Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№95 (3396) 16.07.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 30. Эътиборнок донистани ақди никоҳ (санатсияи ақди никоҳ)

1. Суд метавонад ақди никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.

2. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани ақди никоҳе, ки бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатҳои зан ё шавҳари ноболиғ талаб намояд.

3. Суд метавонад ақди никоҳи қалбакиро ҳақиқӣ эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки ақди никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношӯӣ ба вуҷуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилавӣ розӣ бошанд, ба шарте ки ҳақиқӣ донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.

4. Ақди никоҳ пас аз бекор кардани он ғайриҳақиқӣ дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуҷуд доштани дараҷаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки зан ё шавҳар дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дар ақди никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин Кодекс) қарор дошта бошанд.

Моддаи мазкур дар қонунгузории оилавӣ муқаррароти наву муҳимеро дохил кардааст, ки аҳамияти амалӣ доранд ва дар шароити ҳозираи рушди ҷумҳурӣ актуалӣ мебошанд. Аввал ин ки бинобар мавҷудияти ҳолатҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс номбар мешаванд, ақди никоҳи беэътибор имкони ҳақиқӣ эътироф шудан дорад, ки ин зуҳуротро санатсияи ақди никоҳ (ҷоннок кардани ақди никоҳ, эҳёи ақди никоҳ, аз нав устувор сохтани ақди никоҳ, зинда гардонидани ақди никоҳ ва ғайра) меноманд. Ин мафҳум мундариҷаи зерин дорад: ақди никоҳи беэътибор аз нав ҳақиқӣ гардонида мешавад, агар шартҳо ва сабабҳое, ки бинобар будани онҳо ақди никоҳ беэътибор дониста шуда буд, аз байн бурда шудаанд, яъне бартараф карда шудаанд. Яъне аз байн рафтани ҳолатҳои монеъшавандаи ақди никоҳ ба суд имконият медиҳад, ки ақди никоҳро эътиборнок ҳисоб карда, даъворо оид ба эътирофи беэътиборнокии он рад намояд.

Санатсияи ақди никоҳи беэътибор дар ҳолатҳои зерин амри воқеъ мешавад:

а) агар ақди никоҳ бо риоя накардани шарти синни никоҳӣ баста шуда бошад (агар яке аз издивоҷкардагон, ҳамсар ба балоғат расида бошад);

б) агар ақди никоҳ бо шахси ғайри қобили амал баста шуда бошад (агар ин шахс сиҳат шуда, бо тартиби судӣ қобили амал эътироф шуда бошад);

в) агар ақди никоҳ бо риоя накардани соҳибихтиёрии тарафҳо баста шуда бошад (агар тарафи ҳуқуқаш вайроншуда баъдан аз рӯи ихтиёри худаш ба ин ақди никоҳ ризоият дода бошад);

г) агар ақди никоҳ дар шароите баста шуда бошад, ки яке аз ҳамсарон дар ақди никоҳи дигари ҳанӯз бекорнашуда қарор дошт (агар ақди никоҳи пешина қатъёфта эътироф гардад);

д) агар ақди никоҳ дар сурати мавҷуд будани муносибатҳо оид ба фарзандхонӣ баста шуда бошад (агар фарзандхонӣ аз ҷониби суд рад гардад).

Ғайр аз ин, агар бинобар сабаби қаробати наздики хешу таборӣ доштани ҳамсарон ақди никоҳ беэътибор эътироф шуда бошад, он гоҳ санатсияи чунин ақди никоҳ ғайриимкон мегардад.

Кодекси мазкур дар мавриди он ки аз кадом вақт ақди никоҳи бо вайрон кардани шароитҳои қонун муқаррарнамуда баста шуда эътиборнок эътироф мегардад, нишондоди аниқе надорад. Аз муҳтавои моддаи 29 чунин хулоса мешавад, ки ақди никоҳ аз лаҳзаи баста шуданаш, яъне аз лаҳзаи қайди давлатии он эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Дар ҳолатҳое ки агар ақди никоҳ бо шахсе баста шуда бошад, ки ҳамзамон ақди никоҳи дигаре ҳам дошт, ин ақди никоҳ на аз лаҳзаи баста шуданаш, балки аз лаҳзаи қатъи ақди никоҳи қаблӣ эътиборнок шуморида мешавад. Дигар хел шуданаш маънои эътирофи бисёрникоҳӣ (полигамия)-ро дорад, аз ин рӯ, агар ақди никоҳи қаблӣ беэътибор эътироф гардад, дар он маврид ақди никоҳи сониро аз лаҳзаи баста шуданаш эътиборнок ҳисобидан зарур аст. Тартиби хосаи санатсияи ақди никоҳ дар қисми 2 моддаи тафсиршаванда, барои ақди никоҳҳое, ки бо ноболиғон баста шудаанд, ифода гардидааст. Яъне суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани ақди никоҳе, ки бо шахси ноболиғи ба синни никоҳ нарасида баста шудааст, рад кунад. Эътибори қонунӣ доштани ин навъи ақди никоҳ аз манфиати ҳамсароне вобаста аст, ки то расидан ба синни никоҳӣ ба ақди никоҳ ворид шудаанд (масалан, ҳомиладорӣ, таваллуди кӯдак ё дигар манфиати ҳамсари ноболиғ дар масъалаи нигаҳдории оила).

Қисми сеюми моддаи мазкур муқаррароти императивӣ (ҳатмӣ) дорад. Суд наметавонад ақди никоҳро қалбакӣ эътироф кунад, агар тарафҳо то баррасии парванда воқеан оила бунёд карда, муносибатҳои самимонаи занушавҳарӣ устувор карда бошанд. Ин муносибатҳо дар шаклҳои зерин ифода ёфтанашон мумкин аст: ҳаёти якҷоя, молу мулк барои истифодаи якҷоя, ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, аз ҷиҳати иқтисодӣ дастгирӣ кардани ҳамдигар, дар ҳузури шахсони дигар маълум будани муносибатҳои самимонаи гувоҳидиҳандаи занушавҳарии онҳо ва ғайра. Ба ҳар ҳол, фақат суд дар натиҷаи баррасии муфассали парванда ба хулосаи аниқу дақиқ омаданаш мумкин аст.

Ҷиҳати дигари амалии ин модда дар он зоҳир мешавад, ки ақди никоҳ пас аз бекор карда шуданаш беэътибор эътироф карда намешавад (хоҳ бо тартиби судӣ, хоҳ аз тариқи мақомоти САҲШ). Ин қоида ба беэътибор эътироф гардидани ақди никоҳ бинобар мавҷудияти хешутабории наздики ҳамсарон, ё худ дар ақди никоҳи дигари ҳанӯз бекорнашуда қарор доштани яке аз ҳамсарон дахл надорад. Дар сурати мавҷуд будани ҳалномаи суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ ҳамон вақт даъво оид ба беэътибор донистани он баррасӣ мегардад, ки агар қарори қаблӣ бекор карда шавад. Яъне суд ақди никоҳро бекор эълон намуда, факти воқеӣ баста шудани ақди никоҳро ба эътибор гирифта буд.

(Давом дорад)