехонанду ҳушу ёдашон тамошои филмҳои бемаънӣ.

- Синну солам аз ҳафтод гузашт, аммо аз мактаб дил канда наметавонам. Хаёл мекунам, ки таноби умри ман дар дасти бачаҳои мактабхон аст.

Пирамард ҳарф мезанад. Дигар ҳарфҳои ӯ ба гӯшам намедароянд. Рӯзгори рафтааш пеши рӯям ҷилвагар мешавад. Аз варақаи тарҷумаи ҳол буд ё аз саҳифаи зардшудаи рӯзномае нафаре аз дӯстон пора-пора аз фаъолияти корию зиндагиномаи Абдулло Давлатов мехонад, ки мухтасаран чунин аст:

Абдулло Давлатов соли 1938 дар деҳаи Қалъаи миёнаи деҳоти «Қалъанак»-и ноҳияи Ғарм (Рашт) чашм ба дунёи ҳастӣ боз кардааст. Падар — сарвари хонадон, ки акнун ба синни чил қадам гузошта буд, соли 1943 пайи дарёфти бурдаи нон ба мардикорӣ рафт. Дар шаҳри Андиҷон як сол ба бегонаҳо хизмат кард. Тирамоҳ бозёфташро ғундошту ба Ватан баргашт. Дареғ, ки насиби дидор набудааст. Ҳангоми гузаштан аз ағбаи Қароқушхона роҳзанҳо ба ваю ҳамраҳонаш ҳамла карданд. Мусофиронро ба қатл расонданд, чизу чораашонро ғорат карданд.

Соли 1953 шахсони дилсӯз ӯро ба мактаб — интернати шаҳраки Навобод бурданд. Марди дунёдида Муқим Набиев сарвари ҳамин мактаб буд. Ҳамон Муқим Набиев — афсари лашкари собиқ давлати номдори Шӯравӣ, ки панҷ сол дар сангар муқобили фашистон ҷангида буд. Ятимонро дӯст медошт. Бо тавсияи М. Набиев Абдулло қатори дигар бачаҳои ятим дар ин ҷо таълиму тарбия гирифт. Баъди хатми мактаб ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд ва онро бомуваффақият хатм намуд. Якуним сол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 8 шаҳраки Навобод ба ҳайси омӯзгор кор кард.

- Соли 1961  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карданд. То соли 1965  дар хизмат буд. Баъди бозгашт ба зодгоҳи хеш ду сол мудири шуъбаи ташкилии кумитаи комсомол буд. Баъд ба Андиҷон рафт. Мехост ёру ошнои падарашро пайдо кунад. Мехост мулкеро бубинад, ки падару бобоҳояш он ҷо муздурӣ карданд. Як дӯсти падарро пайдо кард. Бо маслиҳати ӯ ду сол ба мактаббачаҳо аз забони русӣ дарс гуфт. Дар ин давра шуъбаи ғоибонаи Институти педагогии шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих хатм намуд.

Соли 1969 ба ноҳияи Ғарм омад. Ӯро барои кор ба рӯзномаи ноҳиявии «Қаротегини советӣ» даъват намуданд. Дар ин даргоҳи муқаддас 30 сол дар вазифаҳои гуногун кор кард.  Бо мақсади тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар назди рӯзнома маҳфили адибони ҷавонро бо унвони «Гулафшон» ташкил кард ва ин маҳфил дар тарбияи ҷавонони боистеъдод хизмати арзандае карда тавонист.

Баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар шароит дигар шуд. Як муддат рӯзнома аз фаъолият бозмонд. Ӯ дар хона танҳо менишасту андеша мекард, ки ба куҷо равад. Чӣ гуна ба халқу Ватан дар ин шароити душвор хизмат намояд. Бо маслиҳати дӯстон боз ба мактаб баргашт.

Соли 1995 шароит дар кӯҳистон дигар шуд. Мутахассисон тарки Ватан карданд.  Ӯ ба ҷойи чанд омӯзгор ба бачаҳо дарс мегуфт. Аз фанҳои таърих, забону адабиёти тоҷик, забони русӣ. Соли 2000 аз вай хоҳиш карданд, ки сарварии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №69-и деҳаи Қалъаи Шайхро ба зимма бигирад. Аълочии маорифи Тоҷикистон Абдулло Давлатов то соли 2008 дар ҳамин вазифа кор кард. Замоне, ки нашри рӯзномаи ноҳиявӣ шурӯъ гардид, омад ба дафтари кории сармуҳаррири ҷавон. Табрикаш гуфт. Ҳафтае як-ду бор меомад. Ба рӯзноманигорони навкор маслиҳат медод. Гоҳ-гоҳ қалам ба даст мегирифту лавҳае ё мақолае менавишт. Аз ҳаёти мактаббачаҳо, аз мушкилоти кори омӯзгор, аз лаҳзаҳои ширину талхи ҳаёти худ.

Хизматҳои ӯ бо мукофотҳои моддӣ ва хотиравӣ қадр шудаанд.

Имрӯз ӯро дар ноҳия хурду калон эҳтиром мекунанд. Шогирдони зиёд ба ҳолпурсиаш меоянд ва дар маҳфилҳо боэҳтиром номашро ба забон меоранд. Аз зиндагии хеш қаноатманд асту шукри умри бобаракатро менамояд.

Диловари МИРЗО,«Садои мардум»