Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№106 (3407) 08.08.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

БОБИ 8

АҲДНОМАИ НИКОҲ

Моддаи 40. Аҳдномаи никоҳ

Аҳдномаи никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.03.2011 с., №710).

Аҳдномаи никоҳ мафҳуми нав аст ва он аввалин маротиба дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст. Мутобиқи аҳдномаи никоҳ ҳамсарон имконият пайдо мекунанд, ки ҳуқуқҳои молумулкии худро дар давраи зиндагии якҷоя ва мавриди бекор шудани ақди никоҳ ба таври амалӣ анҷом диҳанд. Дар замони муосир ин меъёри ҳуқуқӣ аҳамияти актуалӣ дорад, зеро дар натиҷаи навъҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, тиҷорату соҳибкорӣ, зеҳнӣ умуман дар шароити иқтисоди бозаргонӣ шумораи оилаҳое, ки дар ихтиёри худ молу мулки ғайриманқул, корхонаҳои хусусӣ ва ғайра, дар маҷмӯъ моликияти зиёде доранд, афзоиш меёбад. Комилан табиист, ки бо афзун шудани молу мулк зарурати ҳимояи он ҳангоми тақсим дар оянда ба эътибор гирифта мешавад.

Аҳдномаи никоҳ аз рӯи табиати ҳуқуқии худ аҳди дутарафа мебошад. Дар он ду тараф – шахсоне, ки нияти ба ақди никоҳ даромадан доранд ё ин ки зану шавҳари дар ақди никоҳи расмӣ буда иштирок менамоянд. Яъне, дар қонун субъектҳои (тарафҳои) аҳдномаи никоҳ махсус нишон дода шудааст. Мард ва зане, ки ба таври воқеӣ бе қайди давлатии ақди никоҳ зиндагӣ доранд ва дар оянда нияти ба расмият даровардани ақди никоҳашонро, ҳамон тавре ки Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, надошта бошанд, аҳдномаи никоҳ баста наметавонанд.

Ин ҳолат вобаста ба он аст, ки предмети аҳдномаи никоҳ молу мулки якҷояи зану шавҳар ё амволи дар оянда ба даст меовардаи онҳо мебошад. Ғайр аз ин, муносибатҳои молу мулкии шахсони дар ақди никоҳи воқеибуда танҳо дар асоси қонунгузории гражданӣ ба танзим дароварда мешавад. Дар ҳолати набастани аҳдномаи никоҳ муносибатҳои молумулкии зану шавҳари дар ақди никоҳи расмибуда дар асоси талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 34-39) ба танзим дароварда мешавад. Ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ва оид ба он пайдо шудани баҳс аз тариқи қонунгузории оила ва ҳам қонунгузории гражданӣ ба танзим дароварда мешавад.

Аҳдномаи никоҳ яке аз навъҳои аҳд аст ва қонунгузор ба ҳамсарони оянда ё ба ҳамсарон дар давраи ақди никоҳ ҳуқуқи мустақилона додааст, то ин ки дар он муносибатҳои молумулкии худро муайян созанд, лекин дар айни замон онҳоро барои бастани ин навъи аҳд уҳдадор намекунад.

Моддаи 41. Бастани аҳдномаи никоҳ

1. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад.

Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.

2. Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳ­шаванда шаҳвранди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад. (ҚҶТ аз 25.03.2011 с., №710).

3. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад. (ҚҶТ аз 25.03.2011 с., №710).

Моддаи мазкур тартиби бастани аҳдномаи никоҳро пеш­бинӣ намудааст. Мувофиқи он аҳдномаи мазкур то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ё баъд аз он бастани аҳдномаи никоҳ оқибати ҳуқуқии муайян дорад. Барои онҳое, ки нияти ба ақди никоҳи расмӣ даромаданро доранд, аҳдномаи никоҳи бастаи онҳо пас аз қайди давлатии ақди никоҳ гузаштан (дар ҳолате, ки аҳдномаи никоҳ дар нотариат тасдиқ шудааст) эътибор пайдо мекунад. Аҳдномаи никоҳе, ки байни зану шавҳар баъди ақди никоҳи расмӣ баста шудааст, барои тарафҳо аз лаҳзаи тасдиқи ин аҳднома дар идораи нотариалии давлатӣ эътибор дорад.

Дар қисми дуюми моддаи тафсиршаванда хусусиятҳои фарқ­кунандаи аҳдномаи никоҳ, ки яке аз тарафҳои никоҳша­вандаи он шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, пешбинӣ шудааст. Ин хусусият аз он иборат аст, ки дар мавриди зикргардида аҳдномаи никоҳ ҳатман то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста мешавад. Ин ҳолати императивӣ аз талаботи қисми якуми моддаи 41 КО ҶТ фарқ мекунад.

Аҳдномаи никоҳ танҳо дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад. Ин аҳднома ба идораи нотариалии давлатӣ пешниҳод мешавад. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» (м. 39) сарнотариусҳои давлатӣ, нотариусҳои калони давлатӣ дар идораҳои нотариалии давлатӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд, аҳдномаи никоҳро яке аз онҳо бо иштироки ҳатмии тарафҳо тасдиқ менамоянд.

Моддаи зикргардида ба кадом муҳлат бастани аҳдномаи никоҳро муайян накардааст. Муҳлати бастани ин аҳднома аз иродаи ҳар ду тараф вобастагӣ дорад. Яъне, тарафҳо метавонанд муҳлати аҳдномаи никоҳро худашон бо розигии якдигар муқаррар намоянд.

Дар ҳолати риоя накардани шакли бастани аҳдномаи никоҳ оқибатҳои моддаи 44 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Бояд қайд кард, ки аҳдномаи никоҳ баста намешавад, агар байни зану шавҳар ақди никоҳ бекор карда шуда бошад. Дар ҳолати мавҷуд набудани аҳдномаи никоҳ дар байни тарафҳо низоми молумулкии зану шавҳар мутобиқи моддаҳои 34-39 Кодекси мазкур муайян мегардад, ки он дар боби 7 ба таври муфассал шарҳ дода шудааст.

(Давом дорад)