Соли нав. Онро дар куҷо чӣ гуна ҷашн мегиранд?

№1 (4107) 01.01.2020

Соли 2020 дар кишвар соли маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботи даъвати нави Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва маҷлисҳои маҳаллии  вакилони халқ, 5500 — солагии Саразм, инчунин, интихоботи Президенти  мамлакат мебошад.

Аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ки оғози сол аз 1 январ аз ҷониби Юлий Сезар соли 46 — уми  то милод ҷорӣ шудааст. Одамон ба ин муносибат хонаҳоро оро дода, ба ҳамдигар туҳфа мекарданд. Сипас, он дар тақвими юлианӣ ҷой дода шуда, дар Аврупо паҳн гашт.

Соли нав дар Аврупо, дар Венетсия 1 январи соли 1522 қайд шуда буд.

Дар Империяи Россия он бо фармони Пётр I  аз 1 январи соли 1700 ҷорӣ шуда, соли 1935 бо фармони Сталин арча рамзи Соли нав эътироф гардид.

Баландтарин арчаи солинавӣ дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) гузошта шуда, 76 метр қад дошт.

Эскимосҳо (аҳолии маҳаллии Канада) соли навро вақте барфи аввал меборад, қайд мекунанд.

Дар Исроил соли нав 17 — 18 апрел, дар давоми сол  ду маротиба ҷашн гирифта мешавад (аз рӯи  тақвими  григориянӣ ва яҳудӣ).

Бобои барфии финҳо Йоулупукки ном  дошта, дар Эфиопия 11 сентябр соли нав таҷлил мешавад.

Дар Месопотамия (Бобулистон) — и қадим 3000 сол пеш аз милод соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар ин вақт шоҳ чор – шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт.

Дар Мисри қадим соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр) ва одамон ҳайкалҳои худояшон Амон, зан ва писарашро дар киштие гузошта, як моҳ рақсу сурудхонӣ мекарданд. Римиёни қадим то солшумории милодӣ соли навро дар аввали моҳи март ҷашн  гирифта, ба ҳамдигар туҳфа мекарданд. Дар Юнон сардори оила шаби соли нав ба кӯча баромада, аз назди девори хонааш анор ҷамъ мекунад. Ҳикмати ин амал он аст, ки шахсони аноргузошта  барор орзу мекунанд. Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) соли навро  дар охири моҳи октябр ҷашн  мегирифтанд. Онҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро  медоданд,  то ҷинҳо  дур шаванд. Ақидае доштанд, ки гӯё дар соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешаванд. Шоҳон низ аз раияташон ҷавоҳирот туҳфа мегирифтанд. Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна солҳои зиёд 25 март ҷашн  гирифта мешуд. Соли 1752 қарори парлумони кишвар оид ба ҷашнгирии  соли нав аз 1 январ ба тасвиб расид. Соли навро дар Фаронса метавон иди «сафедиҳо»  номид. Дар рӯи миз шамъҳои сафед, меваҳои тару тозаи бо шакар рӯйкашшуда гузошта мешаванд. Дар Лаҳистон ба мизи бо дастархони сафед  ороёфта 13 намуди хӯрокро мегузоранд. Хӯроки солинавӣ аз шӯрбои аз моҳӣ ё занбӯруғ, карам бо занбӯруғ, моҳӣ бо соуси ширин таркиб ёфтааст. Аз ҳама охир  кулчақанд, шарбат ва меваҷот ба дастархон гузошта мешавад.

Урфу одати халқҳои гуногун ба интихоби хӯрокҳои мизи идона таъсир мерасонад. Масалан, ҷопониҳо хӯрок­ро аз маҳсулоте тайёр мекунанд, ки ба ақидаи онҳо хушбахтӣ меорад. Карами баҳрӣ (шодӣ), лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву рӯҳбаландӣ) ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.

Дар рӯи мизи идонаи сокинони Австрия, Венгрия, собиқ Югославия хӯрокро аз гӯшти паранда вохӯрдан номумкин аст, зеро онҳо муътақиданд,  ки хушбахтӣ парида меравад. Дар шаби соли нав кубагиҳо, испаниҳо, португалиҳо  бояд 12 донаи ангурро хӯранд, то 12 орзуяшон ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад.

Дар Федератсияи Россия низ мизи идонаро пирог, карамшӯрбо ва таомҳо аз моҳӣ оро медиҳанд. Дар Словакия ва Чехия дар мизи идона ҳатман бояд карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои занбӯруғӣ, кулчақанди асалӣ бо шир  бошад.

Дар Ҷопон то фарорасии соли нав кӯшиш мекунанд, ки вожаҳои некро ба кӯдаконашон омӯзонанд, то соли оянда ҳарфи зишт нагӯянд.

Дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқис­тон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Тотористон ҷашнгирии соли нави мелодӣ аз рӯи тақвими григорианӣ роиҷ аст.

Бобои барфӣ соли 1840 ҳамчун қаҳрамони Соли нав пайдо шуда бошад ҳам, чун образи асотирӣ дар байни славянҳо маълум буд. Набераи Бобои барфӣ — Барфак замони шӯравӣ, соли 1937 «офарида» шуд ва ҳамон сол дар ҷашнгирии Соли нав бо бобояш рақсу бозӣ кард.

Сафар ЭРКАЕВ, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров