Соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Созтарошӣ рушд хоҳад кард, агар…

№8 (3802) 20.01.2018

DSC00509Биноҳои коргоҳ куҳна ва солҳост рӯи таъмирро надидаанд. Вале захираи хеле зиёди ашёи хомғӯлаҳои дарахтони туту зардолу аз он шаҳодат медиҳад, ки дар он ҷо кор кардан мехоҳанд ва кор мекунанд.

 Моро писари директори корхона ва ҳамчунин, устои чирадасти собиқадор Маҳмадсаид Зиёев истиқбол намуд. Падар ӯро аз содиқтарин устодони касбу кор медонад, ки ҳанӯз пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба ҳунар меҳр баста, аз касби падар дил канда наметавонад.

М. Зиёев  изҳор намуд, ки бештари коргарони коргоҳ пирони рӯзгордида, нафақагиранд, онҳое, ки солиёни зиёди умрро ба созтарошӣ бахшидаанду асбобҳои мусиқии сохтаашон даҳсолаҳо базму хурсандии мардумро шукӯҳу зебоӣ мебахшиданд. Яке аз онҳо Сафаралӣ Давлатов машғули сохтани рубобе буд.

- Дар ин сех мо рубоб, дутор, ғижжак, рубоби алт, рубоби бадахшӣ, умуман асбобҳои мусиқии қабурғагӣ месозем. Синни баъзе устоҳои мо аз 85 сол ҳам боло аст. Мо пир шудем. Шогирд надорем, ки ҳунарамонро биомӯзонем, — мегӯяд С.Давлатов. — Ҷавонон меоянд, шароити кори моро мебинанду мегурезанд, зеро завқе надоранд. Ба кори вазнину эҷодкорӣ одат накардаанд. Созтарошӣ хеле нозуку заҳматталаб аст ва пуртоқатӣ мехоҳад..

Устои куҳансолтарини корхона Исматулло Бураков аст, ки аз соли 1961 бо созтарошӣ машғул мебошад.

-  Вақте ки соли 1991 Корхонаи воҳиди давлатии «Созтарош» дар назди Вазорати фарҳанг таъсис ёфт, шароит дигар буд, — мегӯяд директори корхона Дона Зиёев. — Шумораи устоҳо зиёд буду талабот ба маҳсулот зиёдтар. Вале нооромиҳо мардумро парешон намуд. Соли 1994, ки маро сардори корхона таъин намуданд, коргар тамоман набуд. Ба хонаи устоҳо рафта, бо зориву тавалло онҳоро овардем. Дар аввал зиёда аз 120 коргар ва 29 нафар усто доштем. Оҳиста-оҳиста ҳам коргарон рафтанду ҳам устоҳо. Ҳоло дар корхона 11 нафар мондем. Дар бораи ҳар як усто китоб навиштан мумкин аст. Зиндагии онҳо бояд барои ҷавонон намунаи ибрат бошад. Имрӯз ҳам, ки бархе бемору беқувватанд, корро қатъ намекунанд. Бекор нишаста наметавонанд. Бо чашмони хирабину дастони ларзон асбоби мусиқӣ месозанд. Мутаассифона, баъзан маҳсули дастони онҳо муддатҳо дар анбор мехобанд. Ҳол он ки солҳои пеш қариб ягон асбоб анборро намедид. Баъзан, барои созе ба даст овардан одамон интизорӣ мекашиданд.

Устоҳои корхона бо асбобҳои корӣ таъминанд. Роҳбарият тавонистааст таҷҳизоти коргоҳро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дорад. Нисбат ба кормандон низ ғамхорӣ зоҳир мешавад. Чанд соате, ки меҳмони коргоҳ будем, ба хубӣ эҳсос гардид, ки ҳама мисли аъзои як оила бародару баробаранд ва ба ояндаи неки корхона бовар доранд.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯзу фардои миллат хидмати бузург анҷом медиҳанд, зеро пеш аз ҳама, такя ба фарҳанг доранду онро ҳастии миллат медонанд. Бештар ба фарҳанг ва аз ҷумла рушди ҳунарҳои мардумӣ ғамхорӣ намуда, соли равонро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудан ба он мусоидат хоҳад кард, ки фардои миллат дурахшон хоҳад шуд, — мегӯяд Д. Зиёев. — Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор намуданд, ки «барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути  Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад».

Пешвои миллат, ҳамчунин таъкид карданд, ки: «бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад». Мо бовар дорем, ки ин тадбирҳо барои рушди ҳунари созтарошӣ низ шароити мусоид фароҳам меоранд ва соҳа тараққӣ хоҳад кард. Ҷавонон низ ба ин ҳунарҳо шавқу рағбат пайдо менамоянд.

Дона Зиёев ақида дорад, ки  имрӯз бархе аз ҷавонон зери таъсири фарҳанги Ғарб  аз фарҳанги волои миллӣ дур мешаванд. Таваҷҷуҳ ба созҳои миллӣ коҳиш ёфтааст ва оҳангҳо бо асбобҳои барқӣ иҷро мегарданд, ҳол он ки навову нолаи созҳои миллӣ рӯҳу ҷонро ором мебахшанд.

- Барои он ки дигаргунии ҷиддӣ дар ин самт ба вуҷуд ояд, Вазорати фарҳанги ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши созтароширо дар муассисаҳои таълимии касбӣ ба роҳ монда, якҷо бо шабакаҳои телевизионии мамлакат байни навозандагони созҳои миллӣ озмун доир намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон таваҷҷуҳи насли ҷавонро ба созҳои мусиқӣ ҷалб ва сафи устоҳои КВД «Созтарош»-ро зиёд намуд, — изҳор менамояд Дона Зиёев.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»