Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

№35 (3515) 14.03.2016

DSC_177811 марти соли ҷорӣ матбуотчиёни  тоҷик иди касбии худро таҷлил намуданд. Ҳанӯз 104 сол муқаддам, 11 марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» аз чоп баромад, ки он барои рушди минбаъдаи матбуоти тоҷик дар он шароити душвори таърихӣ заминаи устувор ва боэътимод гузошт.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ воситаҳои ахбори омма унсури муҳим ва ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа маҳсуб мешавад. Алҳол дар кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла 363 рӯзнома ( 106 адад давлатӣ ва 257 адад ҷамъиятию мустақил), 236 маҷалла, 70 нашриёт, 303 матбаа сабти ном шудаю фаъолият доранд.

Ба муносибати таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик  дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷамъомади ботантана доир шуд. Пеш аз оғози ҷаласаи тантанавӣ намоишномаи «Гирдбод» (асари Нур Табаров, басаҳнагузоранда Шавкат Халилов) пешкаши иштирокчиён гардид. Он ба  ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида шудааст.

Сипас, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуло Исмоилзода  ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одинаев кормандони воситаҳои ахбори омма ва дигар алоқамандони соҳаро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, нақши муҳими матбуотро дар ҷомеа таъкид намуданд.

Онҳо ба собиқадорони соҳаи воситаҳои ахбори омма ва кормандони фаъоли рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ ва телевизион, агентиҳои иттилоотӣ, нашриёту матбааҳо ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.  Сармуҳаррирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» — Қурбоналӣ Раҳмонзода, «Садои мардум» — Самариддин Асоев низ чанде аз қаламкашони фаъол ва собиқадоронро бо туҳфаҳои арзанда қадршиносӣ намуданд.

Масъулин иттилоъ доданд, ки Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик супурда мешуд, имсол дар арафаи таҷлили ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим хоҳад гардид.

 Б. КАРИМЗОДА,«Садои мардум». Суратгир  А. ИСОЕВ