Ба ифтихори 550-солагии Кавкабии Бухороӣ

Шоир, олим ва хунёгари мумтоз

№133 (3927) 06.11.2018

Олими кавкабшинос, шоир ва мусиқидон Мавлоно Наҷмиддин Кавкабии Бухороӣ чун ситорае дар осмони илму адаби асри шонздаҳи Мовароуннаҳр ҷилои хоса дорад. Ҷойгоҳи баланди ин фарзонамардро ба инобат гирифта, 30 майи соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки 550- солагиаш таҷлил шавад.

 Номбурда дар хурдӣ илми мусиқиро дар назди Абдураҳмони Ҷомӣ фаро гирифта буд ва баъдҳо чун шогирди дорои истеъдоди фавқулода кори устоди худро идома дод ва дар ин фан нодираи замони худ гашт.

Аз ҷониби дигар, ба рушди кори эҷодии ӯ Убайдуллохон, ки он замон дар Мовароуннаҳр ҳукмронӣ мекард, то андозае таъсир гузоштааст.

Кавкабии Бухороӣ рисолаи мусиқие навиштааст, ки бо номҳои «Султония» ва «Дувоздаҳ мақом» машҳур аст. Ӯ ин асари худро ба Убайдуллохон тақдим менамояд. Рисолаи мазкур аз назари илми мусиқишиносӣ дар сатҳи баланд эҷод шуда, аз дебоча, дувоздаҳ мақом (боб) ва хотима иборат аст.

Мақоми якум: Дар шарафи илми мусиқӣ.

Мақоми дуюм: Дар баёни маънии мусиқӣ ва нағматайн.

Мақоми севум: Дар таърифи нағма.

Мақоми чорум: Дар таърифи буъд ва ҷинс ва ҷамъ ва мулоимат ва мунофирати он.

Мақоми панҷум: Дар баёни пардаҳои аслӣ, ки 12 байт (хона) аст.

Мақоми шашум: Дар нисбати овозҳо ва шуъбот.

Мақоми ҳафтум: Дар баёни муракабот.

Мақоми ҳаштум: Дар таърифи нуқра, таърифи моҳияти ҳуруф.

Мақоми нуҳум: Дар таърифи иқоъ.

Мақоми даҳум: Дар адвор-ал-зарб.

Мақоми ёздаҳум: Дар тақсими таснифи изофӣ, ки ба ҳасби аҷзо аз ҳам мумтозанд.

Мақоми дувоздаҳум: Ақсоме, ки бар ҳасби усул аз ҳам мумтозанд.

Хотима дар риоёти ҳолот ва таъини авқот ва таъсири нағамот.

Кавкабӣ мусиқиро илме шариф ва санъате латиф медонад, ки ба рӯҳи инсонҳо таъсир мерасонад. Ӯ дар таърифи нағма менависад: «Бидон, ки нағма овози хушоянде аст. Ва чун ҳақиқати он маълум шуд бидон, ки бар ду қисм аст: қавлӣ ва феълӣ. Қавлӣ чун овози хонанда ва гӯянда. Феълӣ чун садои чангу рубоб ва амсоли он».

Муаллифи рисола мақомҳои аслиро дар мусиқӣ ба дувоздаҳ тақсим менамояд, ки чунин аст: Ушшоқ, Наво, Бӯсалик, Рост, Ироқ, Исфаҳон, Зерафкан, Бузруг, Зангӯла, Раҳовӣ, Ҳусайнӣ ва Ҳиҷоз.

Ӯ таъкид намудааст, ки шунавандагон одамони дорои синну соли гуногун, мақому ҷойгоҳи мухталифанд: «Агар аҳли маҷлисе парҳезкор ва аҳли салоҳ бошанд, қаввол (муғаннӣ, сурудхон) ҳар чӣ хонаду гӯяд, бояд аз панду насиҳат бошад ва ислоҳи кори охират бошад. Ва агар ҳуком ва аҳли салоҳ бошанд, аз боби адолату шуҷоат ва караму мурувват бигӯяд. Ва агар мардуми ҷавон бошанду аҳли шавқ аз ишқу муҳаббат ва вафодорию ниёзмандӣ бигӯяд. Ва агар мусофирон бошанд, аз фироқу ҳиҷрони ёрону дӯстон ва бевафоии рӯзгор гӯяд».

Наҷмиддин Кавкабӣ дар кадом вақти рӯзу шаб кадом оҳангро навохтан ва сурудеро хонданро низ таъкид менамояд. Мусиқишиносону муғанниён дар гузашта воқеан ҳам ба ин чиз диққат медоданд. Онҳо дар шинохти замон ва таъсири суруду мусиқӣ ба инсонҳо аз рӯи ҳисобҳои кавкабшиносӣ амал менамуданд. Кавкабӣ дар ин бора менависад: «Дар аввали субҳ «Раҳовӣ», чун офтоб барояд «Ушшоқ» ва баъд аз он то чошт «Рост» ва дар чошт «Ироқ» ва чун завол бигзарад «Бузруг» ва дар намози дигар «Бусалик», наздики шом «Зангӯла», намози шом «Наво», намози хуфтан «Зерафкан» ва пас аз соате «Исфаҳон»-у ними шаб «Ҳиҷоз»».

Чун Кавкабӣ нуҷумдон буд, гумони ғолиб он аст, ки ӯ ин тартиби хунёгариро аз рӯи таъсири бурҷҳову ситорагон ба замин дарҷ сохтааст. Ҳар соате аз рӯз ва шаб мутобиқи ҷадвали кайҳонӣ дорои таъсири хос ба рӯҳия ва ҳолати инсон мебошад. Ин чизро ба инобат гирифтан ва аз рӯи он зиндагии худро ба танзим даровардан аз ҳикматшиносии ниёкони мост.

Наҷмиддин Кавкабӣ на танҳо баҳри рушди илми мусиқӣ ва санъати хунёгарии замони худ таъсири босазое гузоштааст, балки  шогирдони арзандаро низ тарбият кардааст. Яке аз онҳо Ҳасани Самарқандӣ мебошад, ки дар Самарқанд аз Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ навохтани созҳо ва назарияи мусиқиро аз бар менамояд. Баъд ба Бухоро рафта, дар ин ришта ҳунару истеъдоди худро дар назди Кавкабии Бухороӣ такмил медиҳад. Ҳасани Самарқандӣ мисли Кавкабии Бухороӣ дар илми мусиқӣ аз нодираҳои замони худ мегардад. Вай мактаби устодони худро идома дода, дар навбати худ шогирдони зиёдеро тарбият менамояд. Санъаткорони номии замонаш Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ, Мулло Бобои Қамчин, Устод Алишоҳ, Мулло Ахии Кафшдӯз ва дигарон мусиқиро аз ӯ омӯхтаанд. «Савт», «Амал», «Пешрав» ва нақшҳои зиёдеро ба мақомҳои «Ироқ», «Кӯчак», «Рост» эҷод карда, бо ҳамроҳии устод Алишоҳ «Савти хушгилӣ» ва «Нақши диловез»-ро барои Хоҷа Мираки Чангии Бухороӣ тасниф намуд. Барои устодаш Кавкабии Бухороӣ «Амали Кавкабӣ», «Савти гавҳар»-ро эҷод кард, ки дар Самарқанду Бухоро шуҳрати тамом дошт.

Ин нуктаро таъкид кардан бамаврид аст, ки мактаби устодию шогирдӣ дар илми мусиқӣ ва санъати хунёгарӣ дар асри шонздаҳи мелодӣ бо суннатҳои хоси он замон устувор буд. Кавкабии Бухороӣ ин мактабро рушду нуму бахшид ва аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузошт.

ВОРИС,

«Садои мардум»