«СИМО» беҳтарин филмҳои мустанадро муайян кард

№146 (3783) 09.12.2017

1111 копияБо иқдоми роҳбарияти Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва дастгирии роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2017 дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории аввалин фестивали телевизионии филмҳои мустанад — «СИМО» баргузор гардид.

Рамзан фестивал бо аввалин филми мустанади тоҷикӣ «Омадани аввалин поезд ба Душанбе» (операторон В. Кузин, А. Шевич ва Н. Гезулин, соли 1929) шурӯъ шуд.

Сипас муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобошозода ва директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» Набии Набизод сухани ифтитоҳӣ намуданд.

Ба аъзои жюрӣ 50 филми мустанади ватанӣ ва барномаҳои телевизионие, ки характери филми мустанадро доранд, пешниҳод шуд. Аз он 40 филми мустанад мавриди баррасӣ қарор гирифта, 8 филми мустанад сазовори ҷоиза шуд.

Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ ба собиқадорони кино ва телевизион Марям Исоева, Тӯрахон Аҳмадхонов, Ботур Қобилов, Убайдулло Раҷабов, Рустам Муҳаммадҷонов, Исо Абдурашидов, Амон Ӯрунов, Шералӣ Мустафоқулов, Шавкат Муҳаммадиев, Абдушукур Саломов, Лутфулло Давлатов, Сафар Ҳақдодов ва Абдурофеъ Рабиев диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ҷоизаи «Хизмати шоиста» дар соҳаи кино ба режиссёр ва оператор Георгий Дзалаев ва дар соҳаи телевизион ба Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, режиссёри собиқадори телевизион Лилиан Налоева тақдим гардид.

Дар номинатсияҳои «Таваҷҷуҳи тамошобин» режиссёр Абдулҳай Зокиров барои филми мустанади «Куҳандиёр», «Барои беҳтарин филм» филми мустанади «Соҳибватан»-и режиссёрон Далери Эмомалӣ ва Муҳиддин Музаффаров, «Ҷоизаи махсуси жюрӣ» режиссёр Файзулло Файзов, «Бозёфти эҷодӣ» режиссёр Озод Маликов барои филми мустанади «Карикас», «Беҳтарин консепсия дар филми мустанад» режиссёр Сафарбек Солеҳов барои филми мустанади «Комил», «Беҳтарин наворбардор» Наврӯз Саидов ва «Беҳтарин режиссёр» режиссёри кино ва телевизион Рустам Шоазимов эътироф ва ба ҷоиза сазовор гардиданд.

«Шоҳҷоиза» -и фестивал ба режиссёр Сайёд Муҳаммадов барои филми мустанади «Сарбозони бесилоҳ» муносиб дониста шуд.

Т. ФарРухпай,

«Садои мардум»