Соли бақар чӣ гуна хоҳад буд?

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

Табиати бақарҳо устувориву суботкорӣ, тавоноӣ ва қатъият аст. Дурӯғро намепазиранд, ватандӯстони ҳақиқианду ба идеалҳо боварӣ доранд. Оила, касбу кор ва анъанаҳо барояшон муҳиманд. Ба тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Ба навгониҳо бо шубҳа нигариста, дар зиндагӣ ба касе такя намекунанд. Бо нақшаву лоиҳаҳои мушаххас бо неру ва имкониятҳои хеш ба амалӣ намудани орзуву омолашон мепардозанд ва комёб мегарданд.

Зимнан, соли нав барои онҳое, ки зери бурҷ ё мучалҳои дигар ба дунё омадаанд, низ аз таҳаввулоту дигаргуниҳо холӣ нест.

Муш (1960, 1972, 1984, 1996, 2008, 2020)

Барои нафароне, ки дар соли муш ба дунё омадаанд, дар маҷмӯъ, ғанӣ аз ҳодисаву рӯйдодҳои ғайриинтизор хоҳад буд. Бинобар ин, ба ҳар гуна мушкилот бояд омода бошанд. Ситораҳо таъкид менамоянд, ки ба ғаму дарди дигарон шарик будан хуб аст, вале ба дардҳои хеш бетафовутӣ зоҳир намудан маслиҳат нест. Дар оғози сол имкон фароҳам меояд, ки намояндагони соли муш ҷои корро иваз намоянд. Вале дар интихоб бояд ҷиддӣ буд. Аз харҷи зиёди беҳуда худдорӣ кардан лозим аст.

 Бақар (1961, 1973, 1985, 1997, 2009)

Соли 2021 соли ӯст ва барои онҳое, ки дар соли бақар ба дунё омадаанд, бобарор мешавад. Дар ин сол эътимод афзуда, кору амали онҳо қадр мегардад. Агар маҳорати шунида тавонистани дигаронро дошта бошанд, самараи корҳояшон меафзояд. Вале дар муомилоти молиявӣ бояд эҳтиёткор бошанд.

 Паланг (1962, 1974, 1986, 1998, 2010)

Ашхоси дар соли паланг таваллудшударо дар ҳама кору ҳолат ҳуш­ёриву зиракӣ ва эҳтиёткорӣ зарур аст. Онҳо бояд муносибат­ро ба дунё, зиндагӣ ва одамон тағйир диҳанд. Аз кору равандҳои шубҳанок канора ҷустан онҳоро аз бисёр мушкилӣ эмин хоҳад дошт. Дар масоили молиявӣ барор ёрашон мегардад.

 Харгӯш (1963, 1975, 1987, 1999, 2011)

Намояндагони мучали харгӯш неру ва имкониятро танҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳим бояд сарф намоянд. Вагарна дар гирдоби масоили ночизу камарзиш ғарқ шуда, вақтро зоеъ мекунанд. Хурдтарин шарораро ҳам сари вақт бояд хомӯш кард, то пасон алангаи бузург барнахезад. Вазифаи муҳимтарини намояндагони соли харгӯш омода будан ба тағйирёбӣ, мутобиқ шудан ба вазъи бавуҷудомада ва муросо карда тавонистан аст. Баланд бардоштани сатҳи донишу малака аз манфиат холӣ нест.

Агар намояндагони ин сол ба қадри вақт расанд, аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ истифода баранд, самараи корашон бештар мегардад.

 Наҳанг (1964, 1976, 1988, 2000, 2012)

Соли 2021 барои зодагони соли наҳанг давраи ларзишу лағжишҳост, ки метавонад тӯл кашад. Аммо метавонад аз ҳикмат низ холӣ набошад. Маҳз дар чунин ҳолатҳо дигаргунӣ ба вуҷуд омада, роҳ сӯи барору муваффақиятҳо боз мегардад.

 Мор (1965, 1977, 1989, 2001, 2012)

Барои зодагони соли мор, ки ба ҳалли ҳар гуна мушкилӣ омодаанду дар роҳи расидан ба мақсад метавонанд ҳатто худро ба оташ андозанд, сол хеле бобарор мешавад. Албатта, ба ҳар мушкилӣ омода будан душвор аст, вале имсол намояндагони соли морро мушкилиҳои ҷиддӣ пеш намеоянд. Тавсияи ситораҳо ин аст, ки онҳо бояд пайи амалӣ намудани нақшаҳои бузургтарин гарданд, зеро эҳтимоли муваффақ шудан баланд аст.

 Асп (1966, 1978, 1990, 2002, 2014)

Соли 2021 мушкилии зиёд ба бор меорад, ки ҳалли онҳо басо душвор хоҳад шуд. Вале хислати фарқкунандаи намояндагони ин сол он аст, ки метавонанд эҳсосотро як сӯ гузошта, мушкилиҳоро рафъ намоянд. Онҳоро пешравӣ интизор аст, пешниҳоди онҳоро мепазиранд. Вале ҳангоми кор бо санаду ҳуҷҷат намояндагони ин мучал бояд эҳтиёткор бошанд. Дар ин сол ба саҳву хато роҳ додани онҳо аз эҳтимол дур нест.

 Гӯсфанд (1967, 1979, 1991, 2003, 2015)

Ситораҳо эҳтимолияти ба зодагони соли гӯсфанд хуш наомадани соли бақарро таъкид намуда, тавсия медиҳанд, ки барои таъмини пешравӣ бо замона ҳамқадам ва бо технологияҳои навтарин бояд ошно бошанд. Таҳлил карда тавонистани иттилооти тоза ва истифодаи онҳо низ муҳим аст. Намояндаи соли гӯсфанд бояд муносибатро бо ҳамкорону пайвандон беҳтар созад.

 Ҳамдуна (1968, 1980, 1992, 2004, 2016)

Миёнаравӣ имкон фароҳам меорад, ки мушкили ҳамдунаҳо бартараф гарданд. Вале эҳтиёткор будан, вазъи даврони буҳрониро ба назар гирифтани онҳо зарур аст. Набояд ба эҳсосот дода шаванд. Дигаргуниҳои сол боис ба роҳгум задани намояндагони ин мучал мегардад. Бинобар ин, онҳо бояд авлавиятҳоро муайян карда тавонанд ва неруро ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин равона созанд.

 Мурғ (1969, 1981, 1993, 2005, 2017)

Намояндагони мучали мурғ дар ҳама гуна рақобат ба осонӣ дастболо мегарданд, зеро онҳоро худбаҳодиҳии солим хос аст. Бо вуҷуди ин, бояд ҳар як нақшаву амалро қаблан тарҳрезӣ намоянд. Омили калидӣ дар пешравӣ эътимод ба худ буда, соли нав барои расидан ба мансабу маснад мусоидат менамояд. Маблағгузорӣ ба амволи ғайриманқул манфиат меорад.

 Саг (1958, 1970, 1982, 1994, 2006, 2018)

Дар ин сол намояндагони соли сагро зарур аст, ки пеш аз ҳар ҳодисаву коре аз оқибати он андешанд. Зеро имсол аксар ҳодиса метавонанд хавф эҷод намояд. Агар зиндагиро бозӣ гуфтан мумкин бошад, пас сирри муваффақияти намояндагони соли саг дар он хоҳад буд, ки услуби дурусти иштирок дар бозиро интихоб намоянд. Дар тиҷорат муваффақ мешаванд. Иваз кардани ҷои кор низ барояшон манфиатнок аст. Тобистон ва тирамоҳ маблағи зиёд ба даст оварда метавонанд. Вале дар фасли баҳор аз ҳама гуна муомилаи шубҳаноки пулӣ бояд худдорӣ намоянд.

 Хубон (1959, 1971, 1983, 1995, 2007)

Соли 2021 беш аз ҳама онҳоеро кумак хоҳад кард, ки сифати зиндагии хешро тағйир доданианд. Дигаргунӣ зиёд хоҳад буд. Онҳое, ки дар соли хубон ба дунё омадаанд, кори нав пайдо намуда ё соҳиби мансаб шуда метавонанд. Бархе сарват ҷамъ мекунанд. Бо вуҷуди ин, онҳоро муросокорӣ ва мутобиқ шудан ба вазъи кунунӣ зарур аст. Муваффақияти кори онҳо бештар мегардад, агар масъулиятҳояшонро дастаҷамъона бо ҳамкорон амалӣ намоянд.

Таҳияи Н. Низомӣ,

 «Садои мардум»