Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№110 (3411) 17.08.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 43. Тағйир додани аҳдномаи никоҳ

1. Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё беэътибор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад.

Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад.

2. Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.

3. Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад.

4. Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст. (ҚҶТ аз 25.03.2011 с., №710).

Моддаи мазкур имконияти дар ҳар вақт бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳро дар назар дорад. Ҳангоми ба аҳдномаи никоҳ дохил кардани тағйирот ё бекор кардани он созиши зану шавҳар дар ин бора ба таври хаттӣ навишта шуда, аз тарафи ҳар яки он имзо гардида, дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми риоя кардани чунин тартиб тағйирот ҳамчун қисми таркибии аҳдномаи никоҳ ё бекор кардани аҳдномаи мазкур қонунӣ ҳисобида шуда мавриди иҷро қарор мегирад.

Аҳдномаи никоҳ пас аз ба тартиби қонун баста шуданаш бо назардошти шартҳои дар он ҷойдошта ҳатман бояд иҷро гардад. Аз ин лиҳоз, қонунгузор аз иҷрои аҳдномаи никоҳ якҷониба даст кашидани яке аз тарафҳоро истисно мекунад.

Дар ҳолате, ки зану шавҳар оид ба тағйир додан ва ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ ба созиш наоянд, бо талаби яке аз онҳо масъалаи мазкурро суд ҳал менамояд. Суд ҳалномаи худро дар асос ва тартиби муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад. Дар моддаи 482 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қ. 1) асосҳои тағйир додан ва бекор кардани аҳднома ба монанди шартномаро ба таври назаррас вайрон кардани тарафи дигар ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома нишон дода шудааст. Аз рӯи қоидаҳои умумӣ, ҷиддан риоя накардани аҳднома он вақт эътироф мегардад, ки агар ба ҷониби дигар аз ин рафтор зиён расида, ӯро аз нияти ба даст овардани нафъи зиёде маҳрум созад, ки ҳангоми бастани аҳднома дар назар дошта шуда бошад.

Азбаски аҳдномаи никоҳ хоҳиши озодонаи ду тараф аст, онҳо дар ин аҳднома муҳлати ба созиш омадан оид ба тартиби дохил намудани тағйирот ва бекор кардани онро муқаррар менамоянд. Агар ин ҳолат дар аҳдномаи никоҳ дарҷ наёфта бошад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки аз тартиби муайянкардаи моддаи 484 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қ. 1) истифода намоянд. Ҳангоме ки зан ё шавҳар дар вақти муайяншуда ба талаботаш ҷавоб нагирад, он гоҳ метавонад дар муддати 30 рӯз оид ба тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ ба суд муроҷиат кунад. Тартиби муроҷиат ба судро қонуни мурофиавӣ муқаррар кардааст.

Амали аҳдномаи никоҳ бо мавҷуд будани ақди никоҳи расмии зану шавҳар алоқаманд аст, агар дар худи аҳднома муҳлати муайяни амали он муқаррар нашуда бошад. Инчунин зану шавҳар дар аҳдномаи никоҳ метавонанд дарҷ намоянд, ки то як муҳлати муайян ҳамсарон иҷрои уҳдадориҳояшонро дар давраи пас аз қатъ гаштани ақди никоҳ низ идома медиҳанд.

Лаҳзаи қатъ гаштани ақди никоҳ дар моддаи 25 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст. Дар асоси талаботи ин модда ақди никоҳ аз лаҳзаи бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ (новобаста аз он ки ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё бо ҳалномаи суд бекор карда шудааст) дар дафтари сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қатъгардида ба ҳисоб меравад. Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ дар қонунгузории оилавии баъзе давлатҳои ИДМ дигар аст. Лаҳзаи қатъ гаштани ақди никоҳ дар ҳолати бекор кардани он бо ҳалномаи суд дар Кодексҳои оилаи Федератсияи Россия (м. 25), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (м. 47), Кодекси никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Беларус (м. 34), Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи никоҳ ва оила» (м. 22) аз мавриди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалнома эътироф мегардад. Ҳамин тавр, баробари қатъ гардидани ақди никоҳ амали аҳдномаи никоҳ низ қатъ мегардад. Яъне, уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ вобаста аст ва бо иртибот аз он амали худро қатъ менамояд.

(Давом дорад)