Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№114 (3415) 26.08.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 49. Муқаррар намудани аслу насаби кӯдак

1. Аслу насаби кӯдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кӯдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.

2. Агар кӯдак аз шахсоне, ки бо ҳам ақди никоҳи ба қайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рӯзи пас аз қатъи ақди никоҳ ё беэътибор донистани ақди никоҳ ё вафоти шавҳари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) модар эътироф мегардад, ба шарте ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 ҳамин Кодекс).

3. Агар модар арз кунад, ки падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) ӯ нест, падари кӯдак мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.

4. Падар будани шахсе, ки бо модари кӯдак ақди никоҳ надорад, бо роҳи аз ҷониби падару модари кӯдак ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани ариза; дар сурати фавти модар, ғайри қобили амал эътироф гардидани ӯ, имконнопазирии муайян намудани маҳали будубоши модар ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудани ӯ бошад, дар асоси аризаи падари кӯдак, бо мувофиқаи мақоми васояту парасторӣ ва ҳангоми набудани чунин аҳднома бо ҳалномаи суд муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ пас аз таваллуди кӯдак ғайриимкон ё мушкил мебошад, падарӣ, модарӣ кӯдаки оянда, ки ақди никоҳ надоранд, ҳақ доранд ҳангоми ҳомиладории модар ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо чунин ариза муроҷиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кӯдак сурат мегирад.

5. Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоғат расида танҳо бо розигии ӯ ва агар ин шахс ғайри қобили амал дониста шавад, бо розигии васӣ ё мақоми васояту парастории ӯ мумкин аст.

Кодекси оила аз ҷониби модар пешниҳод намудани ду намуди далелҳоро марбут ба тасдиқи воқеияти таваллуди кӯдак дар назар дорад. Ба ин далелҳо маълумотномаи таваллудхона ё дигар муассисаи тиббӣ, ҳамчунин хулосаи духтур, духтури ёрии таъҷилии тиббӣ оид ба берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд шудани кӯдак ва гувоҳии шоҳидон дар бораи таваллуди кӯдак, дигар далелҳо дахл доранд. Воқеияти таваллуди кӯдак берун аз муассисаҳои тиббӣ бисёртар дар маҳаллаҳои дурдасти кӯҳӣ ҷой дорад. Дар ин маврид шахсони бевосита дар бораи таваллуди кӯдак маълумотдошта (доя, хешу табори наздик, ҳамсояҳо ва ғайра) гувоҳӣ медиҳанд. Ҳамин тавр, ҳуҷҷатҳои (далелҳои) зикргардида барои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос барои ба сабт гирифтани таваллуди кӯдак мегарданд.

Муқаррар намудани дигар ҳолатҳои вобаста ба воқеияти аз модар таваллуд шудани кӯдак бо роҳи судӣ муайян карда мешавад. Ин воқеиятро ба ғайр аз қонунгузории оилавӣ (моддаҳои 51-53 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) инчунин тартиби муроҷиат ва ҳаллу фасли судии ин масъаларо КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 269) муқаррар намудааст.

Ҳангоми пайдоиши кӯдак аз падару модари дар ақди никоҳи расмибуда шаҳодатномаи ақди никоҳ асоси ҳуқуқӣ барои ба сифати падар сабт намудани шавҳари модари ӯ (кӯдак) мебошад, агар ба шарте акси ин ҳолат исбот нашуда бошад. Барои ҳамин ҳам дар ҳолати ба ҳақиқати воқеӣ мувофиқат накардани навиштаҷот дар бораи кӯдак, мутобиқи талаботи моддаи 53 ҳамин Кодекс ин навиштаҷот ба тариқи судӣ мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.

Инчунин қонунгузор пешбинӣ кардааст, ки шавҳари бо зан дар ақди никоҳи расмӣ буда дар давоми сесад рӯзи пас аз қатъи ақди никоҳ ё беэътибор донистани ақди никоҳ ё вафоти ӯ (шавҳар) таваллуд ёфтани кӯдак эътироф карда мешавад. Ин муҳлат дар қонунгузории оилавии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 300 рӯз, дар Ҷумҳурии Беларус, Гурҷистон – 10 моҳ, дар Ҷумҳурии Қазоқистон – 270 рӯз муқаррар шудааст.  Ин муҳлати муқарраркардаи қонун ба давомнокии ҳомиладорӣ, ки аз нуқтаи назари тиббӣ исбот шудааст, асос ёфтааст. Дар ҳолатҳои номбурда таваллуд ёфтани кӯдак таваллуди ӯ, ба таври умумӣ барои кӯдаки дар ақди никоҳи расмӣ таваллудёфта муқарраршуда сабт мегардад. Дар таҷрибаи ҳаёт ҳолатҳое пайдо мешаванд, ки аз рӯи ақидаи модари кӯдак шавҳари (ё шавҳари собиқи) ӯ падари кӯдак набуда, шахси дигар падари ҳақиқии кӯдак мебошад. Ҳангоми мавҷудияти чунин ақида ва набудани ақди никоҳи расмӣ байни зану шавҳар, модари кӯдак ва шахсе, ки худро падари кӯдак мешуморад, дар асоси қисми 3 моддаи 49 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ доранд ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза дода, кӯдакро ба номи худашон сабт намояд. Агар кӯдак ба балоғат расида бошад, масъалаи зикргардида бо риояи шарти пешбининамудаи қисми 5 моддаи 49 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ҳимояи манфиатҳои қонунии кӯдак ба модари ӯ ҳуқуқ намедиҳад, ки дар мавриди мавҷуд будани ақди никоҳи расмӣ падари кӯдакро бо хоҳиши худаш маълум созад ё бо гуфтаи ӯ падари кӯдакро дар ҳуҷҷати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирад. Танҳо дар ҳолати надоштани ақди никоҳи расмӣ модари кӯдак ҳуқуқ дорад, ки падари кӯдакро номнавис намояд. Дар ин ҳолат падари кӯдак ҳуқуқи бо роҳи судӣ муқаррар кардани падарӣ ва баҳс намудани навиштаҷотро дорад.

Аз падару модари дар ақди никоҳ набуда фарзанди таваллудшуда дар асоси ба таври ихтиёрӣ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод кардани ариза аз ҷониби онҳо падару модар қайд карда мешаванд. Ба таври ихтиёрӣ муқаррар кардани падарӣ аз иродаи ҳам зан ва ҳам мард вобастагӣ дорад, яъне дар ҳалли мусбати ин масъала танҳо як иродаи падари кӯдак кифоя нест.  Барои ҳамин ҳам дар адабиёти ҳуқуқӣ ба ақидае, ки танҳо иродаи падар барои муқаррар кардани муносибатҳои ҳуқуқӣ бо кӯдак равона шудааст,  розӣ шудан мушкил аст. Танҳо дар мавриди бо ҳам мувофиқ омадани иродаи падару модар ба таври ихтиёрӣ падари кӯдак муқаррар мегардад. Дар акси ҳол, падарӣ бо роҳи судӣ ҳал мегардад. Аз ин рӯ, иродаи ҳар ду тараф якхела ҳалкунанда мебошад.

Иродаи зан дар мавридҳои пешбиникардаи қонун ба инобат гирифта намешавад ва муқаррар кардани падари кӯдак танҳо дар асоси аризаи падар анҷом дода мешавад. Қисми 4 моддаи тафсиршаванда чор ҳолатро пешбинӣ кардааст, ки дар асоси аризаи падар муқаррар кардани падари кӯдак имконпазир аст. Ин ҳолатҳо:

а) вафоти модар;

б) ғайри қобили амал эътироф гардидани модар;

в) имконнопазирии муайян намудани маҳали будубоши модар;

г) аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудани модари кӯдак.

Фавти модари кӯдак бо шаҳодатнома дар бораи фавт тасдиқ мегардад.

Аз рӯи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 30) танҳо суд бо ҳалномаи бо қувваи қонунӣ даромадаи худ шахсро метавонад ғайри қобили амал эътироф намояд ва ин шахс таҳти васоят қарор дода мешавад. Асоси ғайри қобили амал эътироф намудани бемории рӯҳӣ ё камақлии аҳамияти амали худро дарк ё онро идора накардани шахс мебошад. Дигар мақомот салоҳияти ғайриқобилии амал эътироф намудани шахсро надорад.

Имконпазирии муайян намудани маҳали будубоши модари кӯдак чунин маънӣ дорад, ки кӯшишҳои шахсе, ки хоҳиши падари кӯдак шуданро дорад ва мақомоти васоят ва парасторӣ оид ба пайдо кардани модари кӯдак, ҷои зисти ӯ ё ин ки гирифтани розигии модар барои ба расмият даровардани сабти кӯдак натиҷа надодааст. Одатан чунин модарон амалан аз кӯдаконашон даст кашида, ҷои зисти худро дидаю дониста пинҳон менамоянд. Номуайян будани маҳали будубоши модари кӯдак бо маълумотномаи мақомоти корҳои дохила оид ба дар маҳали сабти расмиаш муддати тӯлонӣ зиндагӣ надоштани ӯ исботи худро ёфтанаш мумкин аст.

Аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани шахс танҳо бо асосҳои дар қонун пешбинишуда (м. 69 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва бо тартиби муқарраркардаи қонуни мурофиаи гражданӣ анҷом дода мешавад. Аз ин сабаб модари кӯдак танҳо дар асоси ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум мегардад. Танҳо бо мавҷуд будани ҳалномаи суд дар ин бора барои шахси хоҳиши падари кӯдак шуданро дошта розигии модари кӯдак нолозим мебошад.

Дар ҳолати мавҷуд будани чор ҳолати зикргардида баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва роҳ надодан ба суиистеъмол аз ҷониби шахсе, ки хоҳиши падари кӯдак эълон кардани худро дорад, қонунгузор барои муқаррар кардани падарӣ ҳатман гирифтани розигии мақоми васояту парасториро пешбинӣ кардааст. Дар ҳолати набудани розигии мақоми васояту парасторӣ, муқаррар кардани падарӣ аз ҷониби мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият дароварда намешавад. Дар ин маврид баҳс ҷой дорад ва қонунгузор бо роҳи маъмурӣ ҳалли онро маҳдуд карда, танҳо бо роҳи судӣ ҳал кардани баҳсро муқаррар кардааст. Мақоми васояту парасторӣ ҳангоми шубҳа доштанаш розигии худро барои муқаррар кардани падарӣ намедиҳад. Чунин тартиби муайянкардаи қонунгузор, ба ақидаи А.М. Нечаева, ифодаи ғамхорӣ барои кӯдакон аст, чунки на ҳама вақт ба мақсади некӣ шахсоне, ки хоҳиши ба даст овардани мақоми падару модарро доранд, ноил гаштан мумкин аст.

Қонунгузор дар ҳолатҳои муайян барои зану шавҳари дар ақди никоҳи расмӣ набуда имконият медиҳад, ки то таваллуд шудани кӯдак дар давоми ҳомиладории модар ба мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ аризаи якҷоя дода, дар бораи падару модари кӯдаки оянда буданашон шаҳодат диҳанд. Дар таҷрибаи ҳаёт ҳолатҳои муайян аниқ мегарданд. Ба ин ҳолатҳо сафари тӯлонии хизматӣ, таҳсил дар донишкадаҳои хориҷи кишвар, хизмати ҳарбӣ, фаъолият намудан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва ғайра дахл дорад. Ҳолатҳои номбурда узрнок буда, ба падари кӯдак имконият намедиҳад, ки пас аз таваллуди кӯдак ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ба расмият даровардани ин воқеият ҳозир шавад. Дар қонун инчунин то таваллуди кӯдак пас гардонида гирифтани аризаи додашуда манъ нашудааст. Яъне, аризаи якҷояи зану шавҳар, ки ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ супорида шудааст, то таваллуди кӯдак ва сабти расмӣ аз ҷониби ҳар ду ё яке аз онҳо пас гардонида гирифта шуданаш мумкин аст. Пас аз таваллуд шудани кӯдак, ӯ дар китоби сабти санадҳои таваллуд ба қайд гирифта мешавад.

Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоғат расида, танҳо бо розигии ӯ имконпазир мебошад. Муқаррар кардани падарӣ барои шахси ба балоғат расида оқибатҳои ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Аввал ин ки муносибатҳои хешутаборӣ пайдо шуда, он ба ҳалли масъалаҳои амволии пайдошуда бетаъсир намемонад. Барои ҳамин ҳам қонунгузор ба розигии шахси ба синни балоғат расида мақоми ҳалкунанда додааст, яъне бе розигии ӯ муқаррар кардани падарӣ аз имкон берун аст.

Дар мавриди шахси ба синни балоғат расида аз ҷониби суд ғайри қобили амал дониста шуда бошад, муқаррар кардани падарӣ бо розигии васӣ ё мақоми васояту парастории ӯ мумкин аст. Азбаски шахси ғайри қобили амал донисташуда ба таври ҳақиқӣ манфиатҳои худро сарфаҳм рафта наметавонад, ӯро васӣ ё мақоми васояту парасторӣ намояндагӣ мекунанд. Онҳо тамоми он амалиётҳоеро дастгирӣ мекунанд, ки ба манфиати шахси таҳти парасторӣ буда равона шуда бошад. Агар муқаррар кардани падарӣ ба манфиатҳои шахси таҳти парасторӣ буда набошад, он гоҳ васӣ ё мақоми васояту парасторӣ ба ин амал розигии худро намедиҳанд. Пас, қонунгузор чунин тартибро баҳри таъмини кафолати ҳуқуқу манфиатҳои шахси ғайри қобили амал муқаррар кардааст.

(Давом дорад)