Таълифи фарҳанги мукаммалтар зарур аст

№120 (4070) 08.10.2019

IMG_0002Бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1969 «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бо таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ бо теъдоди 33 ҳазор нусха аз чоп баромад, ки яке аз хизматҳои арзишманди луғатнигорони тоҷик маҳсуб меёфт. Он иборат аз ду ҷилд, бо фарогирии 45 ҳазор калима ва дигар воҳидҳои луғавӣ, дар асоси матну мисолҳои мунтахаб аз назму насри осори адабиёти асри Х то ибтидои асри ХХ-ро бо шарҳи луғат, тафсири калимаҳои нодир ва овардани шоҳиди маъноӣ дар бар гирифта, ба илми луғатшиносӣ ва луғатнависӣ равнақи тоза бахшид.

Муҳимтарин хосияти фарҳангҳо,  роҳкушоӣ ва дарки моҳияти маъниҳост. Барои он ки ба асли маънои воҳидҳои луғавӣ маънои дигаре бор нагардад, аҳли назар ба фарҳангҳо рӯ меоварданд.

Нашри «Фарҳанги забони тоҷикӣ» имкон дод, ки доираи васеи хонандагон ҳангоми омӯхтани мероси адабии намояндагони барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс ба душворӣ мувоҷеҳ нашаванд. Фарҳанги мазкур воҳидҳои забониеро фаро мегирифт, ки аз ҷиҳати сохт сода ва бунёдианд. Инчунин, дар он ҳудуди муайяни истифодаи калимаҳою ибораҳои аслӣ, маҷозию рехта ба таври мушаххас ҷой дода шуда, калимаҳои мураккаб фурӯгузор гардидаанд. Дар баробари ин, мафҳумҳои мураккабу сохтае, ки дар натиҷаи аффиксатсия ва калимабандӣ маънои дигари луғавӣ пайдо намудаанд, низ ба фарҳанг дохил карда шудаанд, ба монанди қалам-қаламӣ – (либоси одии алоча), тухм-тухма, (сахтшавии меъда), сӯзан- сӯзанӣ, (порчаи гулдӯзӣ), талх- талха, (узви бадан), хайр — хайрӣ, (номи гули маъруф), дафтар – сардафтар, (одами намоён), машҳур, (фарҳехта), хар-харак, (он чи дар болояш мешинанд) ва ғайра.

Вале, мутаассифона, дар ин шакл боз дар забони мардум калимаҳои зиёде ҳаст, ки ба фарҳанг ворид нашудаанд, аз қабили остин-остинча, (воситаи нонпазӣ), қалам –қаламча, (навдаи дарахте, ки ба замин мешинонанд), қалам – қалама, (анвои нонӣ), ширин-ширинӣ (анвои хӯрданӣ, ки аз тут, ангур ва харбуза тайёр карда мешавад),  чангол (панҷаи даст), чанголӣ (як навъи таом), бекор-бекора, (асбоби корношоям), хона – хонадор, (зандор), оташ – оташак (ҳолате, ки аз он барги дарахт сӯрох мешавад)…

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» на танҳо дар бораи ҷанбаи маъноии калима, балки роҷеъ ба ҷиҳатҳои услубӣ, ахлоқӣ, таърихию ҷуғрофӣ, динӣ, эстетикӣ  низ маълумот пайдо кардан мумкин аст. Хонанда тавассути дарёфти маънои калима, ҳамчунин ба манбаи маълумотӣ, забону услуби асарҳои гуногуни классикӣ шинос  мешавад. Масалан, бо услуб: «Ҷаъфари Бармакӣ бо Ҳорунаррашид ба масобаи як тан буд, чунонки пероҳане дӯхта буд, ки ҳар ду пӯшидӣ ва сар аз як гиребон баровардӣ». («Хористон». ФЗТ,қ. 2, саҳ. 649); истилоҳоти таърихӣ: валиаҳд, (писари подшоҳ ё ягон шахси наздики ӯ, ки дар вақти зиндагии подшоҳ ба ҷои вай таъин мешавад); истилоҳоти динӣ:  будало, (ҷонишинон), (мардони солеҳ, авлиё), ваҳдоният (ягонагӣ, ягонагии худо) ва ғайра.

Вижагии дигари «Фарҳанги забони тоҷикӣ» овардани шоҳидҳоест, ки ҳомили маъниҳои олӣ ва бикр, мазмунҳои нозуку латиф,  форам ва ниҳоят дилкашу хушоянд буда, завқи бадеии хонандаро тақвият мебахшанд. Ҳамчунин, муроҷиаткунандаро  ба дарки маънии аслӣ, маҷозӣ ё киноя бо баёни равшан ҳидоят менамоянд:

Пайки аҷал якояк аз ин галла мебарад,

Ин галларо бубин, ки чӣ осуда мечарад.

Саъдӣ (ФЗТ,  қисми 2, саҳ.16) Маънӣ – киноя аз марг.

Бо вуҷуди ин ҳама муваффақият, фарҳанги мазкур барои ҷомеаи дар ҳоли такомул қонеъкунанда ба назар намерасад, яъне, такмил мехоҳад. Бинобар ин, миллати тоҷик, ки дорои фарҳанг ва забони оламгир аст, ба фарҳанги   муфассали фарогири масоили луғавии забон ниёз дорад. Ҳоло, бояд бинои «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро муҳаққиқони ба фарҳангшиносӣ хеле наздик ва андар он сахт фурӯрафта эъмор намоянд. Аз ин хотир,  сарватҳои  забонии  аз гузаштагон меросмонда ва дар забони гуфтугӯйӣ  фаъол ё  ҳазорҳо калимаю воҳидҳои дигари забониро, ки дар интизори таҳқиқанд, бояд бештару хубтар истифода барем. Ба ҷуз ин, унсурҳои забоние, ки хосияти лаҳҷавиашон гум шуда, ба забони адабӣ роҳ ёфтаанд, бояд ҳамчун воҳидҳои забонӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд.  Онҳо низ «ҳаққу ҳуқуқ» — и дар фарҳанг ҷо гирифтан доранд .

Боигарии забони ҳар як миллатро аз рӯйи луғатномаҳояш муайян мекунанд. Дар фонди луғавии забон ҳар қадар калима зиёд бошад ва  ҳар чӣ бештар ба фарҳанг ворид гарданд, ба суди забон аст. Манзур, вожаҳои маъмуле, ки дар забон мавриди истифода қарор доранд, бояд  дар фарҳанг ҷой дошта бошанд. Воқеан ҳам, зиёданд калимаҳое, ки дар адабиёти  хаттии муосир ба чашм мерасанд ва дар гуфтугӯ гумном нес­танд, аммо дар фарҳанг  истифода нашудаанд. Мисли қатраборон, рафида, зулбиё, нақарот, пойрам, ширбанд, мурч, замч,  шоридан, хишова, пахмоқ, ғиҷим, сутунмуҳра.

Бояд зикр кард, ки номи ҳашарот, наботот, парандаю чарандаҳо,  моли забон маҳсуб мешаванд. Онҳо барои такмили луғавии забони тоҷикӣ ҳамчун унсури  муҳими лексикӣ хизмат мекунанд. Ҳамчунин, калима ва ибораҳои шинаму ҷолибе  ҳастанд, ки дар  фарҳанг мақом пайдо накардаанд. Масалан, рӯзаи майрам, мурдаи шабмонда, ҷойлоб, саёҳат фишанг, зӯза, муҳрона, чашм равшан кардан, оши ҳалол, ҳаққи хизмати подабон дар ивази як рӯзи заҳматаш, ки аз мардуми деҳа  ҷамъ мекунад ва монанди инҳо. Ё калимаи «нозу», ки як навъ парандаи хушхон аст:

Нозидани нозую навоҳои сарича,

Нотиқ кунад он мурдаи бе нутқу баёнро.

(Саноӣ)

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «руспӣ», ки хеле камистеъмол аст, оварда шудааст, вале калимаҳои танфурӯш, танбамузд, тандеҳ, даюс, телгар, занталоқ, шикамқарор, берӯю дида барин калимаҳои маъмул, ки моли забони тоҷикианд, нестанд. Манзур ин аст, ки бисёр калимаҳои камистеъмол ва архаистӣ дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷой, вале ҳазорҳо калимаи серистеъмол истисно карда шудаанд.

Соли 2008 «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон) бо теъдоди 5 ҳазор нусха аз чоп баромад. Наход кишваре, ки тамаддуни дурахшони башариро ҳамроҳӣ мекунад, 5 ҳазор шахси фарҳангӣ дошта бошад. Дар ҳоле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба фарҳанги ҷомеъ таъкид карданд: «Бигзор ин фарҳанги ҷомеъ ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар хонадони тоҷик ва китоби рӯимизии ҳар фарди бонангу номуси миллат бошад».

Бояд ин фарҳанг бештару хубтар ба табъ мерасид ва бо аломатҳо ва хусусиятҳои муфид аз фарҳанги пешина афзалият медошт. Агар рӯ  сӯйи ростӣ биорем, чунин ба назар мерасад, ки «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» бо шитобкорӣ ва саҳлангорӣ нашр шуда, ноқисиҳои фарҳанги пешинаро напӯшонидааст. Магар саҳлангорӣ нест, вақте ки дар шаш саҳифаи даруни муқоваи фарҳанг ба ҷои «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» — «Фарҳанги тафсирии тоҷикӣ забони»  менависанд? Фарҳанги бознашр бояд калима, ибораҳои аслию маҷозӣ ва дигар воҳидҳои забониро, ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли 1969) ҷой надоштанд, фаро мегирифт.  Мебоист воҳидҳои луғавии мазкур бо ҷаҳду кӯшиши луғатнависони ботаҷриба аз сарчашмаҳои адабӣ ва забони гуфтугӯйӣ дарёфт гардида, дар фарҳанги нав корбаст мешуд, то он мукаммалтар мегардид, вале ин ҳолат ҳам дар фарҳанг истисно шудааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар ҳар ду фарҳанг калимаҳои ифодакунандаи номи гулу гиёҳҳо: парахор, тахач, маҳсар, торон,банги девона, камол, мӯрчакамол, девонакамол, себарга, аҷалгиёҳ, ангури сагак, беда, шулха, марвак, субинак, ҷамбилак, сӯзанак, пупалоқ, гулхор,  мағелон, чойкаҳак, ширинкаҳак, сансабил, кокутӣ, ров, бӯйимодарон, нозбӯ, саломалейк барин мафҳумҳо, ки хусусияти адабӣ касб намудаанду хеле серистеъмоланд, мақом пайдо накардаанд.

Инчунин, калима, мафҳум ва ибораҳои наве, ки вобаста ба давру замон ба фонди асосии луғавӣ дохил ва фаъол гардидаанд: бозсозӣ, бознамоӣ, рӯнамоӣ,  бозрасӣ, ҳувият, символ, коргардон, корбаст, саҳомӣ, ҳамгунсозӣ, равшанфикр, соядаст, синамо, поҷома, ширхорагоҳ, Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, парванда, оши оштӣ, сабукдӯш, «мағз»-ҳо, «зеҳн»- ҳо, хоҷагӣ, хоҷагии деҳқонӣ,  дар фарҳанги нав корбаст нашудаанд.

Оё номгӯйи таомҳои миллӣ, ки  дар таркиби луғавии забон фаъоланд, сарвати забони тоҷикӣ нестанд? Ба ин қабил номгӯйи таомҳои миллӣ таваҷҷуҳ кунед: суманак, чанголӣ, нугул, угро, нишоста, гардсӯз ё гардоб, тарҳалво, ҳалвои сурхак, мошкучурӣ, қурут, қурутоб, ширчой, чолоб, шакароб, фатирмаска, ширкаду… Ин калимаҳо, ки хеле серистеъмоланд ва дар фарҳанги қаблӣ зикр нагардида буданд, дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» низ мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд.

Калимаҳои зиёди  ҷуғрофии мамолики форснишин, ки хеле маъруфанд  – Саразм, Шумон, Вашгирд, Карон, Кангурт, Кӯлоб, Эскикӯлоб (шаҳр дар мавзеи Шӯрообод, ки то ҳанӯз ҳафриёт нашудааст) Пушинг, Кӯшониён, Деваштич, Зарафшон, Қаротегин, Дарвоз, Балх, Бағдод, Ҳамадон; номи қавму қабилаҳо – қалуғ, ургутӣ, қатаған, қунғурот, лақай ё худ мафҳумҳои ифодакунандаи номҳо -Спитамен, Муҳаммад, Куруш, Каён, Темурмалик, Сулаймон… ҳам дар фарҳанг ҷойи худро наёфтаанд.

Тавре 5 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: «Яке аз масъалаҳои дорои аҳамияти муҳим дар шинохти суннат ва арзишҳои фарҳангии  миллӣ ҳифз ва зинда сохтани номҳои таърихии ҷуғрофӣ дониста мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки номҳо чеҳраи воқеӣ ва таърихи гузаштагони ҳар қавму миллат мебошанд. Номҳое, ки бо мурури замон тағйир  ёфтаанд, имрӯз дар асоси осори куҳнаи хаттӣ бояд дар шакли дуруст барқарор карда шаванд».

Ховаршиноси тоҷик Зафари Мирзоиён мегӯяд: «Борҳо андешаи муқоиса кардани фарҳанги нав ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (чопи соли 1969) дар зеҳнам пайдо шуда буд. Ман дар вақтҳои холӣ «Фарҳанги забони тоҷикӣ» — ро варақ мезанам, на ба хотири дарёфти маънои вожаи номафҳуме, балки барои он ки ин фарҳанг як хазинаи ғании маонӣ аст, дилбар аст, ҳарчанд мехонӣ, аз он дил канда наметавонӣ, хуморат намешиканад. Дар тамоми давраҳо луғатномаҳое, ки бознашр мешуданд аз нашри қаблӣ бартарият доштанд, вале ин ҳолат дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (соли 2008) мушоҳида намешавад. Дар «Луғати Деҳхудо» зиёда аз 150 ҳазор воҳиди луғавӣ гирд оварда шудааст, ки аксар мафҳумҳои аслан тоҷикӣ-форсӣ буда, дар захираи луғавии забони тоҷикӣ серистеъмоланд.

Хулоса, дар захираи луғавии забони  тоҷикӣ  калима ва ибораҳои бешумор мавҷуданд, ки агар онҳоро ба фарҳанг ворид кунем, теъдоди калимаҳои «Фарҳанги забони тоҷикӣ», бешубҳа, аз 100 ҳазор мегузарад».

Як сабаби дар фарҳанг ворид накардани вожаҳо дар зери таъсири омилҳои сиёсии вақт қарор доштани адабиёт буд, ки ба онҳо тобиши динию маҳаллӣ медоданд. Дар натиҷа, беҳтарин шоҳбайтҳое, ки дар таркибашон вожаҳои шинаму гӯшнавоз доштанд, дар фарҳанг истисно шуданд. Аммо ҳоло чӣ?

Луғатнависони тоҷику форс  аз манбаъҳои пешина, ҳатто калимаю ибораҳои арабиро, ки дар адабиёти классикӣ фаровон истифода шудаанд, ҷамъ карда, фарҳангҳоро мукаммалтар  мекарданд. Дар мавриди истифодаи вожаҳои иқтибосӣ Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ дар фарҳангаш-«Ғиёс-ул-луғот» менависад: «Калимаҳое, ки баромадашон арабӣ аст, онҳоро аҷамиҳо бисёр истифода мебаранд ва моли худ мешуморанд». Яъне, калимаҳое, ки дар забон зиёд такомул ёфтаанд, моли забони тоҷикӣ — форсӣ мебошанд. Ин андеша ба калимаҳои иқтибосии байналмилалӣ низ дахл дорад, вале чунин маъно надорад, ки  онҳоро осон ба фарҳанг ҷо карда, аз ҷустуҷӯ ва дарёфти ҳазор­ҳо калима, таркиб ва ибораҳои аслию маҷозии дар таркиби забонбуда, ки дар фарҳанги пешина истифода нашудаанд, даст кашем. Онҳо низ «хоҳиш»-и дар фарҳанг мақом пайдо карданро доранд. Мақсад ин аст, ки бояд «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» такмил меёфт ва воҳидҳои луғавии дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»  набударо фаро мегирифт. Аҳли зиё ҳам аз чопи фарҳанги нав ҳаминро интизор буданд. Аммо фарҳанги мазкур, асосан, бо роҳи калимабандӣ ва овардани вожаҳои байналхалқӣ – лотинӣ, юнонию фронсавӣ васеъ шудааст. Масалан, аз 2465 калимаи бо ҳарфи «а» таълифёфта 240 — тояш калимаҳои байналхалқӣ ва 560 ададаш калимаҳои бо роҳи калимасозӣ таркибёфта мебошанд. Суоле ба миён меояд, ки  барои хонанда донистани маънои луғавии калима муқаддам аст ё теъдоди зиёди калимабандӣ. Дар фарҳанг ҷо кардани як воҳиди маҷозӣ ё фразеологӣ манфиатбахш аст ё корбасти калимаҳои мураккаб, ки мафҳумашон равшан аст?

Зимни таҳияи « Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» бояд назари васеи аҳли зиё гирифта мешуд, то онҳо андеша  иброз дошта, дар ин кори илман муҳим саҳм мегузоштанд.

Воқеан ҳам, дарёфту пайдо кардани калимаю ибораҳо аз адабиёти классикӣ ва забони адабии гуфтугӯйӣ кори ду касу се кас нест, кори сарҷамъист. Тасаввур кунед: агар ҳар аҳли назар ба миқдори 100 воҳиди луғавӣ ба шуъбаи луғат ирсол менамуд, теъдоди калимаҳои фарҳанг ба  чанд мерасид?

Тавассути картотекаҳо (баргаҳо) ҷамъоварии калимаҳо барои таълифи фарҳанг, таҷриба шудааст. Соли 1969 ба ин васила ба шуъбаи луғати Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 500 ҳазор барга дохил шуд. Хуб мешуд, ки дар таълифи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» аз ин таҷриба истифода мекарданд. Ба ин васила, ҳазорҳо калимаю ибора ва воҳиди луғавие, ки дар фонди луғавии забони тоҷикӣ маҳфузанд ва дар фарҳанги пешина дохил нагардидаанд, ба фарҳанги нав шомил мешуданд.

Набояд фаромӯш кард, ки таълифи як фарҳанги мукаммал маънии арҷ гузоштан ба забону фарҳанги миллат ва давлатдории навинро дорад, ки ҳамзамон шаҳомати забони моро ҷилои тоза мебахшад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»