Сулҳофарӣ реша ба умқи таърих дорад

№76 - 77 (4182 - 4183) 27.06.2020

Сулҳу дӯстӣ, ҳамзистиву ҳамдилӣ аз қадимтарин айём мавзӯи меҳварии фарҳангу тамаддун ва адабиёти тоҷик маҳсуб мешаванд. Тоҷикон аз сапедадами таърих ва оғози тамаддуни башарӣ бо офаридани нахустин намунаҳои адабию ҳунарӣ ба сулҳу ваҳдат ба унвони муҳимтарин асли пешрафт ва рушду шукуфоии аҳли башар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, дар таъмини сулҳу салоҳ ва субот хидматҳои арзанда намудаанд. Ҳанӯз дар «Авасто» ба сулҳу дӯстӣ ба унвони муҳтимтарин падидаи иҷтимоӣ ба таври кофӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида буд. Дар ин куҳантарин ёдгории ниёконамон сулҳу ҳамзистӣ ситоиш ва ҷангу хунрезӣ маҳкум шудааст.

Далели бебаҳс дар ин маврид Эъломияи Куруши Кабир мебошад, ки бо номи «Маншури ҳуқуқи башар» низ ёд мешавад.

Дар мутуни динӣ ва андарзномаҳои аҳди паҳлавӣ низ масъалаи сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат ба таври густарда бозтоб шудааст.

Баъд аз пирӯзии низом ва мафкураи исломӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон мардуми эронитабор ҳамроҳ бо таҷрибаи бузурги ҷаҳоншиносӣ шомили ҷаҳони ислом шуд, ки ин амр дар низоми зиндагӣ, урфу одат, адабиёт ва ҷаҳонбинии мардуми сарзамин таъсири амиқ гузошт, зеро сулҳу ваҳдат, эҳтироми тарафайн ва баробарии қавму нажоди гуногун аз рукнҳои муҳими дини мубини ислом маҳсуб мешаванд. Дар «Қуръон», ҳадисҳои Паёмбар ва осори дигари исломӣ низ ин масъала зиёд зикр шудааст.

Дар осори шоирону адибон, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Аттор, Саноӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва дигарон ин мавзӯъ муфассал инъикос ёфтааст. Адибон бо баҳрагирӣ аз ин манбаъ — адабиёти аҳди қадим ва «Қуръон»-у ҳадис, осори худро пурбор кардаанд.

Ҳамрадиф бо ин, ҷашну оини мардуми тоҷик аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва ғайра низ ба унвони унсури калидӣ дар тарвиҷи сулҳу дӯстӣ ва ҳамзистии мардуми гуногун хидмат карданд, ки дар ин моваро Наврӯз мақоми шоиста дорад. Аксари муҳаққиқон рози мондагории Наврӯзро, пеш аз ҳама, дар арзишҳои миллӣ ва умумибашарии он рабт додаанд. Ба назари онҳо, Наврӯз ҷашни «қарордодӣ», «маснӯии иҷтимоӣ» ва  ҷашни «таҳмилии сиёсӣ» набуда, балки ҷашни сулҳу дӯстӣ, осудагию фараҳмандӣ ва инсондӯстию мардумсолорист, аз ин рӯ, он аз оғози зуҳур то ҳол дар миёни халқҳо таҷлил мешавад.

Дар адабиёти муосири тоҷик низ шоирону нависандагон дар васфи сулҳу дӯстӣ ва суботу амнияти ҷомеа осори гаронарзишро офаридаанд, ки дар ин миён устод Мирзо Турсунзода ҷойгоҳи вижа дорад. Ин мавзӯъ дар таркиби осори шоир ҳам дар қолаби шеърҳои алоҳида ва ҳам дар қолаби асари комили адабӣ ба назар мерасад. Устод Мирзо Турсунзодаро ҷаҳониён ҳамчун вассофи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату якдилӣ мешиносанд.

Бо таваҷҷуҳ ба мурури кӯтоҳе, ки ба деринаи фарҳангу адаби мардуми шарифи тоҷик доштем, маълум мешавад, ки тоҷикон аз рӯзгори қадим мардуми сулҳдӯсту сулҳофар будаанд. Аммо дар интиҳои садаи XX бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муддате аз суннати пойдори падарон чашм пӯшиданд ва ба гирдоби ҷангу бародаркушӣ гирифтор шуданд.

Дар интиҳои қарни XX муҳимтарин давраи таърихи тоҷикон шурӯъ шуд, ки марҳилаи нисбатан душвор маҳсуб меёбад. Ҳарчанд дар ин давра миллати тоҷик ба бузургтарин дастоварди таърихӣ Истиқлолияти давлатӣ даст ёфт, мутаассифона, оташи ҷанги таҳмилӣ аланга зад. Дар ин вазъияти ҳассос муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба фарҳанги ғании сулҳофарию сулҳдӯстии гузаштагон барои наҷоти миллат бо азм ва иродаи қавӣ иқдом карданд. Ҳадафи аслии Пешвои миллат хомӯш гардонидани оташи ҷанг ва наҷоти давлату миллат аз нобудиву парешонӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ буд. Сарвари давлат бо тадбиру талошҳо давлатро наҷот бахшида, миллатро аз парокандагӣ ҳифз карданд, сулҳу ваҳдатро барқарор намуданд.

Таҳкиму истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии мардуми кишвар самараи заҳмату талошҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат ҳоло Тоҷикистон ба амнтарин кишвари ҷаҳон табдил ёфта, миллати тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагӣ мекунад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба комёбиҳои беназир ноил гардида, мутмаинем, ки ин раванд идома меёбад.

Зебониссо Бобоалиева, узви раёсати Кумитаи сулҳу ризояти миллии Тоҷикистон, муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода