Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№85 (3386) 23.06.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 19.   Бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (Хориҷ карда шуд Қ ҶТ аз29.04.2006с, №183).

 

Моддаи 20.   Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар байни зану шавҳар ба миён меоянд

Баҳсҳо дар хусуси тақсими амволи муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», сарфи назар аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд.

 

Моддаи тафсиршаванда тартиби судии ҳалли баҳсҳоро дар назар дорад, ки байни зану шавҳар ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯи ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» номбар шудаанд, ба вуҷуд меоянд, дар назар дорад. Қисми якуми моддаи 43 Қонуни зикргардида чор ҳолатро, ки дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда мешавад, пешбинӣ кардааст. Се ҳолати он вобаста ба аз ҷониби суд бедарак ғайбзада, ғайриқобили амал эътироф шудани яке аз ҳамсарон ва барои содир кардани ҷиноят ва ба муҳлати зиёда аз се сол маҳрум шудани яке аз онҳо мебошад.

Дар се ҳолати зикргардида зану шавҳар аз ақди никоҳи якҷояашон фарзанди ноболиғ дошта бошад ҳам масъалаи бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баррасӣ мегардад. Дар чунин ҳолатҳо пайдо шудани баҳс дар хусуси фарзандон, оид ба тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар ё пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, суд ин масъалаҳоро новобаста аз муроҷиати ҳамсарон оид ба қатъи ақди никоҳ ба мақомоти САҲШ дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунад. Масъалаҳои номбурда бо иштироки намояндагони тарафҳо (васиён) дар суд ҳал карда мешаванд. Дар ин маврид ҷавобгар бояд оид ба оғози парванда ба таври хаттӣ огоҳонида шавад.

Шарт нест, ки масъалаҳои номбурда баъди қатъи ақди никоҳ бо ҷавобгар дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баррасӣ гардад. Мувофиқи Кодекси оила тақсими амвол ва ҳалли дигар масъалаҳо метавонад чӣ дар давраи ақди никоҳ ва чӣ баъди бекор шудани он мавриди таҳқиқ қарор гирад. Ин қоида бори дигар ҳуқуқи ҳамсарро, ки амалан танҳо мондааст, ба тартиби ғайрисудии қатъи ақди никоҳ ба воситаи мақомоти САҲШ тақвият медиҳад ва ҷониби дигар – ҳимояи манфиатҳои ҳамсарон ва ворисони онҳоро бо тариқи судӣ кафолат медиҳад.

(Давом дорад)