Шеъри ӯро дӯш дар гаҳвора аз бар кардаем

№74 (3220) 08.07.2014

турсунзода

Бахшида ба 103 — солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, бо ибтикори  кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  дар толори фарҳангии донишгоҳ конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки   «Ошёни баланд» номгузорӣ шуда буд. Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов  оид ба  «Мақоми Мирзо Турсунзода дар шеъри муосири тоҷик» сухан ронда, нақши шоирро дар густариши дӯстии кишвари мо бо давлатҳои дигар махсус таъкид кард.

Мирзо Турсунзода шоири замони худ  буд, вале то имрӯз  шеърҳояш мақоми худро гум накардаанд.  Абдуҷаббор Раҳмонов баъди Лоҳутӣ ва Айнӣ  Мирзо Турсунзодаро сеюмин шахсияте арзёбӣ намуд, ки жанри достонро ривоҷ бахшидааст. Ӯ ду муваффақияти достони «Чароғи абадӣ» — ро шарҳ дод, ки дар услуби нигориш ва шинохти шахсияти Айнӣ устод Турсунзода ба даст овардааст. Ба қавли ӯ, то ин замон ба ин шакл чеҳраи адабии Айнӣ ва мақоми ӯро дар таъриху фарҳанг касе накушода буд. Ҳамзамон  Абдуҷаббор Раҳмонов устод Турсунзодаро дар драматургияи замон пешгом дониста гуфт, ки баъдан Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ, Нур Табаров ва дигарон дар ин  пайроҳа гом бардоштаанд. Дар ҳошияи ин гуфтаҳо декани факултети филологияи тоҷик   Боймурод Шарифзода оммафаҳм будани эҷодиёти шоирро зикр кард. Ӯ барои тақвияти фикраш мисраъҳои шоир Бозор Собирро мисол овард: «Шеъри ӯро дӯш дар гаҳвора аз бар кардаем», яъне  шеър бояд он гуна бошад, ки ҳам деҳқон бифаҳмад, ҳам зиёӣ. Шеъри Турсунзода  ҳамин гуна аст.  Сипас, як гурӯҳ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик шеърҳои Мирзо Турсунзодаро қироат намуданд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»