Таҷлили рўзи ҷаҳонии журналистони соҳаи варзиш

№ 03.07.2017

19577194_150936328799275_1388590707662266859_oБо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҳар сол дуюми июл Рўзи ҷаҳонии журналистони соҳаи варзиш таҷлил мешавад. Ба ин муносибат Кумитаи  миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи «Сароб»- и ноҳияи Варзоб чорабинии идона  баргузор намуд, ки дар он беш аз 30 нафар рўзноманигори соҳаи  варзиш иштирок карданд. Котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралии Сафаралӣ иброз дошт, ки аз соли 1995 дар  аксар мамолики ҷаҳон Рўзи ҷаҳонии  журналистони соҳаи варзиш таҷлил мешавад. Маҳз дар ҳамин рўз соли 1924 дар шаҳри Парижи Фаронса Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис ёфтааст. Ҳоло 159  кишвар узви ассотсиатсияи мазкур мебошанд. Тоҷикистон соли 2011 узви ин ассотсиатсия гардидааст.

Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркин Латипов ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшо  Абдуллоев рўзноманигоронро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барои инъикоси воқеъбинонаи  соҳаи варзиш изҳори сипос намуданд.

Шореҳи собиқадори соҳаи варзиш Раҳматшо Обидов ҳампешагонро ба инъикоси бештари мушкилоти соҳа ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо даъват кард. Ў, аз ҷумла, дар хусуси зиёд шудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ изҳори ақида намуда, масъалаи дар шаҳру деҳоти кишвар зиёд намудани ҳавзҳои шиновариро ба миён гузошт.

Рўзноманигорон Шодихон Назар («Ҷавонони Тоҷикистон»), Фарҳод Ҷабборов («Дайджест- пресс), Нури Наср (телевизиони «Сафина») ва дигарон дар бораи мушкилоти гуногуни соҳаи варзиш изҳори андеша намуданд.

Дар охир бо ташаббуси  маъмурияти меҳмонхонаи истироҳатӣ -  табобатии «Сароб» ба муносибати Рўзи ҷаҳонии журналистони соҳаи варзиш ба иштирокчиёни чорабинӣ  тамоми намуди муолиҷа ройгон пешкаш карда шуд.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»