Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

«Суханваре, ки хизонаи дилро барои хосу ом кушодаанд»

№67 (4017) 13.06.2019

акбарАдабиёт ва фарҳанг дар ҳама давру замон бо муҳити иҷтимоӣ ва сиёсӣ тавъам инкишоф меёбад. Мафҳуми адабиёти давраи муосир ба оғози марҳалаи нави таърихии мардум иртибот дорад, ки решаҳои аслиро аз макотиби суханварии адабиёти классикии тоҷику форс гирифта, дар садаи ХХ бо равишҳои хос идома пайдо кард ва дар замони истиқлолият густариш ёфт. Шеъри даврони истиқлолро пеш аз ҳама, адибони солҳои 60 — 80 — уми асри бист инкишоф бахшидаанд. Барои мисол, М. Қаноат, Л. Шералӣ, Б. Собир, Гулрухсор, Гулназар, А. Ҳаким, К. Насрулло, Ҳ. Ғоиб, Фарзонаи Хуҷандӣ, Озарахш ва дигарон бо шеърҳои ҷолиб назми замони истиқлолро моҳиятан нав карданд.

Шоир Акбар Абдуллоҳ аз ҳамин гуна шахсиятҳост, ки ашъораш тадқиқкунандаи сиёсати замони истиқлол, сарояндаи розу ниёзи мардуми муосир, васфкунандаи табиати зебои диёр, ҳимоятгари фарҳангу маърифати куҳанбунёди тоҷик, пайвандгари таърихи дирӯзу имрӯзи кишвар, ифшокунандаи нуқсу костагии ҷомеаи муосир, ифодакунандаи сирати инсони замони мост.

Шоири ҷаҳоншинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ дар пешсухани китоби Акбар Абдуллоҳ «Тирамоҳи сабз» чунин қайд кардааст: «Акбар Абдуллоҳ аз ҷумлаи суханварони покойинест, ки хизонаи дилро барои хосу ом кушодаанд…». Маҷмӯа соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд (нашриёти «Хуросон», дар ҳаҷми 256 с.) аз нашр баромада, фарогири 309 шеър — шасту чор шеър дар қолаби анъанавӣ, навад ғазал, бисту як шеъре, ки бо сабки озод эҷод шудаанд, бисту панҷ рубоӣ, ҳафтоду се дубайтӣ, даҳ қитъа, бисту шаш катиба мебошад. Нахустин шеъри он «Забони модарӣ» унвон гирифта, назари шоирро ба таърихи забони тоҷикӣ ва пос доштани забони модарӣ бозгӯйӣ менамояд:

Беназир, эй лафзи поки модарам,

Кардаам пайдо туро дар ҷони худ.

Бар мани лабташнаи оби ҳаёт,

Ҷон диҳӣ аз чашмаи паймони худ

Ҷавҳари ин шеър маҳз дар мисраъҳои зайл ғунҷоиш ёфтааст, ки дар ниҳод якчанд воқеаи мудҳиши ҳам ба сари миллат омадаро таҷассум менамояд:

Душманат ҳарчанд буда кинатӯз,

Лаҳни ту чун лафзи ту бе кина монд.

Душмани садрӯй омад бар сарат,

Меҳри ту якрӯй чун ойина монд.

Дар ин мисраъҳо санъати тазоду муқобила корбаст гардида, вожаи «кинатӯз», яъне кинаҷӯю кинапарвар бо калимаи «бе кина» ва дар мисраъҳои минбаъд калимаҳои «садрӯй» бо «якрӯй» ҳамқофия ва дар мавриди дигар баръакси ҳам омадаанд, ки аз маҳорати баланд дарак медиҳад.

Воқеаҳои охири солҳои 90 — уми асри гузашта бевосита ба адабиёт таъсир расониданд. Дар он давра аҳли зиё барои сулҳу салоҳ, ваҳдату иттифоқӣ камар бастанд ва сарояндаи дарди миллат шуданд. Акбар Абдуллоҳ низ барои тинҷиву амонии миллат шеърҳои дардноки зиёде эҷод кардааст. Шеъри «Рӯзҳои бе саҳар, бе шом» — ро монологи ботинӣ метавон гуфт. Муҳтавои он солҳои 90-уми садаи ХХ — ро дар бар мегирад. Ҷараёни рӯзгори муаллиф аз даврони кӯдакиву наврасӣ — «бачаи содаву дилдода», «фасли сабзу беғубор» дар хотироти шоир саҳфагардон шуда, орзуи худро ба «кафтарҳои навбол» монанд намудааст, ки бо паридан васлгари замони кӯдакӣ ва то ба чиҳилсолагӣ расидани шоир, яъне замони ҷанги бародаркуш мебошад:

Ман хаёлан

Он шаҳидони фалакро

Бе кафан дар хок мондам.

Мурғакони поку ҳамҷинси малакро

Дар мазори синаи ғамнок мондам.

Дар ҳақиқат, дар он солҳо шаҳидони зиёдеро бе кафан, дар хорию залилӣ, ба хок супориданд. Вазъияти замони ҷанг, аҳволи фирориёни дур аз Ватан дар осори Акбар Абдуллоҳ, ки он замон низомӣ буд, воқеъбинона инъикос ёфта, «садҳо намози узр» дар назди ҳалокшудагон хондани шоирро таъкид мекунад:

Пеши рӯҳи покашон

Садҳо намози узр хондам.

Аз фарёди бесадои ҷигарсӯзу дилсӯзи муаллиф маълум мегардад, ки ҷанги бародаркуш тоҷикис­тониёнро ба дод оварда буд:

Рӯзҳои рафтаро чун оварам ёд

Дар ниҳодам бесадо,

Дил мекунад фарёд:

- Эй дод!

- Дод, эй дод!

Сабабҳои асосии ҷанги бародаркуш мансабталошӣ, маҳалгароиву миллатчигӣ ва популизми сиёсӣ буд, ки ба ин тоифа, махсусан барои мансабталошон шеъри «Мансабталош» — ро бахшидааст.

Мешиносам ман туро, эй марди мансабдор,

Умрҳо шуд дар талоши мансабӣ,

Фориғ аз имону поку мазҳабӣ

Дар вафои зумрае

Бо сафедӣ ҳамчу рӯзӣ,

Дар нигоҳи ман, вале

Зулматӣ

Торӣ

Шабӣ

Шоир ваҳдати миллиро ғояи наҷотбахш медонад.

Аз баҳори тозабунёд омадӣхуш омадӣ,

Ай хумори рафта аз ёд, омадӣхуш омадӣ.

Бе ҳавас будем, бандӣ ҳамчу мурғони қафас,

Ай ҳавас, ай ишқи озод, омадӣхуш омадӣ.

Мусаллам аст, ки инсоният вожаи Ватанро бо Модар тавъам ба забон меоранд. Акбар Абдуллоҳ ҳамеша даъват ба амал меорад, ки ватандӯс­ту ватанпарвар бояд буд:

Эй бехабарон, марзи Ватанро нафурӯшед,

Ин хоки пурармони куҳанро нафурӯшед!

… Меҳри Ватану модари ман ҳаст муқаддас,

Аз баҳри Худо, модари манро нафурӯшед!

Чунин тасвирҳои воқеъона дар шеърҳои дигари шоир, ба монанди «Зери бори ғам», «Ин фалакро каҷравиҳои ҳамеша буду ҳаст», «Чароғе хира месӯзад», «Дар ин дунёи зулмонӣ фурӯғи адл ноёб аст», «Баъд аз сари падар», «Гаштаам бозичаи дасти фалак?!», «Рози дил дорам, надонам бо кӣ гӯям, ҳай дареғ», «Ҳиллаҳо бисёр дидам дар ниҳоди одамон» ва ғайра дида мешавад.

Ҳақ ба ҷониби шоира Фарзонаи Хуҷандӣ аст, ки дар сарсухани китоби шоир нигоштааст: «… Шоир бедареғ неъматҳои андӯхтаи ҷонашро барои ҳама нисор мекунад, ангезаҳову афрӯзаҳои дилашро андарун ҳабс намесозад, балки берун мекашад ва дар назаргоҳи соҳибназарон мегузорад».

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки маҷмӯаи ашъори Акбар Абдуллоҳ «Тирамоҳи сабз» барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шоиста аст.

З. ӮЛМАСОВА, доктори илмҳои филологӣдотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров