Сурудаш ҷовидон бод

№5 (4267) 14.01.2021

Ҳофиз мехонад. Бо чашмони пӯшида, хаёлаш пайгири андешаҳо. Бо сӯзу соз мехонад. Суруд аз қалбаш ҳамранги чашмаҳои кӯҳистон меҷӯшад ва аз қаъри синааш берун меҷаҳад. Ҳама ҷонзод гӯш ба садои форам сукут варзиданд. Мусиқӣ ва суруди ӯ зеботару рангинтар мешавад, ба гӯшам дарёвор мерезад. Хеле боз интизори шунидани ин овоз ва ин манзараҳои афсунгар будам.

Аюб1Овози форам ба мурғони хушилҳон писанд омаду сари овозашро гирифтанд. Боло мебароям. Чашмаҳои шӯху зулол синаи кӯҳро дарида, ба озодӣ мебароянд ва ба поин сарозер мешаванд. Шояд метарсанд, ки дигарбора ба асорат меафтанду ба маҳбаси дилгиру торик бармегарданд. Рафтани онҳо низ мисли мусиқӣ зебову дилнавоз аст. Мусиқии зебои табиист, ки бо асбоби махсус аз ҷониби хунёгарони табиат иҷро мешавад. Деҳаҳои хурду калонро тамошо мекунам. Даврони соҳибистиқлолии кишвар қатори дигар гӯшаву канори мамлакат он қадар ободӣ шудааст, ки бовари кас намеояд.

Водии афсонаҳост Вахё! Афсонаи ӯро хеле барвақт шунида будам. Ҳанӯз бачаи мактабхон будам, ки пирони рӯзгордида дар бораи муъҷизаҳои зебои Вахё ва бузургонаш қисса мекарданд. Боло меравам, заминҳои ҳосилхезу ҷангалҳоро тамошо мекунам ва дар офариниши кӯҳҳои ин гӯшаи зебои Ватан гунаҳои санъатро мушоҳида менамоям…

Суруди ӯ батамом маро тасхир мекунад. Дилам мехоҳад, ки умре ин оворо бишнавам. Ӯ мехонаду ман саргарми тамошо ба модаре, ки чунин фарзанди боҳунарро ба дунё овардааст, аҳсант мехонам.

Бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ дер боз ошноӣ дорам. Шефтаву шайдои ҳунари волои ӯям. Чун шаб фаро мерасад, соатҳо ба овози ӯ гӯш медиҳаму пайи маънии абёти хондааш меравам. Ҳар дафъа дар сурудҳои вай маънии бикр пайдо мекунам. Дар интихоби матни суруд ва эҷоди оҳанг серталаб аст. Шеъреро интихоб мекунад, ки шунавандагон на танҳо лаззат баранд, балки дар тарбияи маънавӣ низ таъсир дошта бошад.

Маҳмадалӣ ҳанӯз аз даврони ҷавонӣ бо овози ширин дар қалби мухлисон маъво гирифта буд. Санъаткорони маъруфи он замон ба истеъдоди вай баҳо дода, мегуфтанд, ки «ин ҷавон ояндаи хуб дорад». Қаҳрамони матлаб фирефтаи таърифу тавсиф нашуд. Аз мушкилиҳо наҳаросид.  Пайваста заҳмат кашид. Аз ҳунармандони маъруф сабақ гирифт ва билохира ба маснади устодӣ расид. Дар натиҷаи шабзиндадориҳо, заҳматҳои пайваста ва ҷустуҷӯйҳо соҳибном шуд. Хуш давлати мардоне, ки ба хотири номи нек заҳмат мекашанд. Дунё гузарост. Ҳар оғозеро анҷомест. Аммо ҳосили заҳматҳои кашида барои мардони ҷонфидо номи ҷовидонаро насиб мегардонад.

Ҳофизи ватансарост, Ватан муқаддастарин вожа барои ӯст. Дар сурудҳои хеш дигаронро низ ташвиқ мекунад, ки ин меҳанро дӯст доранд. Нагузоранд, ки қадами номубораке хоки поки диёри аҷдодиро помол кунад. Бо тоҷик будан ва бо Тоҷикистон ифтихор карданро ёд гиранд.

Бо хоку оби ту савганд, эй Ватан,

Бо офтобу моҳи ту савганд, эй Ватан,

Як зарра хоки ту бар кас намедиҳем,

Савганд, савганд, савганд…

Бо шири модарон,

дастархони нон,

бо мӯи сапсафед,

чашмони кӯдакон, савганд, савганд, савганд….

Ёд дорам. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо шуд ва фазои кишвар тағйир ёфт. Мардуми пароканда ба ҳам омаданд. Ашки шодӣ ҷорӣ буд. Ба Раштонзамин аз ҳар канори мамлакат меҳмонҳо меомаданд. Ҳар рӯз базму хурсандӣ буд.  Қатори онҳо Маҳмадалӣ Аюбӣ ҳамроҳи чанд тан ҳунарпешаи дигар аз Хатлонзамин омад.

Омада буд, ки дар хурсандии мардум шарик шавад. Омада буд, ки ба гӯши мардум таронаи ваҳдат, таронаи муҳаббат, таронаи ояндаи дурахшони кишварро расонад. Бо ҳам вохӯрдем. Суҳбатамон тӯл кашид. Аз содагиву нофаҳмиҳо гуфтем, аз вайронаҳо гуфтем, шукрона кардем, ки Худованд ба миллати азияткашида фарзанди фарзона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фиристод. Ҷавонмарде, ки саропояшро ишқи миллату Меҳан фаро гирифтааст. Ин абармард тавонистанд бо ҷасорату далерӣ ва ватандӯстӣ Ватанро обод созанд. Мардуми парокандаро сарҷамъ, вайронаҳоро обод карда, миллатро машҳури олам гардонданд.

 Он рӯз толори қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм лабрези тамошобин буд. Маҳмадалӣ суруд мехонд, хастагиро фаромӯш карда буд. Ишқи Ватану меҳри миллат ба ӯ зӯру тавон ато мекард. Мехонду мехонд ва мардуми ташнаи овозаш намехостанд саҳнаро тарк кунад…

Барои Маҳмадалӣ ҳар ваҷаб хоки Тоҷикистон азизу муътабар аст ва чун фарзанди содиқу бо нангу ор ин обу хокро дӯст медораду ифтихор мекунад. Аз соҳибис­тиқлолии мамлакат ифтихор дорад. Рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сари баланд месарояд:

Дӯст медорам Зарафшону Бадахшони туро,

Водии зархези Вахш, Дарвозу Хатлони туро,

Ҳам Ҳисору ҳам Хуҷанди бостону Шаҳри Тус,

Мепарастам, ай Ватан, ман мулки бостони туро.

Ҷашни мавлудат муборак, модари ҷони азиз,

Фахр бо номи ту дорам, Тоҷикистони азиз.

…Он рӯз дар хонаи дигар бо ҳунарпешаи номдори кишвар Амриддини Кабир нишаста будем. Ӯ фарзандашро хонадор мекард ва мо ба табрики вай омада будем. Ҳунарпешаҳои ҷавон бо эҳтиром ба ҳарфи ҳар ду ҳунарпешаи овозадору таҷрибаандӯхта гӯш медоданд. Мардуми аз дуру наздик омада бо муҳаббат дасти устодони номдорро мефушурданд. Гуфтам: «Шумо чун чинорҳои бузург дар боғи санъати кишвар ҳастед ва ҷавонон, ки пайравӣ мекунанд, мехоҳанд дер ё зуд мисли шумо дар дилу дидаи мардум ҷой гиранд».

 Нигоҳи андешамандаш ба нуқтае дӯхта шуд ва дар лабонаш табассуми зебо нақш баст. Баъд аз сукут оҳиста гуфт: «Худо кунад, ки гуфтаи шумо шавад ва шогирдон низ ба миллату Ватан содиқона хизмат кунанд. Номбардори устодон бошанд. Аз ин беҳтар неъмате барои ҳунарманд нест.».

Маҳмадалӣ аз тоҷик будан ифтихор дорад ва муҳаббати хешро ба гӯши сомеон мерасонад. Гуфтан мехоҳад, ки тоҷики соҳибтамаддун ҳамеша бо илму маърифати хеш ҷаҳонгир буду мо низ ба ниёкони хеш пайравӣ намоем.

Сар бар фалак бисоям аз ифтихори тоҷик,

Шодам аз он ки ҳастам ман аз табори тоҷик.

Боди сабо бихонад оҳанги ҳуриёнро,

Хоҳам ҳамин тарона бошад шиори тоҷик.

Маҳмадалӣ Аюбӣ ҷавонмарди қадршинос аст. Шукрона мекунад, ки Ватани зебо дорем ва Пешвое дорем, ки барои миллат ва бунёди давлати озоду овозадор зиёд заҳмат кашидаанд. Ба қад­ри ҳамаи он расидан вазифаи сокинони кишвар аст.

Ба ин обу ба ин хоки Ватан шукрона бояд кард,

Барои сабзии марзи куҳан шукрона бояд кард.

Парешон халқро бо ҳам намуду анҷуман орост,

Барои Сарвари ин анҷуман шукрона бояд кард.

Ӯ мехонад ва ман дунболи садояш гом мепартоям.   Дар ангора ман мемонаму як гӯшаи зебои Тоҷикистони азиз. Шитоб дорам, метарсам, ки мабодо ӯро миёни ҷангалистони анбуҳ гум накунам.

Манзараҳо ранг мегардонанд. Ба димоғ бӯи гулу гиёҳ мерасад. Баробари садои ӯ хониши мурғони кӯҳ ба гӯш мерасад. Аз ҳамовозии онҳо мусиқӣ ва суруди ӯ зеботару рангинтар мешавад.

Сар ба саҷда мебараму даст ба дуо мебардорам.  Дуо мекунам, ки сурудаш ҷовидон бод. Ояндаҳо мисли ҳамзамононаш бо ифтихор номашро ба забон гиранду таҳсин гӯянд…

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»