Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№112 (3413) 21.08.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

БОБИ 9

МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВҲАР АЗ РӮИ УҲДАДОРИҲО

Моддаи 46.  Ситонидани маблағ аз молу мулки зану шавҳар

1. Аз рӯи уҳдадориҳои яке аз ҳамсарон маблағ танҳо аз молу мулки ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулк кредитор ҳақ дорад ҷиҳати ситонидани қарз ҷудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз молу мулки умумии онҳо талаб кунад.

2. Ситонидани маблағ аз молу мулки умумии зану шавҳар аз рӯи уҳдадориҳои умумии зану шавҳар, инчунин он аз рӯи уҳдадориҳои яке аз онҳо сурат мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳамаи чизҳои мувофиқи уҳдадорӣ гирифтаи зан ё шавҳар барои эҳтиёҷоти оила масраф шудаанд.

3. Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки дар моликияти муштараки зану шавҳарбуда аз маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағ мутаносибан аз молу мулки умумии зану шавҳар ё аз як қисми он ситонида мешавад.

4. Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки фарзандони ноболиғашон расонидаанд, тавассути қонунҳои гражданӣ муайян карда мешаванд.

Ҳар як шахси болиғи қобили амал дар муомилоти гражданӣ бо роҳи бастани шартнома иштирок менамояд, ки он асоси ба вуҷуд омадани уҳдадорӣ мегардад. Инчунин уҳдадорӣ берун аз шартнома ҳам ба вуқӯъ омаданаш мумкин аст. Дар мавриди бо амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ ба шахс ё молу мулки ӯ, шахси ҳуқуқӣ зарар расонидан шахси зараррасонида онро ҷуброн менамояд (м. 1079 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ғайр аз ин, иҷрои уҳдадориҳое, ки бевосита ба шахсияти қарздор вобаста аст оид ба ҷуброн намудани қарзи алимент (моддаҳои 80, 114 ва 116 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), масъулият барои якҷоя расонидани зарар (м. 1095 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ғайра дохил мебошанд. Ҳамин тавр, уҳдадорӣ доштани яке аз ҳамсарон (аз шартнома ё бидуни шартнома ҳосилшаванда) ҳангоми иҷрои он ситонидани маблағ аз ҳисоби молу мулки зан ё шавҳари уҳдадор буда ва аз ҳиссаи яке аз онҳо дар молу мулки умумии зану шавҳар буда ситонида мешавад. Дар ин маврид вақти ба вуқӯъ омадани уҳдадорӣ, мақсади бастани шартнома, ба кадом мақсад сарф шудани хароҷоти маблағҳои аз рӯи шартнома гирифта дар иҷрои уҳдадорӣ аҳамият дорад. Агар аз уҳдадорӣ (ё шартнома) барояд, ки он танҳо ба шахсияти зан ё шавҳар вобаста аст, дар давраи то хонадоршавӣ муносибатҳо ҷой доштанд, хароҷотҳои маблағ танҳо ба манфиати шахсии зан ё шавҳар истифода шудааст, иҷрои чунин уҳдадорӣ ба зиммаи яке аз онҳо буда, аз ҳисоби молу мулки алоҳидаи ӯ ситонида мешавад. Ҳангоми нарасидани молу мулк, қарз аз ҳисоби ҳиссаи масъул дар молу мулки умумӣ рӯёнида мешавад. Барои ҷудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳар дар молу мулки умумии онҳо кредитор бояд бо аризаи даъво ба суд муроҷиат намояд. Бояд қайд кард, ки ин қабил даъвоҳо дар таҷрибаи судии судҳои ҷумҳурӣ  нест. Моддаи 303 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои аз ҳиссаи саҳм дар молу мулки умумӣ нигаронидани рӯёнишро пешбинӣ намудааст.

Қарзҳои умумии зану шавҳар аз ҳисоби молу мулки умумии онҳо ва инчунин молу мулки алоҳидаи ҳар яки онҳо ситонида мешавад. Дар таҷриба одатан уҳдадориро зан ё шавҳар ба зимма гирифта, шартномаро имзо мегузорад. Дар мавриди аз тарафи шавҳар имзо гузоштани шартномаи қарз бо мақсади харидани хонаи истиқоматӣ барои зиндагии якҷоя бо аъзои оилааш иҷрои уҳдадорӣ ба зиммаи зан ҳам гузошта мешавад, чунки маблағи қарз ба манфиати оила сарф шудааст ва қарзи умумии зану шавҳар ба ҳисоб меравад. Агар барои ҷуброни қарз молу мулки умумии зану шавҳар нарасад, он гоҳ ситонидани маблағ аз ҳисоби молу мулки алоҳидаи ҳар яки онҳо иҷро мегардад. Чунин муайян кардани тартиби рӯёнидани қарз барои ҳимояи манфиатҳои қонунии кредиторон муқаррар шудааст.

Ситонидани маблағ аз молу мулки умумии зану шавҳар ё аз як қисми он инчунин дар ҳолате ҷой дошта метавонад, ки агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки якҷояи зану шавҳар аз маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст. Вобаста аз категорияҳои ҷиноятҳо ва ҳолатҳои мушаххаси содир намудани ҷиноят мумкин аст, ки моликият тасарруф гардад, ба ҷабрдида зарари моддӣ расонида шавад. Дар ҳолате, ки предмети ҷиноят (маблағи муайян, чизҳои қиматбаҳо ва ғайра) пайдо гардад, он ба соҳибаш баргардонида мешавад ва зарар бо ин бартараф мегардад. Аммо раводиди моддаҳои мушаххаси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (масалан, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 244 (дуздӣ) қисмҳои 2 ва 3 моддаи 246 (тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайра) мусодираи молу мулкро ҳамчун ҷазо муқаррар намудааст. Барои таъмини иҷрои ин ҷазо амволи дар оилаи маҳкум буда, ба рӯйхат гирифта шуда, ба он ҳабс гузошта мешавад.

Дар ин маврид яке аз ҳамсаре, ки ба ҷиноят даст назадааст, манфиатҳои молу мулкии худро бо роҳи ба суд пешниҳод намудани даъво дар масъалаи аз рӯйхат истисно намудани молу мулки ба ҳабсгузоштааш ҳимоя менамояд. Судҳои ҷумҳурӣ ҳангоми баррасии ин қабил парвандаҳо қарорҳои Пленуми Суди Олии собиқ ИҶШС «Дар бораи татбиқи қонунгузорӣ ҳангоми аз ҷониби судҳо баррасӣ намудани парвандаҳо «Оид ба озод намудани амвол аз ҳабс (аз рӯйхат истисно намудан)» (№15 аз 31 марти соли 1978, бо тағйироту иловаҳо аз 12 майи соли 1990 , 30 ноябри соли 1990 ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 8 апрели соли 1983 бо тағйиротҳо аз 28 декабри соли 1989 ва 16 августи соли 1999) дар бораи рафти иҷрои қарори номбурдаи Пленуми собиқ ИҶШС  ба роҳбарӣ мегиранд.

Қисми 4 моддаи 46 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳаволакунанда мебошад. Вай ёдрас мекунад, ки асос ва тартиби муайян намудани масъулияти зану шавҳарро барои зарари расонидаи фарзандони ноболиғашон қонуни гражданӣ ба танзим медарорад. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 1088 «Масъулият барои зараре, ки ноболиғони то синни чордаҳсола расонидаанд», 1089 «Масъулият барои зараре, ки ноболиғони чордаҳсола то ҳаждаҳсола расонидаанд») чунин масъулияти зану шавҳарро муқаррар кардааст. Маълум аст, ки кӯдаки то чордаҳсола сарчашмаи даромад надорад ва зарари ӯ расондаро падару модараш ҷуброн менамояд. Аммо фарзандони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола ҳангоми доро будан ба даромади мустақил зарари расондаашонро худашон ҷуброн менамоянд. Дар ҳолати надоштани сарчашмаи даромад ё ин ки нарасидани даромади онҳо барои бартараф кардани зарар маблағи зарар аз ҳисоби молу мулки падару модар ҷуброн карда мешавад. Падару модар дар ҳолати мавҷуд будани гуноҳашон зарарро ҷуброн менамоянд. Зарар аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ва дар ҳолати камӣ кардани он аз ҳисоби моликияти алоҳидаи ба ҳар яки онҳо тааллуқдошта рӯёнида мешавад.

Ғайр аз масъулияти дар боло сабтшуда қонунгузории гражданӣ ҳолатҳои дигари масъулияти падару модарро барои зарари расонидаи фарзандони ноболиғашон муқаррар намудааст. Ин ҳолатҳо дар қонунгузории ҷумҳурӣ меъёри нав аст.

Мутобиқи моддаи 1090 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (масъулияти падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда барои зарари расонидаи ноболиғон) падар ё модари аз ҳуқуқи падару модар маҳрумшуда ҷуброни зарареро, ки фарзандони ноболиғи онҳо дар ҷараёни се сол баъди аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидани онҳо расонидаанд, агар рафтори кӯдаке, ки боиси расонидани зарар гардидааст, оқибати ба таври муносиб анҷом надодани уҳдадории тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар бошад, уҳдадоранд супоранд. Дар ин маврид гузоштани чунин масъулият ба зиммаи ҳамсарон ба салоҳияти суд дахл дорад.

Ҳамчунин суд метавонад ҷуброни зарарро ба зиммаи падару модар гузорад, агар зарар аз ҷониби фарзанди ноболиғашон, ки дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлӣ моҳияти амали худро дарк ё идора карда наметавонист, расонида шуда бошад.

Дар ин маврид қонунгузор як шарт муайян кардааст, ки падару модар ҳамон вақт масъулиятдор мебошанд, агар онҳо дар бораи чунин ҳолати фарзандашон огоҳ буданд, вале оид ба ғайри қобили амал эътироф шудан ва таъиноти васояти ӯ масъала нагузошта бошанд. Чунин талабот дар қисми 3 моддаи 1092 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

(Давом дорад)