Сулҳу созиш мерос аз ниёгон аст

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

Бароти АбдурахмонВақте ба Нависандаи халқии Тоҷикис­тон Бароти Абдураҳмон гуфтам, ки мехоҳам бо ӯ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусоҳиба анҷом диҳам, суханро аз он сар кард, ки талошҳои созандагӣ ва ваҳдатхоҳии миллати тоҷик аз аҳди шоҳаншоҳи тамаддунофар — Куруши Кабир мерос мондааст. Куруши Кабир нахустин шахсе буд, ки барои ваҳдати ориёиҳо кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Аз рӯи маълумоти муаррихони Юнони қадим, дар аҳди давлатдории Куруш мардуми Моду Порт, Марв, Хоразм, Суғд ва дигар вилоятҳои ороиёинишин зери як парчам муттаҳид шуданд. Яъне, бори нахуст 2500 сол пеш аз он қавмҳои ориёӣ сарзамини бузургу паҳновар ташкил доданд, ки бо номи давлати Ҳахоманишиён машҳур аст. Дар муттаҳидии 54 халқият, ки дар зиёда аз 20 вилоят зиндагӣ ва бо 73 забон гуфтугӯ мекарданд, маншури Куруши Кабир-аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар нақши бориз дошт, зеро он сармашқи иттиҳоди халқиятҳо буд. Баъдтар, дар замони Сомониён низ Исмоили Сомонӣ дар роҳи ба ҳам овардан, сулҳу созиш ва ҳамбастагии қавмҳои тоҷиктабор қадамҳои устувор гузошт.

Ин сабақҳои таърих боис гардид, ки насли навини тоҷикон аз сулҳу ваҳдат ва созишу ҳамбастагиву ризоят пуштибонӣ намоянд, сари мизи гуфтугӯ нишинанд ва мушкилоти мавҷударо ҳал кунанд.

Бароти Абдураҳмон мегӯяд, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар интиҳои асри бист ва оғози асри ­бисту як аст. Мутаассифона, аз рӯзҳои аввал нооромӣ ва даргириҳои хунин оғоз шуд. Аз ин лиҳоз, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ваҳдати миллӣ ва сулҳу созиш ба миён гузошта шуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, муборизаву пайкор барои қудрат аз ҷониби неруҳои мухолиф то 27 июни соли 1997, яъне, то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон идома ёфт.

Хушбахтона, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ пойдор гардид.

- Нақши адабиётро дар тарғиби ғояҳои Ваҳдати миллӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? — пурсидам аз нависанда, ки ҳодисаҳои таърихии миллати тоҷикро дар асарҳояш инъикос намудааст.

- Адабиёт, махсусан публитсистика ва шеър дар тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ нақши бориз доранд, — посух дод Бароти Абдураҳмон ва аз осори устод Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигар шоирон намуна овард, ки онҳо ба сулҳу ваҳдати тоҷикон бахшида шудаанд.

- Ман ҳам як роман навиштаам бо номи «Нимароҳи аъроф», ки ба талошҳои мардум барои истиқлолият бахшида шудааст. Пеш аз он романе бо номи «Биҳишти фиребо» навишта будам, — иброз намуд Бароти Абдураҳмон.

Ба андешаи ӯ, бояд адибон барои муттаҳидсозии миллат, ҳимояи мероси фарҳангӣ, арзишҳо ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ талош варзанд ва онро дар осор таҷассум кунанд.

- Дар замони мо, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҷараён дорад, бисёр забонҳо ва миллатҳои хурд аз байн рафта истодаанд. Мо ҳамчун миллат ва давлати соҳибистиқлол дар ҷуғрофиёи Осиёи Марказӣ забон ва давлати худро дорем. Пас, бояд бикӯшем, ки давлати мо бо қадамҳои ҷиддитар пеш равад, ба даст­овардҳои навини илму тамаддун ва иқтисод ноил гардем. Барои ин бояд бештар омӯзему омӯзонем. Кӯшиш кунем, ки дар арсаи байналмилалӣ насли ҷавон бо донишу истеъдод аз миллату давлат ҳимоят ва пуштибонӣ карда тавонад, — гуфт дар анҷоми суҳбат нависанда.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»