Соли мор шахсиятҳои ҷаҳониро аз мо рабуд

№1 (3147) 01.01.2014

5 март Президенти Венесуэла Уго Чавес  дар синни 58-солагӣ аз бемории саратон вафот кард. Команданте Уго Чавесро  дар Осорхонаи инқилоби шаҳри  Каракас дар саркофаги мармарин дафн карданд.

***

6 март актёри  театру кино Андрей Панин дар синни 50-солагӣ дар хонаи истиқоматиаш дар шаҳри Москва ба ҳалокат расид.

Моҳи апрели соли 2013 ӯ бо Ҷоизаи «Ника» (барои иҷрои нақшҳои мардонаи дуюмдараҷа, пас аз марг) мукофотонида шуд.

***

23 март олигархи фирории рус Борис Березовский дар синни 67-солагӣ дар хонааш  дар наздикии шаҳри Лондон гӯиё худкушӣ кардааст.

***

30 март Артисти халқии Россия Валерий Золотухин дар синни 71-солагӣ дар шаҳри Москва вафот кард. Мутобиқи  васияташ ӯро дар зодгоҳаш – деҳаи Бистерий Истоки водии Алай ба хок супурданд.

***

8 апрел собиқ Сарвазири Британияи Кабир «Зани оҳанин» Маргарет  Тэтчер баъди бемории вазнин ва дуру дароз дар синни 87- солагӣ дар меҳмонхонаи «Риттс», воқеъ дар маркази шаҳри Лондон, аз олам гузашт.

***

30 ноябр Артисти халқии СССР Юрий  Яковлев дар синни 85-солагӣ дар беморхонаи шаҳри Москва вафот кард. Ба тамошобинони кино марҳум аз филмҳои ҳунарии «Тамасхури  бахш ё…», «Иван Василевич касбашро иваз мекунад», «Қиссаи гусар» ва ғайраҳо  шинос буд.

***

5 декабр собиқ Президенти ЮАР, барандаи Ҷоизаи Нобелӣ барои сулҳ Нелсон Мандела дар синни 95-солагӣ дар хонааш – шаҳри Йоханнесбург аз дунё рафт.

***

23 декабр конструктори машҳури яроқсоз Михаил Калашников дар синни 94-солагӣ дар шаҳри Ижевскии Федератсияи Россия аз олам чашм пӯшид.

Автомати Калашников ихтирои ӯ буда, то ҳанӯз мислаш касе яроқ насохтааст. Қаҳрамони Федератсияи Россия ва ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ М. Калашников дар қабристони ёдгории ҳарбии шаҳри Москва  дафн карда шуд.

Фароҳамсоз Т. Фаррухпай