Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№105 (3406) 05.08.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 39. Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад

1. Ҳангоми тақсими амволе, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

2. Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар амволи умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиғ ё манфиати қобили таваҷҷуҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё амволи умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳ мумкин аст зиёд карда шавад.

3. Ҳангоми тақсими амволи умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашё бояд ба кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои ӯ муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари ӯ метавонад ҷубронпулӣ ё ҷуброни дигар муқаррар карда шавад.

4. Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими амволи умумӣ дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад.

5. Ашёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиғ харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқӣ, китобҳои кӯдакона ва ғайра) ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо ӯ зиндагӣ мекунанд, бе ҷуброн гузошта мешаванд.

Моддаи якуми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳамсаронро дар ақди никоҳ эълон доштааст ва мувофиқи ҳамин принсип қисми аввали моддаи шарҳёбанда баробарии ҳиссаи зану шавҳарро ҳангоми тақсими амволе, ки дар моликияти умумии зану шавҳар мебошад, эътироф кардааст. Аз ин муқаррарот бармеояд, ки андозаи музди меҳнат ва дигар даромади ҳар як ҳамсар, чун қоида, барои муайян кардани ҳиссаи онҳо ҳангоми тақсими моликияти умумӣ аҳамияте надорад, агар дар аҳдномаи зану шавҳар тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Заҳмати ҳамсар — зане, ки дар давраи ақди никоҳ ба кори хоҷагидорӣ машғул буд ва кӯдаконро нигоҳубин мекард, аз ин рӯ, сарчашмаи мустақили даромад надошт, асоси комил барои ҳисса дар моликияти якҷоя доштанаш шуда метавонад. Дар сурати фаъолият доштани зан ва бекор будани мард низ ҳамин муқаррароти қонун татбиқ карда мешавад. Ҳангоми тақсими моликияти умумӣ, чун қоида, ҳисса дар ҳуқуқи моликият ба амволи умумӣ аз ду як ҳиссаро (2/1) ташкил медиҳад. Баъзан ба ҳар ҳамсар амволи муайян мувофиқи ҳиссаи ӯ ҷудо карда мешавад. Дар таҷрибаи судӣ ҳолатҳое дучор мешаванд, ки суд байни ҳамсарон хонаи истиқоматиро (бо муайян кардани қисматҳои иморат) тақсим намуда, ҳамчун ҳуқуқи моликият ҳиссаҳои ҳамсаронро нишон намедиҳад. Дар ин ҳолат, яъне агар ҳиссаи ҳамсарон ба ҳуқуқи моликият муайян карда нашавад, ҳалномаи суд беэътибор дониста мешавад. Инчунин суд метавонад бо назардошти мундариҷаи қисми 2 моддаи мазкур аз принсипи баробарии ҳиссаҳои зану шаҳар дар амволи умумии онҳо сарфи назар кунад. Асос барои афзоиши ҳиссаи ҳамсар манфиати кӯдакони ноболиғест, ки ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанд (беморанд ё худ корношояманд), барои кам кардани ҳисса бошад – бе сабаб нагирифтани даромад, ихтиёрдории исрофкоронаи амволи умумӣ ва ғ. Дар ин маврид қонун талаб мекунад, ки ҳалномаи суд бо назардошти талаботи ҳамин қисми модда ҳамаҷониба асоснок карда шавад.

(Давом дорад)