Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№94 (3395) 13.07.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 29.   Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд

1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд:

- зан ё шавҳари ноболиғ, падару модари ӯ (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парасторӣ ё прокурор — агар ақди никоҳ бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида ҳангоми мавҷуд набудани иҷозати ақди никоҳ то ба синни ақди никоҳӣ расиданаш (моддаи 13 ҳамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиғ барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад; (Қ ҶТ аз 21 июли соли 2010 №613);

- зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи ӯ ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор — агар ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар; дар натиҷаи маҷбуркунӣ, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;

- зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавҷуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳӣ надошт, васии зан ё шавҳаре, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз ақди никоҳи қаблии бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари ақди никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин Кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарастӣ ва прокурор;

- прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани ақди никоҳи қалбакӣ дар хусуси қалбакӣ будани он огоҳӣ надошт;

- зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқаш ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 3 моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида, поймол гардидааст.

2. Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани ақди никоҳи бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парасторӣ ҷалб карда мешавад.

Моддаи мазкур доираи шахсонеро муайян мекунад, ки барои эътироф намудани беэътибории ақди никоҳ бо даъво ба суд муроҷиат карда метавонанд. Қонунгузории пешинаи оилавӣ, новобаста аз асосҳои беэътибории ақди никоҳ, доираи чунин шахсонро муайян мекард. Аз рӯи қоидаи умумӣ талаби беэътибор донистани ақди никоҳро шахсони дар ақди никоҳ қарордошта, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва дигар нафароне, ки ҳуқуқҳояшон дар натиҷаи бастани ин ақди никоҳ вайрон шудааст, доро буданд. Доираи маҳдуди шахсонро қонун танҳо барои беэътибор донистани ақди никоҳе, ки дар он яке аз тарафҳо ба синни никоҳӣ нарасида буд, муайян мекард. Чунин муқаррароти қонунгузор дар аксар ҳолатҳо ба вайрон шудани ҳуқуқи ҳамсарон меовард, вақте ки онҳо худашон пешниҳоди даъвояшонро оид ба беэътибор донистани ақди никоҳ зарур намешумориданд. Дар муқоиса бо қонунгузории оилавии пешина Кодекси нави оила доираи даъвогаронро вобаста ба ҳар як асоси беэътибории ақди никоҳ мушаххас гардонидааст.

Дар қисми якуми ҳамин модда номгӯи муфассали шахсоне оварда шудааст, ки барои онҳо ҳуқуқи пешниҳод кардани даъво оид ба беэътибор донистани ақди никоҳ дар ҳолати ба ақди никоҳ даромадани шахсони синнашон ба ақди никоҳ нарасида муқаррар карда шудааст. Мазмуни меъёрҳо оид ба беэътибор донистани чунин ақди никоҳҳо дар он ифода меёбад, ки қонун манфиатҳои ҳамсари ноболиғро ҳимоя мекунад. Аз ин рӯ, ба доираи имконпазири даъвогарон худи ҳамсари ноболиғ ва дигар мақомоте, ки мувофиқи қонун ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғонро ҳимоя мекунанд – намояндагони қонунии онҳо (падару модар, падархонду модархондҳо, васиёну парасторон, падару модари ӯгай), инчунин мақомоти васояту парасторӣ ва прокурор дохил карда мешаванд. Ҳамсари дигар ва шахсони дигари манфиатдор бо чунин талаб ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро надоранд. Дар ҳолатҳое ки ҳамсари ноболиғ ба синни никоҳӣ расида бошад, ба ҷуз худи ӯ касони дигар ҳуқуқи талаби беэътибор донистани ақди никоҳро надоранд, зеро дар ин ҳолат дигар монеае ба назар намерасад. Тибқи қонунгузории собиқ чунин ҳуқуқ ба прокурор дода мешуд.

Дар ҳолати мавҷуд будани фиреб ва ба иштибоҳ андохтани яке аз никоҳшавандагон ҳангоми бастани ақди никоҳ ҳуқуқи пешниҳоди даъво танҳо ба ҳамсари ҷабрдидаву фиребхӯрда дода мешавад, зеро фиребу иштибоҳе, ки ба яке аз ҳамсарон ҳангоми бастани ақди никоҳ хос буд, баъдтар бартараф шуда, эҳтимоли хоҳиши озоду ихтиёронаи ӯро дар хусуси идомаи ҳаёти якҷоя ба вуҷуд оварданаш мумкин аст. Дар чунин шароит шахси сеюм ҳақ надорад, ки ҳамсаронро барои бекор кардани ақди никоҳ маҷбур созад. Моддаи 28 ҳамин Кодекс дар чунин вазъиятҳо ҳуқуқи талаб карданро ба прокурор пешниҳод кардааст. Агар ҳамсари фиребхӯрда зидди беэътибор донистани ақди никоҳ барояд, дар он сурат арзи прокурор баррасӣ намешавад. Даъво оид ба беэътибор эътироф кардани ақди никоҳе, ки бо вуҷуди мавҷудияти монеаҳои бастани ақди никоҳ баста шудааст, мумкин аст ҳангоми дузанагӣ ба ҳамсаре дода шавад, ки аз оиладории ҳамсари дигар огоҳӣ надошта бошад, ё худ зану шавҳари аз ақди никоҳи собиқи бекорнашуда прокурор метавонад даъво пешниҳод кунад. Дар ҳолати мавҷудияти хешутабории наздик ё худ ақди никоҳи байни фарзандхонду падархонд метавонад прокурор ё худ ҳар яке аз ҳамсарон даъво пешниҳод намоянд. Ҳангоми ақди никоҳ бо шахси ғайри қобили амал бошад, ҳамсари бовиҷдон, васии шахси ғайри қобили амал, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ба пешниҳоди даъво ҳуқуқ дошта метавонанд. Шахсони дигаре, ки ҳуқуқҳояшон аз бастани чунин ақди никоҳҳо поймол шудааст – кӯдакон, бародарону хоҳарон ва дигар ақрабои ҳамсарон мебошанд, ки ба дарёфти мерос, нафақа ва ғайра манфиатдоранд. Моддаи мазкур доираи шахсонеро муайян мекунад, ки ҳуқуқи талаби беэътибор донистани ақди никоҳи қалбакиро доранд. Чунин ҳуқуқ танҳо ба прокурор ва он ҳамсаре дода мешавад, ки аз мақсади аслии ҳамсараш огоҳ набуд, яъне намедонист, ки мақсади ҳамсараш аз бастани ақди никоҳ бунёди оила нест. Он ҳамсаре, ки мақсади бунёди оиларо надошт, ҳуқуқи талаби беэътибор донистани ақди никоҳро надорад. Дар ҳолати ба суд пешниҳод шудани даъво оид ба беэътибор донистани ақди никоҳ бо ноболиғ (шахси ба синни никоҳӣ нарасида), ё худ ақди никоҳ бо шахси аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътирофшуда, қатъи назар аз он ки даъворо кӣ пешниҳод кардааст, суд уҳдадор аст, ки мақомоти васояту парасториро ба мурофиа ҷалб намояд. Ин мақомот мувофиқи қонун (моддаи 32 ва 35 қисми 1 Кодекси граждании ҶТ) вазифадор аст, ки оид ба ҳифзи ҳуқуқи шахсони ғайри қобили амал ва ноболиғон чораҳо андешад. Ин мақомот бояд дар хусуси ба манфиати ашхоси номбурда будани беэътибор эътироф шудани никоҳ хулосаи худро пешниҳод намояд. Ҳангоми қабули аризаи даъво суд асоснокии онро таҳқиқ мекунад ва муайян месозад, ки шахси аризадиҳанда ҳуқуқи ба миён гузоштани масъалаи беэътибор донистани ақди никоҳро дорад ё не. Агар шахси аризадиҳанда ба категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи талаби беэътибор донистани ақди никоҳро надоранд, тааллуқ дошта бошад, дар он ҳолат судя аризаи даъвои ӯро рад мекунад.

(Давом дорад)