Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№111 (3412) 19.08.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 44. Беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ

1. Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэътибории муоҳидаҳо пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад.

2. Аҳдномаи никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи қисми 3 моддаи 42 ҳамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 Кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад.

Мазмуни аҳдномаи никоҳ бояд ба талаботи қонун мувофиқ бошад. Дар акси ҳол чунин аҳднома аз ҷониби суд беэътибор эътироф шуданаш мумкин аст. Банди 2 боби 7, зерфасли 3 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 191-206) ба аҳдҳои беэътибор ва оқибатҳои ҳуқуқии онҳо пурра бахшида шудааст.

Беэътибор ҳисоб кардани аҳдномаи никоҳ ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ ду мафҳуми мустақил буда, аз якдигар аз ҷиҳати оқибатҳои ҳуқуқӣ фарқ доранд. Дар мавриди аз ҷониби суд беэътибор ҳисоб намудани аҳдномаи никоҳ он барои зану шавҳар оқибати ҳуқуқӣ надорад, чунки тарафҳо ба мақсад намерасанд ва он аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор мебошад. Пас аз беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ тарафҳо ба ҳолати аввалаи молумулкӣ баргардонида мешаванд. Ин ҳолат чунин маъно дорад, ки зану шавҳар молу мулки аз рўи аҳднома гирифтаашонро ба якдигар бармегардонанд. Дар ҳолати надоштани имконияти дар шакли асл баргардонидани молу мулк, тарафҳо вазифадоранд, ки арзиши молу мулкро бо пул ҷуброн намоянд.

Пурра ё қисман беэътибор ҳисоб кардани аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки қонун муқаррар кардааст, танҳо ба салоҳияти суд дахл дорад. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 191) ду намуди аҳдҳои беэътиборро, ба монанди аҳдҳои баҳснок ва аҳдҳои беэътибор пешбинӣ намудааст. Ба аҳдҳои беэътибор аҳдҳое, ки хилофи қонун баста шудаанд (моддаи 193 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ба монанди онҳо дохил мешаванд.

Аҳдҳое, ки дар натиҷаи гумроҳӣ баста шудаанд (моддаи 203 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон), аҳде, ки бо фиреб, зўроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф ба тарафи дигар, ё шароити вазнин баста шудааст (моддаи 204 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва аз ҳамин қабил аҳдҳо ба аҳдҳои баҳснок тааллуқ доранд.

Дар қисми 3 моддаи 42 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои беэътибор эътироф намудани аҳдномаи никоҳ пешбинӣ шудааст. Дар мавриди ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 3 моддаи 42 (ниг. ба тафсири қисми 3 моддаи 42) пешбинишуда бо даъвои яке аз ҳамсарон, прокурор, меросхўрон, кредиторҳо ва дигар шахсони манфиатдор аз ҷониби суд масъалаи беэътибор эътироф намудани аҳдномаи никоҳ баррасӣ мешавад. Дар ин маврид доираи шахсони муроҷиаткунанда ба суд васеъ аст, чунки аҳдномаи беэътибор манфиатҳои шахсони дигарро низ халалдор менамояд. Масалан, яке аз тарафи аҳдномаи никоҳ пули ба кредитгирифтаро ба миқдори махсусан калон тасарруф кардааст. Бо мақсади он ки аз мусодираи молу мулк озод гардад, ў бо ҳамсараш аҳдномаи никоҳ баста дар он шарт мегузорад, ки тамоми молу мулки якҷояи онҳо ба моликияти ҳамсараш мегузарад. Дар ин маврид аҳдномаи басташуда хилофи қонун аст ва манфиати мақоми кредитдодаро халалдор менамояд. Аз ҳамин сабаб прокурор ё шахси кредитдода дар бораи беэътибор донистани аҳдномаи никоҳи зикргардида ба суд ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд.

Аҳдномаи никоҳ иродаи озодонаи зану шавҳар аст. Дар ҳолати халалдор намудани иродаи озоди яке аз тарафҳо аҳди басташуда баҳснок аст ва он бо ҳамин асос беэътибор ҳисоб карда мешавад. Аз ин рў, барои беэътибор эътироф намудани аҳдҳои баҳснок танҳо зан ё шавҳар ва дар ҳолати ғайри қобили амал будани яке аз онҳо васии ў ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро дорад.

Аҳдномаи никоҳ қисман беэътибор эътироф шуданаш мумкин аст. Дар ин маврид дар назар дошта мешавад, ки аҳдномаи никоҳ бидуни дохил кардани қисми беэътибори он ҳам метавонист баста шавад ва дар ин қисм аҳднома эътиборнок мебошад. Масалан, дар аҳдномаи никоҳ масъалаҳои молумулкии зану шавҳар ва танзими муносибатҳо вобаста ба муаяйн кардани ҷои истиқомати кўдак ва тартиби тарбияи он ҷой дорад. Дар ин ҳолат қисми аввали аҳднома вобаста ба муносибатҳои амволии зану шавҳар боқӣ монда, қисми дигари он вобаста ба ҷои истиқомат ва тарбияи кўдак беэътибор эълон карда мешавад. Айнан беэътибор донистани як қисми аҳдро моддаи 205 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 206) муҳлати даъворо аз рўи аҳдҳои беэътибор се сол муқаррар кардааст.

Моддаи 45. Аҳдномаҳои дигар доир ба амвол

Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ аҳдномаи ҳадя, хариду фурўш ва ҳама гуна аҳдномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна аҳдномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила ба миён меоянд, тавассути қонунҳои гражданӣ танзим мегарданд.

Моддаи мазкур дорои меъёри ҳаволакунанда мебошад. Бастани аҳдномаҳои ҳадя, хариду фурўш ва аҳдномаҳои дигар байни зану шавҳар, дигар аъзои болиғи оила (бародарону хоҳарон, бобою бибӣ, модаркалон ва ғайра) дар ҳолате имконпазир аст, ки хилофи қонун набошанд. Муносибатҳои мазкур бо меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. Зан, шавҳар ё дигар аъзои болиғи оила дар ҳолате, ки дорои амволи алоҳидаи мустақил бошад, он гоҳ ў дар асоси талаботи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулкашро бо салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд. Яъне, соҳибмулк амволро дар асоси қонун ва ҳақиқӣ доро мебошад, аз амвол истифода бурда фоида мебинад ва ғайра. Инчунин соҳибмулк амволи худро ҳақ дорад ҳадя кунад, фурўшад, барои истифода ба иҷора диҳад ва бо ҳамин амалаш тақдири ҳуқуқии амволро муайян месозад. Тартиби бастан, шартҳои он, оқибатҳои ҳуқуқии аҳдномаҳои номбурдаро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн менамояд.

(Давом дорад)