Суннатҳои солинавӣ

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

Ҷашн гирифтани Соли нав суннатҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки ба он обу ранги хос мебахшад. Дар зер аз русуми солинавии баъзе аз кишварҳо қисса мекунем.

 Барф, Бобои барфӣ ва Барфак рамзи соли нав ҳастанд. Онҳо ҷашнро зеботар, ҷаззоб ва бошукӯҳ мегардонанд. Аммо дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки иқлимашон гарм буда, барф намеборад. Австралия аз ҳамин гуна кишварҳост. Дар он ҷо Бобои барфӣ ҳангоми ҷашн бо либоси шиноварӣ, кулоҳи сурхи пӯпакдор ва риши дарози сафед пайдо мешавад. Бо омадани Бобои барфӣ австралиягиҳо оташакбозӣ ва ҳар гуна озмунҳои дилхушкунанда баргузор мекунанд.

Дар Австрия ҳангоми фаро расидани соли нав садои ботантанаи «Занги сулҳ» аз Калисои Стефани муқаддас дар фазои шаҳри Вена танинандоз мегардад. Дар ин кишвар аз замонҳои қадим расмест, ки шаби соли нав дидани дудбаро, даст расондан ба он ва сару рӯи худро сиёҳ намудан фоли нек аст. Австриягиҳо боварӣ доранд, ки ин амал ба онҳо хушбахтӣ ва барори кор меорад. Сокинони ин кишвар аз рӯи одат дар соли нав ба ҳамдигар хукчаҳои аз чинӣ ё шиша сохташударо туҳфа менамоянд ва бовар доранд, ки онҳо барояшон боигарӣ меоранд.

Дар Аргентина, тибқи анъанаи дерина, кормандони муассисаҳо дар рӯзи охирини соли куҳан тақвимҳои куҳна, ҳуҷҷату варақаҳои нолозимро аз тиреза ба кӯча мепартоянд. Дар қисмати тиҷоратии шаҳри Буэнос-Айрес то нисфирӯзӣ роҳҳоро қабати ғафси коғаз мепӯшонад. Ҳеҷ кас намедонад, ки ин одат чӣ гуна ва кай ба вуҷуд омадааст.

Дар Булғористон, дар арафаи соли нав, шохаҳои дарахти зайтунро харидорӣ мекунанд, ки рамзи Соли нав ба ҳисоб меравад. Бо садо додани охирин занги соати соли куҳан дар Булғористон чароғи хонаҳоро 3 дақиқа хомӯш мекунанд. Булғориён атса задан дар сари мизи солинавиро низ далели соли бобарор медонанд.

Дар Бритониёи Кабир одат аст, ки дар соли нав хонаро бо шохаҳои сабзу сафеди рустаниҳои ҳамешасабзи ҷангалӣ оро диҳанд.

Дар Ветнам ҳангоми фаро расидани шом мардум дар боғ ё кӯчаҳо гулхан меафрӯзанд ва атрофи онҳо ҷамъ омада, хӯрок мепазанд. Дар ин шаб ҷанҷолҳо фаромӯш мешаванд, ҳақоратҳо бахшида мешаванд, зеро барои ветнамиҳо соли нав иди дӯстист. Мардуми Ветнам боварӣ доранд, шахсе, ки дар соли нав ба хонаи онҳо медарояд, барояшон барори кор ё баръакс ғаму бадбахтӣ меорад. Аз ин рӯ, дар ин рӯз танҳо бо шахсони боэътимод мулоқот мекунанд.

Дар Юнон одате ҳаст, ки нисфи шаб сарвари оила ба ҳавлӣ баромада, анорро ба девор мезанад. Агар донаҳои он дар атрофи ҳавлӣ пароканда шаванд, оила дар соли нав хушбахтона зиндагӣ хоҳад кард. Суннати дигари солинавии юнониҳо он аст, ки ба дидорбинии дӯстонашон мераванд ва санге ҳамроҳ мегиранд.  Онро дар хонаи дӯсташон гузошта мегӯянд: «Биг­зор пули соҳиби ин манзил мисли ин санг вазнин бошад».

Дар Ҳиндустон маросими солинавӣ хеле ҷолиб баргузор мешавад. Мардуми шимоли Ҳиндустон худро бо гулҳои сафед, гулобӣ, сурх ва арғувон зеб медиҳанд. Дар маркази Ҳиндустон биноҳо бо парчамҳои рангоранг, асосан норанҷӣ оро дода мешаванд. Дар ғарби Ҳиндустон чароғҳои хурдеро дар болои бомҳо фурӯзон мекунанд. Ҳиндуҳо қоидаи махсуси тақдим кардани туҳфаро доранд. Масалан, туҳфаҳоро барои кӯдакон дар табақчаи махсус гузошта, саҳар онҳоро бо чашмони баста ба назди табақча меоранд. Онҳо ба тарзи дигар тақдим кардани туҳфаро намеписанданд.

Дар Ирландия, шоми соли нав дари хонаҳоро кушода мемонанд. Меҳмонро бо як пиёла шароби хуб пешвоз мегиранд ва ҳангоми нӯшидани он чунин мегӯянд: «Ин қадаҳро барои сулҳ дар ин хона ва дар тамоми ҷаҳон менӯшем».

Дар Чин соли нав дар охири моҳи январ ва аввали феврал таҷлил мешавад. Ҳангоми сайри идона чароғҳои зиёдеро фурӯзон мекунанд. Ин кор бо мақсади равшан кардани роҳи худ дар соли нав анҷом дода мешавад.

Дар хонаи ҷопониҳо барои пешвоз гирифтани соли нав се чизро мегузоранд: бамбук, ки рамзи зуд калон шудани кӯдакон аст, олу — рамзи ёрдамчиёни қавӣ ва санавбар — рамзи дарозумрӣ. Ҷопониҳо соли навро ҳангоми баромадани офтоб ҷашн мегиранд.

Таҳияи ВОРИС,

«Садои мардум»