Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№96 (3397) 21.07.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 31.     Оқибати ақди никоҳи беэътибор донисташуда

1. Ақди никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу уҳдадориҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.

2. Нисбати амволи якҷоя бадастовардаи шахсоне, ки ақди никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти умумии саҳмӣ истифода мешавад. Шартномаи ақди никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад.

3. Беэътибор донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқи кӯдаконе, ки аз ин ақди никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми се сад рӯзи баъди беэътибор донистани ақди никоҳ ба дунё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин Кодекс).

4. Ҳангоми баровардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин ақди никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин Кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими амволи то рӯзи беэътибор донистани ақди никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин Кодекс муайянгардидаро татбиқ кунад, инчунин шартномаи ақди никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад.

Зан ё шавҳаре, ки дар натиҷаи бастани ақди никоҳи аз ҷониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи коидаҳои пешбининамудаи қонунҳои гражданӣ ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.

5. Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад фамилияеро, ки ҳангоми сабти ақди никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад.

Тибқи моддаи 31 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор эътироф кардани ақди никоҳ чунин оқибатҳо дорад:

а) ақди никоҳи беэътибор эътирофшуда аз лаҳзаи қайд карда шудани он беэътибор ҳисоб карда мешавад;

б) ақди никоҳи беэътибор ҳисобшуда барои зану шавҳар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои оилавиро ба амал намеоварад;

в) муносибатҳои ҳуқуқии молумулкии шахсоне, ки ақди никоҳашон беэътибор эътироф карда шудааст, мувофиқи қоидаи КГ ҶТ ба танзим дароварда мешавад;

г) беэътибор кардани ақди никоҳ ба ҳуқуқи фарзандоне, ки аз ин гуна ақди никоҳ таваллуд ёфтаанд, таъсир намерасонад. Гуфтан зарур аст, ки қонуни оилавӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамсари бегуноҳро, ки аз мавҷудияти монеаҳо воқиф набуд, ҳифз менамояд. Бо ин мақсад, дар қонун ба чунин ҳамсарон ҳуқуқҳои зерин дода шудааст:

- нигоҳ доштани насабе, ки дар вақти ақди никоҳ интихоб шуда буд;

- суд метавонад ба чунин ҳамсар аз ҳамсари дигар алимент гирад;

- молу мулкашонро аз рӯи қоидаҳои Кодекси оила тақсим кунад.

Ақди никоҳи беэътибор эътирофкардашударо бояд аз ақди никоҳи барпонашуда фарқ кард. Ақди никоҳи аввал – ақди никоҳи басташуда, ақди никоҳи дуюм бошад, умуман ба вуҷуд наомадааст. Ақди никоҳи беэътибор зоҳиран қонунӣ басташуда, вале барои тарафҳо оқибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд намеорад, ақди никоҳи барпонашуда бошад, натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои асосии қайди ақди никоҳ ба ҳисоб меравад. Масалан, ақди никоҳ дар ҳолати набудани яке аз тарафҳо қайд карда шудааст, ё ки имзои никоҳшаванда қалбакӣ (сохта) аст, ё ки қайди ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти бесалоҳият гузаронида шудааст. Вале чунин ақди никоҳро беэътибор ҳисобидан мумкин нест, зеро КО ҶТ бо чунин асос ақди никоҳро беэътибор ҳисоб намекунад. Тақдири ҳуқуқии ақди никоҳи барпонашуда чунин ҳал карда мешавад: бо даъвои шахсони ҳавасманд суд навиштаҷотро дар бораи сабти ақди никоҳ бекор менамояд.

Ақди никоҳи беэътиборро аз рӯи оқибатҳои ҳуқуқиаш аз талоқ фарқ кардан лозим аст, зеро донистани он аҳамияти назариявӣ ва ҳам амалӣ дорад:

а) танҳо ақди никоҳи боэътиборро қатъ кардан мумкин аст, дар ақди никоҳи беэътибор – ақди никоҳ бо вайрон кардани талаботи қонун баста шудааст;

б) ҳангоми талоқ муносибатҳои занушавҳарӣ ба вақти оянда қатъ мешаванд (ба истиснои уҳдадориҳои алиментӣ), дар ақди никоҳи беэътибор бошад, одатан аз лаҳзаи пайдо шудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;

в) ҳангоми талоқ молу мулке, ки ҳамсарон дар давраи занушавҳарӣ ба даст даровардаанд, тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти якҷояи (умумии) онҳо ҳисоб ёфта, тақсим карда мешаванд. Ба чунин моликияти занушавҳарӣ дар ақди никоҳи беэътиборбуда қоидаҳои КГ ҶТ татбиқ карда мешаванд;

г) талоқ, ҳамчун қоида, аз рӯи ирода ва хоҳиши тарафҳо ба амал бароварда мешавад, ақди никоҳи беэътибор бошад, бидуни хоҳиш ва ҳатто бархилофи иродаи тарафҳо сурат мегирад;

д) ҳангоми талоқ суд бояд ба хулосае ояд, ки зиндагонии якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила минбаъд имконнопазир гаштааст. Барои беэътибор ҳисобидани ақди никоҳ чунин хулосаҳо аҳамияти ҳуқуқӣ надоранд;

е) ақди никоҳ ҳамон вақт қатъшуда ҳисобида мешавад, ки агар қарор дар бораи талоқ дар мақомоти САҲШ аз қайд гузаронида шавад. Ақди никоҳи беэътибор аз лаҳзаи ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд қатъшуда ҳисоб меёбад.

(Давом дорад)