Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод

№35 (3672) 01.04.2017

Матлаби «Оина гир, к-аз сари инсоф нагзарӣ»-и  Ҷамолиддин Саидзодаро хондаму ба  андеша рафтам. Ба қавли шодравон Лоиқ,  буданду ҳастанд  «шикастабаҳоёну бузургифурӯшоне», ки шахсият ва хидматҳои падари назми порсӣ Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хус­рав, Ҷалолиддини Балхӣ ва устод Айниро ҳам  зери шубҳа гузоштаанд. Хушбахтона, хидматҳои бузурги устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва ҳувияти миллии мо арҷгузорӣ шуда, ба ин фарзонамард бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. 

Аламовар ва боиси таассуф аст, ки Ю. Акбарзода дар китоби худ «Рисолати шоир ва шеър» «иҷборан дурӯғгӯ» будани устод Мирзо Турсунзодаро исбот карданӣ шудааст.

Устод Мирзо Турсунзода фарзанди донишманду  боору номус ва фарзонаи миллат буд, ки дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ фарҳанги миллати моро ба оламиён муаррифӣ кард. Замони шоир ва сиёсати даврони Иттиҳоди Шӯравиро дар китоби арзишманди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл зикр кардаанд:

«Марҳилаи дигари тақдирсоз дар ҳаёти миллати тоҷик ин даврони истиқлолият дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ин давраи таърихӣ бисёр паҳлуҳои мусбат ва манфӣ дошт, ки ҷанбаи муҳимтарини он баъди ҳазор сол аз шарофати инқилоби Октябр дар харитаи ҷаҳон пайдо шудани Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон мебошад. Чанде нагузашта кишвари тоҷикон чун Ҷумҳурии Сотсиалистӣ дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд намуд. Ва бо ҳамин садои онҳое, ки ному насаби миллати тоҷикро қасдан иқрор намекарданд, оқибат хомӯш гардид».

Дар ҷои дигари мақола Ҷ. Саидзода бо таассуф чунин менависад: «Акбарзода на танҳо Турсунзода, балки Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Соҳиб Табаров ва дигаронро дар китоби зикршуда паст мезанад, танҳо устод Лоиқро шоири ягона, комилу бенуқс медонад. Ба қавли ӯ, устод Лоиқ зинда буд, шеър зинда буд, адабиёт зинда буд, устод Лоиқ мурд, шеър мурд, адабиёт мурд, яъне ҳеҷ шоири дигаре ҳамвазну ҳамтои Лоиқ вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт…».

Бузургон  адабиётро ба гулистоне шабоҳат додаанд, ки дар он гулҳои гуногуну рангоранг мерӯяд. Вале агар як ё чанд  гулеро аз ин гулистон решакан кунанд, он зебоиву таровати худро аз даст медиҳад. Аз ҷониби дигар, Ю. Акбарзода арвоҳи шодравон Лоиқро низ бесаранҷом сохтааст, чунки  вай нисбат ба Мирзо Турсунзода ҳамчун устод ва адибе, ки назмаш ва рисолату мартабааш бениҳоят баланд аст, эҳтиром дошт. Ба ин мисраъҳои шодравон  Лоиқ Шералӣ таваҷҷуҳ кунед:

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод,

Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!

Ё:

Рӯди Варзоб то кунад варзиш,

Солиён беқарору осоиш.

Бо ҳамин рӯд назми ту ҷорист,

Бо ҳамин рӯд умри ту боқист.

Шодравон Лоиқ ба таърифҳои беҳуда эҳтиёҷ надорад ва нафароне, ки шоирро пурра нафаҳмида ва надониста бошанд, бояд руҷӯъ кунанд ба ашъори ӯ:

Шумо, шикастабаҳоён, маро чӣ медонед?

Шумо, бузургифурӯшон, маро чӣ медонед?

Ба пеши чашми ҳақиқат чу зарра ночизед,

Ба ҷаҳлу кина, бузургон, маро чӣ медонед?

Ба ақидаи Ҷ. Саидзода: «…Акбарзода мехоҳад бигӯяд, ки инқилоби Октябр моро порча-порча кард, аз ташкилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ба давлат ва ниҳоят ба истиқлол расидан изҳори нохушнудӣ менамояд, дӯсту душмани моро аз ҳам фарқ  намекунад ва ҳанӯз ҳам дар орзуи аморату ҳукумати манғитиён аст», — комилан ҳамфикрам.

Хуб мешуд, ки дар бораи таъриху тамаддуни миллат  ба китобу асарҳои пурқимати олимону таърихнигорон ва сиёсатмадорони варзида, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори Аҳмади Дониш ва китоби «Таърихи нофеъӣ»-и Муҳаммадалӣ Муҳаммадсаид таваҷҷуҳ мекардем ва ин нидои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ҳамчун дарси бедориву шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба хотир меовардем:

Ман, ки дар зиндагӣ аз хайли фаромӯшонам,

Чун бимирам кӣ кунад ёд аз он анҷуманам?

Миллати тоҷик бо гузашти зиёда аз 2300 сол аз забони Пешвои миллати худ шунид, ки «шумо аз ҷумлаи миллатҳои тамаддунофар, миллати тоҷик ҳастед».

Дарси худшиносии миллӣ ва ватанпарасти­ву ватандориро аз суханрониву ҳидоятҳо ва китобҳои арзишманди  Пешвои миллат, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дин ва ҷомеа», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» гирифтем.

Муҳимтар аз ҳама, дар идомаи анъанаи тамаддунофарии аҷдодони гузаштаамон, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон тамаддунсозии нав-тамаддуни сеюм оғоз гардидааст,  ки  таҳкурсии устувори он фарҳанги сулҳофарӣ ба шумор рафта, оламиёнро ба ҳайрат овардаасту  боиси ибрату омӯзиши онҳо гаштааст.

Хулоса, тоҷикон баъди аз байн рафтани Империяи бузурги аҷдодӣ — Империяи порсоён ё Империяи форсҳо, 25 сол мешавад, ки  ба орзуву ормони худ расидаанд.

 Аҳмадҷон АЛИЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи

Ҳизби халқии демократии

Тоҷикистон дар вилояти Хатлон