Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№83 (3384) 18.06.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

БОБИ 4

ҚАТЪИ АҚДИ НИКОҲ

Моддаи 16.  Асосҳои қатъи ақди никоҳ

1. Ақди никоҳ дар натиҷаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.

2. Ақди никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳар дуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд ӯро ғайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор қатъ гардиданаш мумкин аст.

Ақди никоҳ дар натиҷаи вафот кардан ё, ки ба тариқи судӣ вафотёфта (фавтида) эълон кардани зан ё шавҳар ё талоқ қатъ мегардад. Дар ду ҳолати аввалӣ ақди никоҳ аз вақти қайди воқеии марг ё вафотёфта (фавтида) эълон кардани зан ё шавҳар қатъ мегардад. Барои бо ин сабабҳо қатъ гардидани ақди никоҳ дигар ягон амалиётеро иҷро кардан ё ҳуҷҷатеро тартиб додан лозим нест. Бо роҳи судӣ вафотёфта эълон кардани зан ё шавҳар ба эҳтимолияи марги зан ё мард асос ёфтааст (м. 46 КГ ҶТ). Бинобар он ҳозир шудани зан ё шавҳаре, ки вафотёфта эълон карда шуда бошад, аз имкон дур нест. Дар мавриди ҳозиршавии ҳамсари вафотёфта эълонкарда ҳалномаи суд аз ин хусус бекор карда мешавад ва ақди никоҳ аз нав барқарор мегардад, ба шарте ки ҳамсари дигар ба қайди ақди никоҳи нав надаромада бошад (м. 26 КО ҶТ). Агар дар давоми як сол дар ҷои истиқоматии доимии зан ё шавҳар дар бораи ҷои зисташ маълумот набошад, мувофиқи аризаи тарафи манфиатдор ӯро бо роҳи судӣ бедарак ғоибшуда эътироф менамоянд (м. 43 КГ ҶТ). Аммо ин барои ақди никоҳро қатъгардида ҳисоб кардан асос шуда наметавонад. Дар чунин мавридҳо ақди никоҳро танҳо бо роҳи судӣ бекор кардан мумкин аст.

Агар зан ё шавҳари бедарак ғоибшуда эътирофгардида дар ҳамин асос ақди никоҳ бо ӯ бекор карда шуда бошад, ҳангоми ҳозир шудани вай, яъне зан ё шавҳари бедарак ғоибшуда ва бекор кардани қарори суд оид ба бедарак ғоибшуда эътироф намудани ӯ ақди никоҳро мақомоти САҲШ аз рӯи аризаи якҷояи зану шавҳар аз нав барқарор карданашон мумкин аст. Аммо агар ақди никоҳро суд бекор карда бошад, ақди никоҳ танҳо бо ҳалномаи ҳамин мақомот аз нав барқарор карда мешавад. Дар ин ҳолатҳо суд қарори дар бораи беасос донистани ақди никоҳро бояд бекор кунад. Агар зан ё шавҳари бедарак ғоибшуда ба қайди ақди никоҳи дигар даромада бошад, ақди никоҳро аз нав барқарор кардан мумкин нест.

Дар мавриди барҳаёт будани ҳамсарон ақди никоҳро танҳо бо роҳи ҷудо шудан аз рӯи аризаи зан ё шавҳар, ё ҳар дуи онҳо бекор кардан мумкин аст (қ. 2 м. 16 КО ҶТ).

Зану шавҳар озодонаю ихтиёрона хонадор шуда, дар айни ҳол метавонанд мувофиқи қонун ақди никоҳи худро бекор намоянд. На зан ва на мард бо хоҳиши худ ё дар натиҷаи сабукандешона амал кардани ҳар ду наметавонанд ақди никоҳро вайрон кунанд. Ҳатто ақди никоҳ амалан вайрон шуда бошаду зану шавҳар ба талоқ розӣ бошанд ҳам, ақди никоҳи қонунӣ, то даме ки онро мақомоти ваколатдор бекор накунад, қувваи худро гум намекунад.

Талоқ муносибати ҳамсариро барои оянда қатъ мегардонад. Бо ин хислати худ талоқ аз беэътибор донистани ақди никоҳ фарқ мекунад. Ҳангоми беэътибор донистани ақди никоҳ муносибати ҳуқуқии оилавӣ аз лаҳзаи бастани ақди никоҳ беэътибор ҳисоб карда мешавад (қ. 4 м. 24 КО ҶТ).

Бо сабаби талоқ на ҳамаи муносибатҳои дар давраи ақди никоҳ пайдошуда қатъ мегардад. Масалан, дар мавридҳои бо қонун пешбинишуда (м. 91 КО ҶТ) ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот баъди бекор карда шудани ақди никоҳ (баъди талоқ) ҳам боқӣ мемонад. Ҳамсар бо хоҳиши худ метавонад баъди талоқ низ насаби никоҳиашро нигоҳ дорад. Қонун тартиботи бекор кардани ақди никоҳро (тартиби талоқро) муайян кардааст. Мувофиқи ин тартибот ақди никоҳ бо роҳи судӣ (м. 21 КО ҶТ) ва дар мақомоти САҲШ (м. 19 КО ҶТ) бекор карда мешавад.

Моддаи 17. Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар оид ба талаби бекор кардани ақди никоҳ

Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд.

Моддаи мазкур муқаррароти Кодекси собиқ оид ба оилаву никоҳро дар хусуси бе иҷозати зан ба мард манъ кардани оғози парванда оид ба бекор кардани ақди никоҳ дар суд ва ба ҳамин муносибат муроҷиат кардан ба мақоми САҲШ-ро барқарор мекунад. Дар ин маврид танҳо ҳуқуқи мард маҳдуд карда мешавад, зан бошад, дар вақти дилхоҳ метавонад парвандаро оид ба қатъи ақди никоҳ оғоз намояд, яъне ҳуқуқи зан дар қиёс бо ҳуқуқи мард маҳдуд карда намешавад.

Бояд хотирррасон кард, ки ин гуна ҳуқуқмаҳдудкунӣ танҳо бо мақсади ҳимояи саломатии зан ва тифли навзод пешбинӣ шудааст ва ба принсипи конститутсионии таҳти ғамхории давлат қарор доштани зану кӯдак мувофиқат мекунад.

Қоидаи моддаи мазкур инчунин дар ҳолатҳое низ татбиқ карда мешавад, ки агар кӯдак беҷон таваллуд шуда бошад, ё худ то расидан ба якунимсолагӣ фавтида бошад.

Барои оғоз намудани парванда оид ба қатъи ақди никоҳ аз ҷониби марде, ки ризоияти занро гирифтааст, тасдиқи хаттии зан талаб карда мешавад. Ризоияти хаттии зан метавонад дар алоҳидагӣ ё худ дар аризаи якҷояи зану шавҳар барои қатъи ақди никоҳ инъикос ёбад. Суд аризаи даъворо ҳатман рад мекунад, агар ризоияти зан оид ба оғоз кардани парвандаи қатъи ақди никоҳ мавҷуд набошад.

Дар сурати аз байн рафтани ҳолатҳое, ки монеаи қатъи ақди никоҳ буданд, мард метавонад аз сари нав бо ариза дар хусуси қатъи ақди никоҳ муроҷиат намояд. Чунонкӣ зикр гардид, талаботи моддаи мазкур дар хусуси маҳдуд кардани ҳуқуқи мард ба қатъи ақди никоҳ мувофиқ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон халал намерасонад.

(Давом дорад)