Сулҳияву Ваҳдатбек… Номҳое, ки аз эҳтиром ба сулҳу ваҳдат маншаъ гирифтаанд

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

Дар шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади пуршукӯҳ ва барномаи калони фарҳангӣ барпо гардид. Қатори дигарон ба чорабинӣ ду ҷавони хуштолеъ, зану шавҳари хушбахт — Сулҳияву Ваҳдатбек низ даъват шуданд.

Сулҳияву Ваҳдатбек донишҷӯ буда, чанде қабл ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштанд. Раиси шаҳраки Бохтариён Абдуҷаббор Қурбонов ҷуфти муносибу хуштолеъро дида, беихтиёр рӯзҳои тӯйи хонадоршавии онҳоро ба ёд овард: «Он рӯз дар дафтари корӣ бо ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи мутахассисони ҷамоати шаҳрак ошно мегардидам. Номҳои зебову то андозае ғайриодӣ — Сулҳияву Ваҳдатбек диққати маро ҷалб намуд. Дар аризаашон нигошта буданд, ки мехоҳанд оила барпо намоянд».

Раис ҳамроҳ бо яке аз фаъолони шаҳрак ба табрики ҷавонон рафт. Тӯй замонавӣ, хоксорона ва хеле хотирмон баргузор шуд. Иштироку табрики раиси ҷамоату яке аз шахсони обрӯманди шаҳрак, собиқадори меҳнат Тамара Усмонова барои арӯсу домод ғайриинтизор буд.

- Ҳудуди шаҳраки мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз нуқтаҳои доғ маҳсуб мешуд, — мегӯяд Абдуҷаббор Қурбонов. Муҳоҷирони иҷборӣ аз деҳаҳои шаҳрак хеле зиёд буданд. Аз ин рӯ, дар байни навзодони шаҳрак пайдо шудани Сулҳияву Ваҳдатбек ва ба ин монанд номҳо табиӣ буда, аз амри дилу виҷдони пайвандон ва эҳтиром ба сулҳу ваҳдати миллӣ маншаъ гирифтааст. Хушбахтона, бо талошу ҷоннисории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш ва миллату давлат аз вартаи нобудӣ раҳо гардид.

Шаҳри Москва сурат гирифт, исбот кард, ки воқеан он ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст.

Шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён 28-уми апрели соли 1946 ташкил шуда, масоҳати он 7684 гектар буда, шумораи аҳолии шаҳрак 44 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад. Дар он қатори тоҷикон намояндагони дигар миллатҳо, аз ҷумла ӯзбекҳо, русҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, тоторҳо зиндагӣ мекунанд. 40 вакили ҷамоати шаҳрак дар тарбияи насли ҷавон ва тавсеаи ободонӣ саҳмгузоранд.

Имрӯз ба чеҳраи ҳар сокини шаҳрак назар меафканию боварат намеояд, ки замоне онҳо рӯзгори пуразобе доштанд. Онҳо пешравиҳои кишварро самараи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморанду мекӯшанд дар ин раванд қадри имкон ҳисса гузоранд.

 Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»