Шуҳратёр шудан саодат аст

№7 (4113) 11.01.2020

Мухаммад Гойиб3Шоири халқии Тоҷикис­тон устод Муҳаммад Ғоибро ҳамчун чеҳраи маъруфе, ки ашъораш саршори меҳру вафодорӣ нисбат ба Ватан аст, мешиносанд. Эҷодиёти ӯ бозгӯйи давраҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, шеъраш хонданӣ ва рӯзгораш ибратбахш аст.

Ӯ аввалин адиб аз кишвари мост, ки барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Чингиз Айтматов гардидааст.

Дар остонаи соли нав бо ин шоири ширинкалом суҳбате оростем.

- Эҷоди шумо аз куҷо маншаъ мегирад?

- Шеъри шоир тапиши дили ӯст. Он ҷудо аз ангеза ва хостаҳои дилаш буда наметавонад. Он чӣ ба тасвир кашидаам, рӯнамоии розу ниёзи дили ман аст. Ҳар шоир фарзанди замон ва пайвандгари мардум бо шеъру адаб аст, аз хурсандии мардум  рӯҳи тоза мегирад, бо дидани ғамаш маҳзун мегардад. Ҳодисаю манзараҳоро ҳама мебинанд, вале он аз нигоҳи шоир ба таври дигар дарку инъикос мешавад.

Беш аз 30 маҷмӯа пешкаши хонанда, ҳаводорони шеъру адаб кардаам.  Дар онҳо  зиёда аз 150 шеър ба Ватан бахшида шудааст, ки «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», «Ман ориёиям», «Ватан дорам, Ватан дорам», «Роҳи деҳа», «Гавҳари меҳр», «Ватан мегӯям аз рӯзе, ки ман фаҳми Ватан дорам» ва «Хоки Ватан» аз зумраи онҳост. Ба андешаи ман агар шеър  рисолатеро адо накунад, аз сухани беҳудае беш нест. Ба қавли устод Халилулоҳи Халилӣ:

 Ҳар қатраи борон нашавад, гаҳвари шаҳвор,

Ҳар шеър ҷаҳонгард фалактоз наояд.

Ҳар лаб ба нафас кори Масеҳо натавон кард,

Аз ҳар қаламе қудрати эҷоз наояд.

- Шеъру шоирӣ аз дидгоҳи шумо?

- Шеър суханест, ки аз шуур бармехезад ва ба дилҳо менишинад. Он бояд ҷанбаи ахлоқӣ дошта, инсонҳоро рӯҳбаланд кунад, ширеши қалбҳои шикаста гардад. Қолаби шеър бисёр маҳдуд аст ва хусусият, салосат, латофат ва балоғати худро дорад:

Балоғат дар сухан донӣ чӣ бошад,

Сухан андаку маънии бисёр.

Шеър  он гоҳ таъсирбахш хоҳад буд, ки дилҳоро бедор ва муҳаббатҳоро зиёд кунад. Мутафаккире менависад: «Гоҳе арбоби қалам амреро анҷом медиҳад, ки арбоби шамшер аз анҷоми он оҷиз мемонад ва ҷое як ҷумлаи пуршӯр дар рӯҳияи як миллат шӯрише тавлид мекунад, ки як урдуи хунхор анҷом дода наметавонад».

Шеър ин таърих аст ва гузаштаро ба сухан меорад. Шоир, адиб бояд шахсият бошад. Арбоби қалам то ба ҳадди шахсият нарасад, манзалат пайдо нахоҳад кард.

- Шумо, ки риштаи риёзиёт ва физикаро хатм кардаед, чӣ боис шуд ба шеъру шоирӣ пардозед?

- Аз замони кӯдакӣ аз падари деҳқонам, ки шефтаи шеър буданд, шеър мешунидам. Модари солеҳаам (рӯҳашон шод бод) барои мо рубоӣ мехонданд, ки дарду ғами замонаро тараннум мекард. Хулоса, ҳанӯз дар замони канори падару модар буданам ман ба шеъру шоирӣ ҳавас пайдо кардам. Вақте донишҷӯ шудам, ба шеърнависӣ шурӯъ намудам.

Илмҳои дақиқ тафаккурро дигар, доираи андешарониро васеъ ва зеҳнро кушода мегардонанд. Барои эҷод дар қолабҳои гуногун роҳ мекушоянд. Дар гузашта шоирони аз илмҳои дақиқ бархӯрдор, аз қабили Абӯалӣ ибни Сино, Байҳақӣ, ал-Хоразмӣ, ал-Берунӣ, Закариёи Розӣ, хеле зиёд буданд.

- Соли 2020 соли муш аст. Хосияти ин солро дар чӣ мебинед?

- Маҷмӯаи «Дарди ҳастӣ», ки ба номи яке аз ҳикояҳои  ин маҷмӯа унвон гирифтааст, ба хосияту хислати ин ҷонвар бахшида шудааст. Ду ҷонвар хислати захиракорӣ доранд: муш ва мӯрча.

Ҳар ки захира  дорад,  осудагӣ дорад, дурандешу зирак аст.

- Соли 2019 барандаи Ҷоизаи байналмилалӣ ба номи Чингиз Айтматов гардидед…

- Бале. Ин бахти баланди на танҳо ман, балки тамоми тоҷикистониён аст. Асарҳои Чингиз Айтматовро мехондам ва дар гӯшаи хаёлам набуд,  ки рӯзе сазовори ҷоизае ба номи ӯ мегардам. Ҳар як мукофот ба адиб неруи тоза мебахшад. Дар баробари ин, масъулияти ӯро дар назди ҷомеа дучанд мекунад, ба офариниши асарҳои нав ба нав, беҳтару хубтар, ки ҷавобгӯи замони муосир бошанд, ҳидоят менамояд. Адиб бояд бо асарҳои наву пурмазмунаш ба боварии онҳое, ки ӯро пешниҳод кардаанд, сазовор буданашро собит созад. Шуҳрату номро сазовор шудан мушкил, вале ҳифзу муҳофизати он боз ҳам мушкилтар аст.

- Таманниёти шумо дар соли нави мелодӣ.

- Худшиносию қадршиносии мардум боло равад. Ғояҳои миллӣ бой гарданд ва  мақому манзалати мо дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш афзоиш ёбад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»