Тӯс ё Шаҳритуз?

№136 (4242) 03.11.2020

ShahrituzБо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвар тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии мамлакат номҳои зебо гузошта шуд. Аз ҷумла, номҳои Гулистон, Истаравшан, Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Деваштич, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Темурмалик баёнгари таъриху тамаддуни бою рангини гузашта мебошанд.

Оид ба иваз кардани номи ноҳияи Шаҳритуз низ дар матбуоти даврӣ аҳли зиёи кишвар андеша баён намуданд. Баъзеҳо бар он назаранд, ки номи ноҳияи Шаҳритуз ба Шаҳритӯс иваз карда шавад. («Садои мардум», 16 апрели соли 2020, № 48).

Дар Энсиклопедияи советии тоҷик (ҷилди 8), саҳ.122-123 омадааст: «Шаҳритуз райони маъмуриест дар ҳайати вилояти Қӯрғонтеппаи РСС Тоҷикистон ва 29 августи соли 1930 таъсис ёфтааст».

Аз мутолиаи Фарҳанги забони тоҷикӣ (ҷилди 2) бармеояд, ки вожаи «тӯз» маънои гуногун дорад:

1.Туз – пӯсти дарахти сахт, ки бар камон ва зини асп мепечониданд.

Дар камони сапед, туз ниҳод,

Бар сиёҳ аждаҳо камин кушод.

Низомӣ

2. Тӯзӣ – аҳли шаҳри Тӯз.

Ба гетӣ надорам касе ҳамнабард,

Зи румиву тӯзиву озодмард.

Фирдавсӣ

Дар забони ӯзбекӣ туз намакро мегӯянд. Агар дар ноҳия ягон кони намак мебуд, ин ном мувофиқ меомад.

Вожаи «тӯс» низ ба якчанд маъно омадааст:

1.Тӯс – номи шаҳр дар Эронзамин (зодгоҳи Фирдавсӣ).

2.Тӯс-номи яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ

3.Тӯсӣ-номи матоест, ки дар шаҳри Тӯс бофта мешуд:  матои сурхранг ё ҷигарӣ.

Агар ноҳияи Шаҳритуз гӯем, манзур истилоҳи «ноҳия» ва «шаҳр» аст. Ҳол он ки мақоми «шаҳр» аз «ноҳия» фарқ мекунад.

Охири моҳи сентябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи фарҳангӣ – фароғатии «Тӯс», ки таъмиру азнавсозӣ гардид, оғоз бахшиданд. Ҳамчунин, дар маркази боғ муҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ – Тӯс, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шуд.

Ба андешаи банда, агар ноҳияи Шаҳритуз «Тӯс» номгузорӣ шавад, беҳтар аст. Мехостам дигарон андешаҳои саҳеҳтар ва ҷолибро дар ин маврид пешниҳод намоянд.

Шоир бамаврид гуфтааст:

Рӯ мапеч аз машварат, зеро ки арбоби ҳунар

Машваратро пешкори аҳли давлат гуфтаанд.

Аъзам БОБОЕВ,

Рӯзноманигор