Соҳибистеъдодҳои музофот кашф ва рӯнамоӣ мешаванд

№91 (4041) 27.07.2019

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, гирдоварии намунаҳои эҷодиёти шифоҳӣ ва шиносоӣ бо вазъи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар ноҳияҳои Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон экспедитсияи фолклорӣ ташкил шуд. Роҳбарии онро ходими илмии шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳо Кароматулло Раҳимов ба уҳда дошт.

- Ҳадаф аз ин иқдом гирдоварии суруду таронаҳои мардумӣ ва муайян намудани вазъи фолклори мусиқии минтақаҳо мебошад, — гуфт зимни суҳбат К. Раҳимов. Тӯли се рӯз дар ноҳияи Данғара бо 14 ҳунарманди мардумӣ (навозандагон ва сарояндагон), шоирони халқӣ ва натоққону ровиён  вохӯрда, ҳунарнамоиву суҳбати  онҳоро  ба навор гирифтем. Муайян шуд, ки дар деҳоти Данғара ҳунармандони зиёде ҳастанд, ки то ҳол ҳунари хешро дар чорабиниҳои фарҳангӣ — маросими оилавӣ (тӯйҳо) ва ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Сада намоиш медиҳанд. Дар минтақа ҳунари навозандагӣ ва сарояндагӣ инкишоф ёфта, мутаассифона таҳқиқ ва гирдоварӣ нашудааст.

Номбурда зикр кард, ки яке аз сокинони кӯҳансоли ноҳия, собиқадори ҷангу меҳнат Табаралӣ Авезов маҳорати сарояндагӣ ва навозандагӣ  дораду шоир, ровӣ ва  рассом низ ҳаст. Ӯ бо сози скрипка ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ  суруд сароид.

- Аксари мардум дар хона думбра дошта, онро  озодона менавозанд. Масалан, Исроил Раҳимов маҳорати баланди иҷрокунандагиро дар ин соз намоиш дода, аз репертуари Ҳаким Маҳмуд, Рустами Абдураҳим ва оҳангҳои хеш намуна иҷро кард.

Ҳунарманди дигаре, ки бо сабки махсуси сарояндагӣ диққати моро ҷалб кард, Файз Мадудов мебошад. Ӯ маҳорати таронанависӣ низ дошта, якчанд суруд барои кӯдакон эҷод намудааст. Устоди Файз Мадудов падараш ҳунарманди халқӣ Мумин Мадудов аст, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Барои аъзои гурӯҳи корӣ дар деҳаи Пушинг Баҳрия Азизова ҳунари сарояндагиашро намоиш дод. Намунаҳои мусиқии классикиро хеле бомаҳорат сароида, дар баробари сурудҳои тоҷикӣ, сурудҳои ӯзбекиро низ озод иҷро кард.

- Дар мавзеи Кангурти ноҳияи Темурмалик оҳанг­ҳои сирф тоҷикии қадимаро дар репертуари ҳунармандон муайян намудем. Мушоҳида кардем, ки фарҳанги мусиқии ин минтақа ва минтақаҳои Балҷувон, Сари Хосор, Файзободу Ховалинг ба ҳам монанд буда, дар сурудҳои онҳо умумияти зиёд ҳам дар зарб, ҳам дар оҳанг ва ҳам сабки иҷрокунандагӣ дида мешавад. Масалан, дар баробари он ки дар фаъолияти эҷодии ҳунарманд Раҷабалӣ Увалов шохаҳои нави мусиқии суннатии тоҷик, аз ҷумла, фалакхонӣ, суруд­ҳои мардумӣ ва маросимро мушоҳида намудем, дарк кардем, ки мақоми ҳамосаи Гӯрғулӣ ва омезиши фалаки бумии Кангурт, Сари Хосор ва Балҷувон дар сурудхониаш истифода мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки мусиқиҳои сирф миллии тоҷикӣ, ки дар ҳамосаи Гӯрғулӣ оварда шудааст, дар ҳавзаи Кангурт бо шеваи хос истифода мешавад. Ҳамосаи Гӯрғулӣ бо садои гулӯӣ (ба қавли баъзеҳо гӯё тарзи хониши қавмҳои кӯчӣ) сароида мешавад, аммо дар ин минтақа оҳангҳои мухталифи эпоси Гӯрғулӣ садо медиҳанд, ки сирф тоҷикӣ -ориёии бумӣ  мебошад. Ҳамосаи номбурда, ки таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дар он таҷассум ёфтааст, дар қолаби ин оҳангҳо бе ягон осеб аз замони қадим то ба ҳол омада расидааст. Ҳунармандон ва ҳофизон метавонанд аз оҳангҳои форами ҳамоса дар репертуари хеш истифода баранд, — андеша дорад ҳамсуҳбатам.

Ӯ мегӯяд, аз миёни ҳунармандони ноҳияи Темурмалик овозхонии Гулчеҳра Хоркашева, ромишгарии Сафар Пираков, оҳангсозии Ҳасан Сафаров (зиёда аз 40 оҳанг эҷод намудааст) ва сарояндагии Садбарг Раҳимова ҷолиб буд.

- Мо бо ҳунармандон, ромишгарон, сарояндагон, шоирон, наттоқон ва достонсароён ҳамсуҳбат шуда, бо истифода аз асбобҳои сабткунандаи видеоӣ, аудӣ ва аксбардорӣ маълумоти зиёд барои таҳлил омода намудем. Фолклори мусиқии минтақаҳоро шартан ба се гурӯҳ — сурудҳои мардумӣ, достонсароӣ ва иҷрокунандагӣ дар созҳои мусиқӣ тақсим намудем. Ҳар яке аз гурӯҳҳо дар оянда самти омӯзиши олимони соҳа мегарданд.

Чунин тарзи гирдоварии фолклори мусиқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аввалин маротиба сурат гирифта, дар оянда экспедитсияҳоро ба минтақаҳои Балҷувон, Сари Хосор ва Ховалинг ва минтақаҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифтаем, — гуфт дар фарҷом Кароматулло Раҳимов.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»